Нақш ва мақоми Маркази такмили ихтисос дар бозомўзии китобдорон

Яке аз омилҳои калидии боло бурдани маҳорати касбии китобдорон ва тарғибу татбиқи усулҳои босифату навгонии таълим ва технологияи муосир баланд бардоштани сифати таълим дар курсҳои бозомўзии Маркази такмили ихтисос маҳсуб меёбад.

Ҳадаф ва вазифаҳои Маркази такмили ихтисос дар ташкил ва таҳия намудани мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо, масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи китобдорӣ ва такмили сатҳи дониши касбии кормандони китобхонаи муосир мебошад, ки ба мутахассисони рақобатпазире ниёз дорад ва дар баробари донишҳои вижаикитобдорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Дар шароити имрўза бо ба назар гирифтани пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир ва сифати таҳсили системаи омўзиши такмили ихтисос имкон медиҳад, ки китобдори имрўза бо истифодаи навгониҳои технологияи иттилоотӣ- коммуникиатсионӣ ва шаклҳои нави хизматрасонӣ ба хонандагон хубтар хизмат мерасонад. Яке аз омилҳои калидии баландбардории маҳорати касбии китобдорон ва тарғибу татбиқи усулҳои босифату навгонии таълим ва технологияи муосир баланд бардоштани сифати таълим дар курсҳои бозомўзии Маркази такмили ихтисос маҳсуб меёбад.

Марказ дар самти ташкили курсҳои кўтоҳмуддати такмили ихтисос барои кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар КМТ доир ба масоили омўзиши таҳлили таҷрибаи муфиди китобдорӣ аҳамияти махсус медиҳад. Аз ин ҷост, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” қабул карда шудааст, ки  самтҳои асосии рушди фаъолияти китобдориро муайян менамояд. Зеро китобхонаҳо дар ҳама давру замон ва таърихи ташаккули худ нерӯи пешбарандаи ҷомеаи мутамаддин ва соҳибмаърифат ба шумор мераванд ва дар ин росто нақши такмили ихтисос боз ҳам муҳимтар арзёбӣ мегардад. Аз ин рў, баланд бардоштани сифати курсҳои такмили ихтисос дар шароити имрўза вазифаи муҳим мебошад.

Бояд қайд намуд, ки сифату самаранокии курсҳои такмили ихтисос аз нишондиҳандаҳои ба шумор меравад, зеро такмили маҳорати касбии китобдор, ки омили муайянкунандаи беҳтар намудани сифати таълим аст, аз сифату самаранокии курсҳои такмили ихтисос пурра вобаста мебошад.

Бо дарназардошти ин масъалаи мубрам дар Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи китобдорӣ бо касби таҷрибаи китобхонаҳои кишварҳои пешрафта ҷиҳати баланд намудани сифати курсҳои такмили ихтисос якчанд навгониҳо ба вуҷуд оварда шудаанд:

  • муҷаҳҳаз намудани утоқи таълимии Марказ бо тахтаҳои электронӣ ва баргузор намудани машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос тавассути истифодаи васеи технологияи китобдорӣ-иттилоотӣ ва китобхонаи электронӣ;
  • пешниҳоди фикру андешаҳо аз ҷониби шунавандагони курсҳои такмили ихтисос бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии шунавандагон ва омўзишу тарғиби таҷрибаи пешқадами соҳаи китобдорӣ.

Имрўз яке аз масъалаҳои дигаре, ки садди роҳи омӯзишҳо мегардад, ба тариқи ғайриихтисос кор кардани мутахассисон дар китобхонаҳои оммавӣ-давлатӣ мебошад. Бо ин мақсад ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани бозомўзии китобдорон нақши Маркази такмили ихтисос басо бузург мебошад.

Ин аст, ки баҳри пешрафти фаъолияти кори Марказ  се  барнома: Барномаи таҳсилоти иловагии касбӣ «Фаъолияти китобдорӣ ва иттилоотӣ» Модули вариативӣ «Такмили ихтисоси китобдорон» барои мутахассисон (72 соат); Барномаи таълимӣ  «Такмили ихтисоси китобдорон» барои роҳбарони китобхонаҳо «Фаъолияти китобдорӣ ва иттилоотӣ» Модули тахассусӣ «Такмили ихтисоси китобдорон» барои роҳбарон (72 соат); Барномаи таҳсилоти иловагии касбӣ «Фаъолияти китобдорӣ ва иттилоотӣ» Модули вариативӣ «Такмили ихтисоси китобдорони навомўз» (72 соат) ва дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографии чопӣ омода гардидааст.

М.Каримов,
Сардори Маркази
такмили ихтисос

Барчаспҳо: