Ҳамидуллоҳи Шаҳронӣ: Фарҳанги мутолиаю хониш дар байни насли ҷадиди Афғонистон мутаасифона хеле заиф аст
Ҳамчуноне иттилоъ додем, чорумин нишасти сарварони Китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ба шоми дирӯз ба кори худ поён дод. Аммо имрӯз ҳам гуруҳе аз меҳмонон бори дигар ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва холӣ аз ҷаласоту чорабиниҳои ташрифотӣ аз Китобхона дидан карданд, бо имконоту зарфиятҳои он шинос шуданд. Вориди толорҳои хониш, осорхонаи дастхатҳои нодир шуданд ва ба шеваи нигоҳдошти нусхаҳои қаламӣ ошно гардиданд.
Ҳамкорамон Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР бо истифода аз фурсат бо раиси Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳамидуллоҳи ШАҲРОНӢ ҳамсуҳбат шуд ва дар оғоз аз вай назарашро дар бораи ҳамоиши мазкур пурсид.
Ҳамидуллоҳи Шаҳронӣ: Бори аввал аст, ки ман дар чунин ҷаласаи ба сатҳи олӣ дар Тоҷикистон ширкат кардам ва қаблан низ ду бори дигар Тоҷикистон омада, дар ҷаласоте ширкат кардам аммо дар ин сатҳи баланд набуд. Воқеан ҳам ин ҷаласа як нишасти хеле олӣ ва пурманфиате буд. Воқеан Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз китобхонаҳои хеле бузургу бо доштаҳои олӣ дар сатҳи минтақа аст. Ман бо диданаш воқеан ҳам хўшҳол шудам. Бахшҳои мухталифи китобхонаро дидем ва ман аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон бисёр чизҳоро барои худ омўхтам, ки албатта ҷиҳати ҷорӣ кардани ин ҳама навгонию таҷрибаи пешрафтҳои соҳаи китобхонавӣ дар Китобхонаи миллии Афғонистон талош хоҳам кард.
Осореро, ки дар китобхона дидем, осори муштараки марбут ба минтақа ё марбут ба Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) мебошад, доштаҳояш воқеан доштаҳои хеле олист ва арзанда аст, ки мо дар оянда орзумандем то битавонем аз доштаҳояш бо тариқи нусхабардорӣ ва бо дигар роҳҳо дар Афғонистон истифода намоем.
- То кунун робитаи ҳамкории Шумо бо Китобхона милии Тоҷикистон дар кадом сатҳ аст?
- Мутаасифона, то ба ҳол робитаҳо миёни Китобхонаи миллии Афғонистон ва Тоҷикистон як робитаи хеле маънодор нест. Аммо ман хостори онам, ки ин робитаҳо тақвият ёбанд. Дар қадами аввал мо ният дорем марказ ё бахши фарҳангии Афғонистонро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон боз намоем ва китобхое, ки марбут ба адабиёт, таърих ва забони муштарак ҳастанд, ки як ҳавзаи мутаъмадини таърих ба шумор мераванд, дар хизмати хонандаҳои тоҷик қарор бидиҳем, то тавонанд аз китобҳое, ки дар Афғонистон ба нашр мерасад, истифода созанд. Ҳамчунин аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақозомандам, ки инҳо низ китобҳоеро, ки роҷеъ ба забону адабиёт ва таъриху фарҳангӣ ин ҳавзаи тамаддунӣ аст, бо мо шарик созанд то шаҳрвандони Афғонистон низ тавонанд аз ин муштаракот истифода кунанд.
- Ҳамчун раиси Китобхонаи миллии Афғонистон метавонед бигӯед, ки таваҷҷуҳи мардуми Афғонистон ба китобу китобхонӣ чӣ гуна аст?
- Воқеан фарҳанги мутолиаю хониш, дар байни насли нав ва насли ҷадиди Афғонистон мутаасифона хеле заиф аст. Илатҳои мухталифе дорад, яке ҷангҳои бисёр дарозмудате, ки мутаасифона дар кишвари мо сурат гирифта мардумро аз фарҳанги мутолиа дур сохта ва дар қадами дуюм набуди манобеи имконоти китобхонаҳо иллате ҳаст, ки мардуми Афғонистон ба мутолиа ва китобхондан зиёд алоқаманд нашуданд. Яъне, нисбат ба кишварҳои сатҳи минтақа дар кишвари мо фарҳанги мутолиа шояд дар сатҳи поён қарор дошта бошад. Аммо мо талош меварзем ин вазъиятро тағйир бидеҳем ва мизони муроҷиати мардумро фарҳанги мутолиаро дар байни шаҳрвандони Афғонистон тавсия ва густариш бидиҳем.
- Дар самти таъмини мутахассисони соҳа чӣ? Оё нарасоӣ ба назар намерасад!
- Зиёд норасоии камбуди мутахассисон дар самти китобхонаҳо дорем мо. Яъне касоне, ки воқеан дар бахши танзиму тартиби китобхона дар Афғонистон мутахассис бошанд ё шаҳодатномаи донишгоҳро дошта бошанд бисёр кам аст. Мо кӯшиш мекунем ин вазъиятро тағйир бидиҳем ва имрўз низ дар чорумин нишасти сарварони Китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ин мавзўро ёдоварӣ кардам ва аз аъзо хостам моро ёрӣ расонанд, то мо тавонем кормандонамонро ва ҷавононро дар ин арса тарбия кунем, то тавонанд дар китобхонаҳои Афғонистон масдари хидмат бишаванд.
- Ва суоли охир: Таассуроти Шумо аз диду боздидатон аз шаҳри Душанбе ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон?
- Мардуми тоҷик бародарони мо ҳастанд, воқеан мардуми дустдоштанӣ, мардуми бофарҳанг ва хеле мардуми муаддабе ҳастанд. Таманниёту орзуи ман ба мардуми тоҷик ин аст, ки ҳамчун як Раиси ҷумҳури меҳрубоне доранд, ки як китобхонаеро бо ин ҳама бузургӣ дар қалби кишвар, дар назди қасри худ, яъне утоқи кории худ дар хидмати халқи тоҷик қарор дода, шароити олиеро муҳайё сохтаааст, ки биноан аз ин доштаҳо истифода бикунанд ва барои пешрафту ободиву шукуфоии кишварашон талош варзанд ва аз ҳамсояи худ мо, ки мутаасифона солҳои тўлони дар як вайронагарӣ дар як дарбадарӣ қарор дорем, барояшон боиси хушбахтӣ бошад, ки дар сулҳу оромиш зиндагӣ мекунанд ва қадри ин масоилро бояд бидонанд ва баҳри рушду пешрафти кишварашон гом бардоранд. Зеро заминаи ҳама гуна тараққиву пешрафт ҳамин мутолиа, ҳамин дарсхонӣ ва руҷуъ ба китоб аст, ки бародарону хоҳарони тоҷикӣ мо бояд китоб бихонанд, бихонанд ва дигар ҳам бихонанд то ин, ки пешрафт кунанд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР