Профессор С. Сулаймонӣ: Мавқеъ ва ҷойгоҳи китобхонаҳои давраи исломӣ дар рушди илм. Бахши охир

Дар миёни китобдўстони бузурги Бағдод, халифа Ҳорунаррашид (766 – 809) мақоми хосе дорад. Ў дар дарбори хеш мутарҷимонро гирд овард, то осори нависандагони Юнони қадимро барояш тарҷума кунад. Фарзанди ў Маъмун, ки дар солҳои 813 то 832 ҳукумат мекард, академияи маъруфи «Байт – ул –ҳикма» -ро таъсис кард, ки дорои як расадхона ва як китобхонаи бузург буд.

Китоб ва китобхонаҳо

Дар муқоиса ба бисёре аз марказҳои фарҳангии ҷаҳони ислом Бағдод ва на як шаҳри қадимӣ, балки як шаҳри навбунёде аст, ки дар садаи VIII сохта шудааст. Мусалмонон худ Бағдодро дар маркази қаламрав ва паҳноварии хеш, ки чорроҳаи бозаргони буд, бино карданд. Ин яке аз шаҳрҳои  бузургтарини фарҳангии ҷаҳони ислом ба шумор мерафт. Аз оғозӣ садаи IХ то суқути Бағдод ба дасти муғулҳо дар соли 1258 тавлиди китоб дар ин шаҳр ба гунаи бемонанд дар он замон рушд кард. Халифаҳо шахсан ба китоб шавқу алоқа нишон медоданд ва ба он эҳтиром меварзиданд. Донишмандонро ба фарогирии улум ва нависандагонро ба навиштани китоб ташвиқ мекарданд.

Онон ҳамчунон ба гирдоварии тарҷума ва баррасии осори нависандагони кўҳани Юнон башиддат ташвиқ менамуданд. Инчунин буд, ки шумораи фаровоне аз нуcхабардорон, мутарҷимон, саҳҳофон, китобороён ва донишварон дар тавлиди китоб, тарҷума ва шарҳи матнҳои гуногун ширкат меварзиданд. Кўшишҳои онҳо дар роҳи гирдоварии китобҳои нависандагони классики Юнон ҷойгоҳи муҳиме дорад, зеро ба баракати тарҷумаҳо шумораи зиёди китобҳо ба дасти мо расидааст.

Бағдод танҳо осори нависандагони Юнониро фароҳам намеоварад, балки навиштаҳои нависандагони кишварҳои ҳамсоя, монанди Ҳинд ва ғайраро низ ба ин шаҳр мерасид. Дар чунин шароити табиӣ хеле зуд ибтидои китобхонаҳои шахсӣ ва сипас китобхонаи кохҳо, хонадони вазирон ва донишмандон ба халифон тақлид мекарданд. Дар масҷидҳои ҷомеъ ва мадрасаҳои динӣ низ китобхонаҳо рўз ба рўз пеш гирифтанд. Бештар китобҳое, ки дар он замон дар китобхонаҳо нигоҳдорӣ мешуданд, мазмунан динӣ буда, дар ин миён нусхаҳои Қуръон бо хатти зебо ва ҷилдҳои нафис ҷойгоҳи хоса доштанд. Дар канори онҳо китобҳои нуҷум, таърих, тиб, риёзиёт, ҳуқуқ ва дигар илмҳо инчунин китобҳои адабӣ низ мавҷуд буданд. Дар китобхонаҳо донишмандон бештар китобҳоеро меёбем, ки ҳар рўз ба онҳо муроҷиат ва дар таҳияи таълифот истифода мекарданд. Бисёр соҳибони китобхонаҳои шахси китобхонаҳои худро китобхонаҳои умумӣ мекарданд ва ин гувоҳи истифодаи дигарон аз ин китобхонаҳост. Дар ин ҷо як истисно вуҷуд дорад ва он нависандаи маъруф ба Абуҳаёни Тавҳидӣ (қарни 1Х) аст, ки бо дархости ў китобхонаашро сохтаанд ва барои ҳамшаҳриёнаш боқӣ нагузоштанд, зеро мўътақид буд, ки онон тавони фаҳми навиштаҳои ўро надоранд. Ҳамчунин китобхонаҳои Искандария ва дигар китобхонаҳои қадимӣ, дар китобхонаҳои бузурги Бағдод низ донишмандон ва шахсони соҳибтаҳсил гирд меомаданд ва дар мавзўоти мухталифи илмӣ мубоҳиса мекарданд ва ба матнҳои адабӣ гўш фаро медоданд. Дар Бағдод инчунин барои ин китобхонаҳо шахсони соҳибтаҳсил мавқеи болои иҷтимоӣ дошта, таъин мешуданд.

Дар миёни китобдўстони бузурги Бағдод, халифа Ҳорунаррашид (766 – 809) мақоми хосе дорад. Ў дар дарбори хеш мутарҷимонро гирд овард, то осори нависандагони Юнони қадимро барояш тарҷума кунад. Фарзанди ў Маъмун, ки дар солҳои 813 то 832 ҳукумат мекард, академияи маъруфи «Байт – ул –ҳикма» -ро таъсис кард, ки дорои як расадхона ва як китобхонаи бузург буд.

Донишмандон, мутарҷимон ва хушнависони номии он аз ғарбу Ҳинд, Ирону дигар кишварҳо дар ин академия кор мекарданд. Маъмун донишмандонро ба баррасии фалсафаи Юнон ва тарҷумаи китобҳо аз юнонӣ, суриёнӣ, санскрит ва форсӣ ба забони арабӣ ташвиқ мекард.

Маъмун намояндагони худро дар ҷустуҷўи дастнависҳои кўҳани юнонӣ ба кишварҳои Ховари Миёна мефиристод. Ҳатто барои ба даст овардани бархе дастнависҳои юнонӣ, ҳайате назди императори Византия Луи панҷум фиристод. Ин маъмурият дар Қустантания  (Константинопол) натиҷаҳои мусбате ба бор овард, зеро ҳайат бо китобҳои фаровоне дар заминаҳои мухталифи илмӣ баргашт. Ба тавре, ки Маъмунро водошт, то аз мутарҷимон бихоҳад ҳарчи зудтар ин китобҳо арабӣ тарҷума шавад. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳо, ки албатта бояд бо андаке эҳтиёт ба онҳо нигоҳ кунем, китобхонаи Маъмун дар замони хилофати он чунон густариш ёфт, ки як миллион нусхаи хаттӣ дошт. Хулафо пас аз Маъмун «Байт- ул – ҳикма» -ро ёрӣ расониданд, то ҷое, ки китобхонаи он ганҷинаи бузургеро гирд овард, аммо мутаасифона муғулҳо ҳангоми истилои Бағдод ба соли 1258 ин китобхонаро оташ заданд.

Дар канори» Байт - ул – ҳикматҳо» китобхонаҳои дигар низ дар Бағдод вуҷуд дошт ва яке аз онҳо китобхонае буд, ки Сабр ибни Ардашер онро дар поёнии қарни Х таъсис кард. Китобхонаи ёдшуда, ба далели маҷмўаи он дар муосирон шўҳрати махсусро доро буд. Ёқути Ҳамавӣ дар миёни қарни Х111 пиромуни ин китобхона менависад: «Дар саросари ҷаҳон китобҳое ба зебоии китобҳои ин китобхона вуҷуд надорадКитобхонаи мадрасаҳо алалхусус китобхонаҳое, ки халифа Мустансир солҳои 1232-1233 дар як сохтмони бошукўҳе доир кард, пур аз китоб буданд. Донишҷўёне, ки моил ба китобхонӣ буданд, коғаз ва қаламро бе пул мегирифтанд, то китобҳои дилхоҳи худро нусхабардорӣ кунанд».

Ғайри китобхонаҳо умумӣ китобхонаҳои шахсии фаровоне дар Бағдод буд, ки баъзе аз онҳо китобҳои арзандае доштанд. Аз ин миён онҳо китобхонаи муаррих Воҳидӣ (вафот  822) – ро низ ном мебарем, ки дорои 600 сандуқ китоб буд.

Дар ҷаҳони ислом на танҳо дар Бағдод, балки дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Марв, Басра, Димишқ ва ғайра китобхонаҳои бузург ва фаровоне ба вуҷуд омаданд. Нависандагони мусалмон иттилооти зиёде аз ин китобхонаҳо барои мо боқӣ гузоштаанд.

Ба ҳамин тариқ китобхонаҳое, ки дар Миср доир шуданд, аз кулли китобхонаҳои ҷаҳони ислом бузургтар ва боаҳамияттар буданд. Дар Қоҳира Фотимиён (969 – 1171) дар заминаи пешрафти фарҳангӣ ҳамон нақши мусбатеро ифо карданд, ки Аббосиён дар Бағдод қабл аз қудрат ёфтани хонадони фотимӣ дар Миср, мусалмонон таваҷҷўҳе дар нигориш ва китобу китобхонаҳо надоштанд. Солҳои баъд ин ривоят маъмул шуд, ки мусалмонон ҳангоми фатҳи Искандария соли 642 китобхонаҳои маъруфи онро сўзониданд. Дар пояи ин ривоят ҳамомҳои Искандария муддате чаҳор моҳ маводи сўхтор китобҳои ин китобхона таъмин мекарданд, аммо имрўз ин ривоят боиси гумон аст.

Дар асри Фотимиён пойтахти ҷадиди Миср (Қоҳира) маркази бузурги фарҳанги онвақтаи ҷаҳони ислом буд. Дар он айём халифа Ал – азиз – Боло (975 – 996) китобхонаи маъруфи худро дар кохаш бино ниҳод. Китобхонае, ки тибқи бархе  манобеъ 200 ҳазор ва бар пояи бархе аз манобеъ 600 ҳазор нусхаи хаттӣ дошт. Шояд дар ин манобеъи андаке барзиёд гуфта шуда бошад, аммо ҳеҷ тардиде нест, ки он як китобхонаи азиме будаст. Китобхона дорои 40 бахш буд. Бинандагонро ин китобхона дар ҳайрат мемондааст, имрўз медонем, ки дар ин китобхона 240 нусха аз Қуръон, ки бар гунаи нафис зиннат ва ҷилд шуда буд ва низ 188 нусхаи хаттӣ пиромуни улуми қадима вуҷуд доштааст. Бахше аз ин китобхона академияи Дорулҳикма, ки халифа Ал – Ҳоким Боамруллоҳ онро дар соли 1005 ба сабки Байтулҳикмаи Бағдод таъсис кард, интиқол ёфт.

Дорулҳикмаи Қоҳира низ ба гирдиҳамоии донишмандон табдил шуд ва китобхонаи он ба донишмандон мутарҷимон ва алоқамандон имкон медод, ки ба китобҳои мавриди ниёзи худ дар кули шохаҳои илмӣ даст ёбад. Вуруд ба китобхонаи Дорулҳикма барои ҳамагон озод буд ва коғазу қалам ва ранг ба ройгон дар ихтиёри мутолиакунандагон гузошта мешуд.

Хушнависоне буданд, ки корашон нучхабардории китобҳо ва зиёд намудани онҳо буд, бештари китобҳои ин китобхона бо корвон аз шаҳрҳои дигар мерасид.

Паёми давраи Фотимиён оғози фурўпошии китобхонаҳои бузург дар Қоҳира буд. Оташсўзӣ ва бетаваҷҷўҳӣ боиси нобудии бахши азими сарвати китобхонаҳо шуд. Баъзе китобхонаҳоро халифаҳои китобдўсти фотимӣ бо ҳиммат ва сарвати зиёде ташкил карданд.

Албатта, ин мавзўъ маънои поёнии таваҷҷўҳ ба китоб ва ба сар омадани ҳаёти китобхонаи Мисрро надорад. Гарчи фармонравоёни асри Мамолик (1250 – 1517) натавонистанд аҳамияти фарҳангии Мисрро дар асри Фотимиён ба он боз гардонанд. Баъзе аз онҳо саъй карданд, ки илму ҳунарҳоро ҳимоят кунанд, шавқи нусхабардории китобҳоро дар ҷони мардум барангезанд ва дар роҳи таъсис ва тавсеаи китобхонаҳо кўмак расонанд. Илова бар ин, дар он замон донишмандон китобхонаҳои шахсӣ ташкил доданд, ки ин худ нишон аз пешрафти тавлиди китоб дар он рўзгор дорад. Масалан, китобхонаи шахсии Ибни Ҷобир (вафот 1325) 6 ҳазор нусха хаттӣ доштааст.

Тарҷумаи китобҳо дар он замон барои фарҳанги Аврупо аҳамияти фаровоне дошт. Бештари китобҳои илмӣ ва фалсафаи юнонӣ ба арабӣ тарҷума шудаанд, ки баъдҳо аврупоиҳо аз тариқӣ ҳамин тарҷумаҳои арабӣ ва форсӣ ба ин китобҳо ошно мешаванд.

Китобҳои марҷаъ ( маълумотномаҳо )

Дар даврони шукуфоии азим тавлиди китоб дар ҷаҳони ислом, яъне замоне, ки чандгонагии маркази фарҳангии исломӣ мушкилоти ҷиддӣ пиромуни пахши иттилоот марбут ба дастовардҳои илмӣ матраҳ мекард ва иттилооте, ки дар дарбори халифа ё мадрасаҳо шунида мешуд, дигар кофӣ набуд, ниёз ба таҳияи китобҳои марҷаъ пайдо шуд. Унвони китобҳое зиёд ё худ мусалмонон навишта ва ё аз забонҳои дигар, монанди юнонӣ, суриёнӣ, ва ҳиндӣ тарҷума карда буданд, сабт ва мураттабиро талаб мекард. Ҳамчунин, мебоист иттилоот ба нависандагони китобҳо ва мўҳтавои онҳо фароҳам ояд.

Саромади ин амал Ибни Надим мебошад. Он дар Бағдод ба дунё омада ва дар Қустантания зистааст. Дар соли 987 китоби нодири худ «Ал – феҳрист» - ро нигош ва дар он тамоми навиштаҳои арабӣ тарҷума шуда буд, овард Ибни Надим дар дебочаи ин китоб ҳадаф аз иқдоми худро ошкор тавзеҳ медиҳад. «Ин феҳрист аст аз кутуби ҳамаи миллатҳо аз араб ва аҷам, ки дар риштаҳои гуногуни илмӣ ба забон ва хомаи арабҳо навишта шуда ва мавҷуданд, бо тарихчае аз мусаннифон ва табаққоти муаллифони онҳо, нисбати эшон таълифоташон, андозаи умрашон, замони маргашон, зодгоҳашон ва маҳосину маоибашон, аз огоҳии пайдоиши илме то рўзгори мо». Ҷолиби таваҷҷуҳ он, ки Ибни Надим аз китобдўстони он рўзгор ва китобхонаҳои онон ва ҳатто ба ҷойҳои гузаштаи китобҳо иттилооте ба даст медиҳад.

Баъдтар дар садаи Х1 китобҳои ба он монанд ба нигориш даромаданд, аммо ягонтои он ба пояи «Ал – феҳрист» намерасад. Аз миёни ин китобҳо бояд феҳристи Тўсӣ (955 – 1067) ном барем, ки дар он 900 китоб дар тамоми заминаҳои илмӣ, адабӣ ва ғайра зикр шудааст. Ин гуна китобҳои шарҳиҳолӣ хеле зиёд буданд.Дар рўзгоре, ки тавлиди китоб дар дунёи ислом ба сатҳи бисёр болое расида буд ва фарҳанги исломӣ дигар дар ин марказ маҳдуд набуд, огоҳӣ аз китобҳои саросари кишвари исломӣ бо душворӣ рў ба рў намешуд ва китобҳои шарҳиҳоли аҳамияти басо зиёде доштанд.

                            Ба ҷои хулоса метавон чунин ибрози назар кард:

  1. Дар замони хулафои араб фазои иттилоотии ягона вуҷуд дошта, китобхонаҳо ба унвони қонуни фарҳангию илмӣ ва марказӣ таблиғотии исломӣ мавриди иноят қарор гирифтаанд.
  2. Дар ин замон афкору андешаҳо пиромуни китобхонашиносӣ ба амал омада, ҳамчун як равияи нави илмӣ арзи вуҷуд кард.

     (Поён)

Бознашр аз китоби «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон» (Китоби 4). Душанбе, 2013.

ВА БОЗ:

Аввали матлаб: Мавқеъ ва ҷойгоҳи китобхонаҳои давраи исломӣ дар рушди илм. Бахши аввал

Идома: Мавқеъ ва ҷойгоҳи китобхонаҳои давраи исломӣ дар рушди илм. Бахши 2

Таҳияи Мавзуна Назарова

сармутахассиси Маркази такмили ихтисос. 

Барчаспҳо: