Дар Маркази такмили ихтисоси Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” давраи дувуми омӯзишии мутахассисони навомўз аз рўйи барномаи “Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ” дар ҳаҷми 36 соат ҷамбаст гардид. Натиҷаи ин омўзиш таълими асосҳои дониши касбӣ барои шунавандагон муносиб гардонидани раванди омўзиши
Маҷмўаи сеюми «Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон» бахшида ба масоили назарӣ, илмӣ, методӣ ва амалии библиографияи давлатӣ ва миллӣ натиҷаи таҳқиқотҳои илмию амалии солҳои охири олимону мутахассисони ҳирфаиро дар саҳафоти хеш инъикос намудааст. Мусанниф кӯшиш ба харҷ додааст, ки мақолоти инъикоснамояндаи самтҳои гуногуни таъриху вазъ ва фаъолияти муосири библиографияи давлатиро, ки аз назари илмӣ арзишманд арзёбӣ мегарданд, интихоб ва дар маҷмўа ҷой диҳад. Маҷмўа ба муҳаққиқону мутахассисон, омӯзгорону донишҷўёни соҳаи библиографияшиносӣ ва эҳтиёҷмандони касбу кори гуногун пешбинӣ мегардад.
Дар миёни китобдўстони бузурги Бағдод, халифа Ҳорунаррашид (766 – 809) мақоми хосе дорад. Ў дар дарбори хеш мутарҷимонро гирд овард, то осори нависандагони Юнони қадимро барояш тарҷума кунад. Фарзанди ў Маъмун, ки дар солҳои 813 то 832 ҳукумат мекард, академияи маъруфи «Байт – ул –ҳикма» -ро таъсис кард, ки дорои як расадхона ва як китобхонаи бузург буд.
Китоб ва китобхонаҳо
Бо омақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда мешавад, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 5 толори махсус ба ҳар як наминатсия омода карда шуд.
Дар ин маҷмўа мақола ва маърўзаҳои устодони МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки перомуни хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, барқарории сулҳ ваҳдати миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун ва санъати миллии тоҷикон, арзиш ва ҷойгоҳи забони тоҷикӣ, низоми маориф ва таълиму тарбия, густариши соҳаи сайёҳӣ, ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва таҳқими сиёсати давлатии ҷавонон таълиф гардидаанд, гирд оварда шудааст. Дар пешгуфтор мураттибон навиштаанд,