Шасти камолоти ҳамкори мо
Юлчибой Мусоев-ҳамкори мо аз Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ рӯзи 25-уми июн ба синни мубораки 60 қадам мегузоранд. Як инсони хеле самимиву хоксор, донандаи хуби фаъолияти китобдорӣ, шахси ҳамеша ҳозир ба кумаки ёрону ҳамкорон. Матлаби зер ба қалами собиқадори Китобхонаи миллист, ки Юлчибой Мусоевро солҳои сол мешиносад. Ва чун ин навишта ворид шуд, аз он ҳарфе кам накардем.
ТАШАББУСКОРУ МАСЪУЛИЯТШИНОСИ ФАРҲАНГ
Дар ҷомеаи имрўзаи тоҷик ба нудрат бо шахсиятҳое рўбарў мегардед, ки дар ҷодаи фарҳанг масъулиятро мақсаду мароми хеш қарор дода, бо ташаббусҳои некашон мақбули ҳамагону пешравии соҳаи фарҳанг гаштаанд ва пайваста дар ин самт талош меварзанд. Яке аз чунин шахсиятҳо Юлчибой Норбоевич Мўсоев мебошад, ки солиёни зиёд дар муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ ва таълимии кишвари азизамон хизмати босазо анҷом медиҳад. Ў пеш аз ҳама соҳибкасб аст ва дар ҷодаи фарҳанг таълим гирифта, таҷриба андўхтааст. Дар фаъолияти корӣ эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ дошта, агар кореро пеш гирад, ба анҷом мерасонад, албатта ба ваъдааш вафо мекунад. Шахси хеле ғамхору корбудкун мебошад ва доимо ба ҳамкоронаш мадади амалии худро мерасонад.
Юлчибой Мусоев таълимгирифтаи муассисаҳои таълимии бонуфуз – Омўзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатии воқеъ дар ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Ҷ. Буйдоқови ноҳияи Рўдакӣ), солҳои 1976-1979 ва Донишкадаи давлатии маданияти шаҳри Москва (ҳоло Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари Федератсияи Россия), солҳои 1982-1986 мебошад.
Фаъолияти кории худро ў ба ҳайси методисти Китобхонаи марказии ноҳияи Ленин (1980-1982) оғоз намуда, ҳамзамон ба донишҷўёни Омўзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатӣ аз фанни воситаҳои техникии ҳисоббарорӣ дарс гуфтааст. Ў соли 1985-ум дар барқарорсозии иншоотҳои давлатӣ ва хонаҳои хусусии дар натиҷаи заминларза валангоргардидаи шаҳри Қайроқум ва Хуҷанд ихтиёран бо ҳамроҳии отряди “Дўсти халқҳо”-и таъсисдодаи Кумитаи марказии комсомол хисагузорӣ намудааст. Пас аз таҳсил дар Донишгоҳи давлатии маданияти шаҳри Москва бо ихтсоси ташкилотчии корҳои маданӣ-маърифатӣ ба ҳайси омўзгори Омўзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатӣ ва ҳамзамон дар вазифаи директори Хонаи фарҳанги совхози “Ҳосилот”-и ноҳияи Ленин (ҳоло Рўдакӣ) фаъолият намудааст.
Юлчибой Мусоев фаъолияти ташкилотчигию ташаббускории худро дар вақти фаъолияташ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) баръало нишон дод ва аз оғози кушодашавии Китобхонаи мазкур сараввал дар шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ва аз аввали соли 2014 дар Маркази такмили ихтисоси китобдорони КМТ ба ҳайси муовини сардор фаъолият карда истодааст. Дар давраи фаъолияташ ў ба пуррагӣ ба кор дода шуда, нозукиҳои касбро азхуд намуд ва қобилияти худро сайқал дод. Пайваста ба такмил додани касбаш машғул шуда, бо маводи тозанашри соҳа ошно гашт ва дар натиҷаи он дар матбуоти даврии кишвар ва берун аз он, аз ҷумла 28 мақола дар сомонаи КМТ, 11 мақола дар саҳифаҳои рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ, 4 мақола дар саҳифаҳои маҷаллаҳои Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё (БАЕ) ва «Библиотечное дело» интишор намуд.
Дар навбати худ ў дар ҷодаи таҳияи дастурҳои услубӣ саҳм гузошта, таҳти унвони «Созмондиҳии маҳфилҳои адабӣ дар китобхонаҳо» матолиби хонданбоб таҳия ва иттишор намуд. Дар рафти кораш ў дар ташкил ва баргузории тадорукоти гуногуни оммавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ба монанди шабҳои адабӣ-мусиқӣ бахшида ба Ҳофизи Шерозӣ таҳти унвони «Шабе бо Ҳофиз», шоҳномахонӣ, шаби эҷодии адибони маъруф Кароматуллоҳи Мирзо, Аскар Ҳаким ва намоишҳои рассомони ҷумҳурии «Дида ба дида» ва «Наврўз-2014» саҳм гузошт, ки дар телевизиони Нексвани Европа ба навор гирифта шуд. Вай дар баргузории семинару курсҳо ва семинар-тренингҳои кормандони китобхонаҳо иштирок ва баромад мекунад, дар конфронсҳо низ ҳиссагузор аст. Бо ин мақсад ў ба китобхонаҳои минтақаи Кўлоб, вилояти Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи марказ сафарҳои хизматӣ анҷом дода, ба китобдорон кўмаку тавсияҳояшро мерасонад.
Юлчибой Мусоев дар намоиши китоби байналмиллалии «Русияи муосир чӣ мехонад», ки аз 12 то 16 январи соли 2016 дар КМТ бо ҳамкории Китобхонаи миллии Россия ва Фонди ҳамкории шаҳри Москва гузашт, бевосита саҳмгузор мебошад. Дар мавриди ободонию кабудизоркунӣ ва дарахту гул шинонидан дар боғу атрофи Китобхонаи миллӣ Юлчибой Мусоев ҳамчун шахси таҷрибадор роҳбалади воқеии кормандон мебошад.
Ин аст порае аз кору фаъолияти ин марди меҳнатдўсту масъулиятшинос дар як муассисаи фарҳангӣ – Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Маркази такмили ихтисоси КМТ дар муҳлати панҷ соли охири фаъолияташ беш аз 800 нафар шунавандагонро ба курсҳои бозомўзии «Истифодабарии технологияи муосири иттилоотӣ», «Библиографияшиносӣ», «Китобхонашиносӣ», «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» сафарбар карда, бо «Сертификат»-ҳо сарфароз гардонид. Ширкати фаъолона дар конфронсу семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмию маърифатӣ ҳамеша мақсад ва ҳадафи кормандони Марказ маҳсуб меёбад. Кормандони Марказ дар ин муддат беш аз 20 семинар- машваратҳои сайёр ва курсҳои бозомўзии кормандони китобхонаҳоро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Хатлон, Суғд ва тобеи марказ баргузор кард.
Ҳамкории Марказ бо муассисаҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳои ИДМ ва хориҷӣ кишвар бо мақсади омўхтани таҷрибаи пешқадами китобхонаҳо бамаврид буда, зиёда аз 20 нафар кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Корея, Чин, Қазоқистон, Белорус ва Эрон фиристода шуданд, ки ин боиси ифтихор аст ва дар ин кор саҳми Юлчибой Мўсоев низ хеле назаррас мебошад.
Ин марди ташаббускор на фақат дар рушди муассисаҳои фарҳангӣ, балки дар бунёди иншоотҳои фарҳангию саноатӣ ва маъмурию истиқоматии мамлакат саҳми муносиб гузоштааст. Вай солҳои 1991-2012 аз мутахассиси одӣ то ба ҳайси директори генералии Ширкати Тоҷиксохтмони «Манбаъ» (баъдан ҶСК «Захира»)-и Вазорати сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъминоти масолеҳи сохтмонии муассисаву ташкилотҳои сохтмонии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Хатлону Суғд адои хизмат кардааст.
Ў барои корҳои беназираш дар тарбияи мутахассисони соҳаи китобдорӣ аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо Иифтихорномаю Сипоснома, Сипосномаҳои Китобхонаи давлатии Федератсияи Русия ва Фонди маърифатию фарҳангии «Содействие» қадр карда шудааст.
Ба истиқболи Рўзи китоб соли 2018-ум бошад Юлчибой Мўсоев бо нишони сарисинагии «Аълочии фарҳаги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардида шуд.
Ўдар байни коллективи кормандони Маркази такмили ихтисоси КМТ ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ обурў ва эътибори беҳамто дошта, ҳамчун шахси ташаббускору ташкилотчӣ ва масъулиятшинос ном бароварда аст, зеро ў дар ҳама чорабиниҳои КМТва берун аз он фаъолона ҳисса мегузораду барои ҳамкасбони ҷавонаш мураббӣ мебошад. Дар ин ҷода ба вай комёбиҳои беназир орзумандем.
Қобилияти ташаббускорӣ ва масъулиятшиносиро дар ҷодаи фарҳанг фақат шахсоне ба монанди Юлчибой Норбоевич Мўсоев роҳандозӣ карда метавонанд, ки худ дониши кофии касбӣ, маърифати баланди инсонӣ ва фарҳанги волои худодод доранду касбу корашонро дўст медоранд ва ба ҳамкасбон мададгору кўмакрасонанд. Бигзор теъдоди чунин шахсон дар муассисаҳои фарҳангӣ – китобхонаҳои мамлакат зиёд гардад ва боиси комёбиҳо гардад.
Ҷурабой Раҷабов, собиқадори КМТ,
Аълочии фарҳанг, маориф ва матбуоти
Ҷумхурии Тоҷикистон.