Муаррифӣ. Илм дар Тоҷикистон. Солнома
Нашр шуд 2020-12-16 16:08
Феҳристи китобномаи «Илми Тоҷикистон Солнома» монографияҳо, мақолаҳои дар матбуот ва маҷўаҳои силсилавӣ, маҷмўаҳо фишурдаи суханрониҳо ва маводи конфронсҳои илми дар кишвар ва хориҷи он ба чоп расонидаи олимони АИ ҶТ – ро дар соли 2017 фаро мегирад. Маводи феҳрист мувофиқи дастури роҳнамои «Муқаррароти сабти библиографӣ» дар феҳристҳои китобхонаҳои давлатӣ бар асоси Таснифоти умумии даҳрақама (ТДУ) ҷой дода шуда аст.
Маводи феҳрист дар дохили фаслҳои таснифотӣ ба тартиби алифбоии ному насаби муаллифон ва унвони китобу мақолаҳо мураттаб гардидааст. Тавсифи ҳар маъхаз ба забони аслии мавод оварда шудааст.
Сабти библиографӣ мутобиқи ГОСТ. 7 - 1. 2003. «Сабти библиографӣ. Талаботи умумӣ ва қоидаҳои мураттабсозӣ» таҳия шудааст.
Тавсифи баъзе китобҳо ва мақолаҳои маҷалаву рўзномаҳо, дар сурате, ки унвони онҳо муҳтавояшонро пурра ифода намекунад ва зарурати онҳоро дар фаслбандиҳои доҳилӣ ҷойгир намудан ба вуҷуд омада бошад, бар онҳо шарҳи мухтасар(аннотатсия) нигошта шудааст.
Теъдоди нусхаҳои маводи чопии ҳатмии ба Китобхонаи марказии илмии ба номи И. Гандии АИ ҶИ воридшуда ва феҳристи осори дар манобеи расмӣ ба нашррасидаи олимони АИ ҶТ фаъолияти илмии муассисаҳои АИ ҶТ – ро дар соли 2017 комилан инъикос намудааст.
Дар охири силсила феҳристҳои ёрирасони унвонҳо ва номи ашхос ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шудааст.
Таҳияи Мавзуна Назарова