Сомонаи китобхонаҳои миллии кишваҳои узви Созмони ҳамкориҳои иҷтисодӣ (СҲИ) бо гузашти ду моҳи дигар комилан фаъол мешавад. Дар ин бора дар дуюмин рӯзи чорумин нишасти сарварони Китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ иттилоъ дода шуд. Гуфта шуд, ки ин сомона ҳоло омода аст, вале ба ду моҳи дигар ниёз дорад, то ба пуррагӣ ва бо ҳама зарфиятҳои худ ба кор дарояд.
Сомонаи мазкур дар қадами аввал бо ду забон: инглисӣ
Ҳамчуноне иттилоъ додем, чорумин нишасти сарварони Китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ба шоми дирӯз ба кори худ поён дод. Аммо имрӯз ҳам гуруҳе аз меҳмонон бори дигар ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва холӣ аз ҷаласоту чорабиниҳои ташрифотӣ аз Китобхона дидан карданд, бо имконоту зарфиятҳои он шинос шуданд. Вориди толорҳои хониш, осорхонаи дастхатҳои нодир
Миқдори мероси бадеии Савдо ҳанўз маълум нест. Зеро тамоми асарҳои ў дар шакли мураттаб то ба мо нарасидаанд. Мероси мавҷудаи шоир аз 94 порчаи манзум, 5 қасида, 1марсия, 56 ғазал, 2 мухаммас, 1 тарҷеъбанд, 6 маснавӣ, 2 қитъа, 9 рўбоӣ, 11 фард, 1 таърих ва 7 ҳикояти мансур – (як ҳикояи маъруфаш «Музҳика») иборат аст. Мероси манзуми Савдо ба лирикаи ишқӣ ва ашъори ҳаҷвию мутоиба ҷудо мешавад.
Савдо Абдулқодирхоҷа шоири тоҷик соли 1823 дар Бухоро ба дунё омадааст. Дар Бухоро таҳсил кардааст. Савдо зеҳни тез дошта, баробари донишҳои расмии мадраса илми нуҷум, риёзиёт, ҳунари наққошӣ, заргарӣ, меъморӣ, тарроҳӣ, лаввоҳӣ ва навозандагиро ҳам омўхт. Савдо донишманди хуби «Шашмақом» будааст.
Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ аз чеҳраҳои шинохтаи маорифпарвари Афғонистон ва минтақа аст. Замони зиндагонии вай ба солҳои истеъмори инглис рост меомад ва таҳоҷуми фарҳанги Ғарб ҳам маҳз аз ҳамон солҳо шуруъ шуда буд. Ҷамолиддини Афғонӣ ва даҳҳо ҳамсафони вай бо талошҳои милливу озодихоҳӣ руҳияи инқилобии мардумро бедор мекарданд. Аммо тӯли умраш басо овора шудаву гоҳ дар Ғарбу гоҳ дар Шарқ зиста ва билохира дур аз зодгоҳ вафот кардааст.
Ҷамолиддини Афғонӣ соли 1838 дар Асадобод наздики Кобул
Профессор Роҳат Набиева аввалин бонуи донишманди тоҷик аст, ки масъалаи нақши занон дар замони Шӯравӣ, бахусус заҳматҳои зани тоҷик ва саҳми вай дар рушди мамлкат таҳқиқоти илмӣ оғоз кард ва муваффақ шуд. Бахусус, саҳфаҳои норавшани корномаҳои ҷангии бонувони тоҷикистонӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз таҳқиқоти арзишманди профессор Набиева будааст. Вай баъди омӯзиши садҳо варақ маводҳои