Китоб сарчашмаи дарёи ақл аст

Имрӯз итернет ҷавонони моро танбал ва бе ҳавсала намудааст. Чуноне, ки мушоҳида мекунем, ки агар барои донишҷӯи мо аз ҷониби муаллим супорише ба монанди навиштани реферат дар ягон мавзўъ дода шавад, он ҳатман ба назди интернет нишаста, номи мазўъро дар он ҷо менависад ва дар як лаҳзаи кўтоҳ онро оварда ба муаллим медиҳад. Мусибат он аст, ки муаллим низ онро қабул дорад.

Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,
Ин ду қувват эътибори миллат аст.

Иқбол

Боиси ифтихору шукргузорист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе китобхонаи бошўкўҳ бунёд гардид ва дари худро ба рўи муштарионаш боз намуд. Ин иқдоми нек барои мо ҷавонони хушбахти замони истиқлолият туҳфаи беназири таърихӣ буд.

Мехоҳем ин замон роҷеъ ба фазоили китоб ва нақши китобхона дар ҳаёти гузаштагонгони миллати худ ибрози назар намоям.

Бузургон мегўянд, ки “Хонаи бе китоб мисли рўзи бе офтоб аст” дар воқеъ агар рўзе офтоб на дурахшад ё ки дар фасли ҳосилпаз офтоб тулуъ накунад ҳатман ҳамаи меваҳои дарахтон хому талх ва нохўрданӣ мегарданд, ҳам чунин дар ҳар хоне ва ё дар ҳар ҷомеаву давлате, ки китоб ва ё китобхонанабошад, ҳатман ҷавонони он ҷомеа, ки ҳукми меваҳоро доранд хому норасида мемонанд.

Бояд қайд намуд, ки ҷавонон дар ҳар асру замон дар ҷомеа нақши ҳалкунанда ва тақдирсоз доранд, ё бо тарзи дигар бигўгем онҳо назири баҳре ҳастанд, ки мо метавонем бо тариқи оқилона аз онҳо боғҳову бустонҳо бунёд кунем ва ҳамчунин мо метавонем бо ин қувваи бузург боғҳову бустонҳоро ба регистону хористон табдил диҳем. Аз ин лиҳоз ба мо маълум мегардад, ки ҷавонон дар ҷомеаи муосир ҳам нақши созанда ва ҳам нақши сӯзанда доранд.

Пас агар мо ҷавононро ба китобхонаву китобхонӣ ҷалб намоем дар ин сурат бешак гуфта метавонем, онҳо ҳамчун қувваи созанда ба камол мерасанд. Зеро: китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамадин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст.

Дар воқеъ агар имрўз ҷавонони мо дар хона ва ё дар китобхона нишаста, китоб мутолеа намоянд бо боварии комил гуфта метавонем, ки онҳо андешаҳои ҷадид ва фикрҳои тавлидгару бунёдкор доранд ва ҳамчунин бояд донист, ки мутолеаи китоб барои ҷавонони мо мисли антивирусе мебошад. Агар мо хоҳем, ки файлҳои  компиютерамонро аз шари вирусҳои зараррасон эмин нигоҳ дорем, ба мо лозим аст, ки компиютери худро бо антивируси Касперский муҷаҳҳаз гардонем бояд тазаккур дод, ки замоне мо дар хона ва ё дар китобхона китоб мехонем он гўё назири ативирусест,ки он вирусҳое, ки дар ҷомеаи мо аз ҷониби ҳаргуна ҳаракатҳои ифродгаро  паҳн гардидаан ва мехоҳнд, ки файлҳои бунёдкори ҷавонони моро аз байн баранд оҳоро ба монанди нақши руйи об нобуд месозанд.

Бояд эътироф кард,ки интернет бо он ҳама бузургиаш маҳсули тафакури инсон аст ва тафакури инсон сарчашма аз китобхонӣ ва рафтан ба китобхона оғоз мегардад ва ҳачунин бартарии дигараш дар он аст, ки муштарии илму дониш соатҳои тулони китоб мутолеа намояд хаста ва дилсард намегардад, аммо нишастан назди интернет дар 3-4 соат касро хаста мекунад. Ин ҳам боз дар ҳолест, ки  на ҳамаи ҷавонони мо фарҳанги хуби истифода аз интернетро медонанд. Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мегўянд: “Дар чунин шароит ва дар замоне, ки таблиғи аъмоли зишт ва ба фарҳанги миллии мо бегона аз тариқи воситаҳои иттилооти ҷаҳонӣ ва барномаҳои телевизионии хориҷӣ афзоиш ёфтааст, мо бояд тарбияи ахлоқиро дар навбвти аввал гузорем”.

Имрӯз итернет ҷавонони моро танбал ва бе ҳавсала намудааст. Чуноне, ки мушоҳида мекунем, ки агар барои донишҷӯи мо аз ҷониби муаллим супорише ба монанди навиштани реферат дар ягон мавзўъ дода шавад, он ҳатман ба назди интернет нишаста, номи мазўъро дар он ҷо менависад ва дар як лаҳзаи кўтоҳ онро оварда ба муаллим медиҳад. Мусибат он аст, ки муаллим низ онро қабул дорад.

Гуфтанӣ нестем, ки интернет ҷизи бадест. Мо ҷонибдорои истифодаи оқилонаву илмӣ аз онем. 

Аз қадимулаём бузургони мо муҳабату алоқа ба китобу китобхона доштанд ва ин аъмоли некшон буд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ ва зиндагии ҷовидониро барои худ касб карданд. Нақл мекунанд, замоне, ки Абуалӣ ибни Сино подшоҳи сомонӣ Нўҳ ибни Мансуро табобат кард, пас аз он ки шифо ёфт, Нўҳ ибни Мансур  аз Ибни Сино дар ҳузури вузарои худ аз ў пурсид, ки аз подшоҳ чи мехоҳад, ки барояш муҳаё гардад. Ҳамаи вузаро фикри он доштанд, ки Ибни Сино пулу моли зиёд аз подшоҳ талаб мекунад, аммо Сино аз подшоҳ хост то  ўро ба китобхонаи бузурги дарбор, яъне китобхонаи “Авонис-ул-улум”иҷозат диҳад. Ин китобхона барои олими оянда ва табиби нуктадон хонаи дуюми Ибни Сино гардид. Ин буд, ки дар тӯли 3 сол  он қадар мутолиаҳои тулонӣ дошт, ки гоҳе дар сари китоб ӯро хоб мебурд ва он баъзе нофаҳмиҳое ки барош пеш меомад бо илҳоми Худовандӣ дар хоб ҳалли он масъалаҳо барояш кушода мегардид.

Замоне, султон Маҳмуди Ғазнавӣ китобхонаи мазбурро мехост оташ занад, Сино ба наздаш рафт ва гуфт, ки шоҳо, биё маро бикуш, аммо китохонаро насӯзон.

Шайх Саъдии Шерозӣ аз замони таҳсилаш дар дар мадрасаи Низомияи Бағдод ёд меорад:

Маро дар Низомия идрор буд,
Шабу руз тақлину такрор буд.
Қазо рӯзгоре  зи ман даррабуд ,
Ҳар он соати ў шаби қадр буд.

Хулоса бояд мо ҷавонону толбилмон аз ҳаёти ин бузургонамон омўзем аз ин шроиту имкониятҳое, ки Ҳукумату давлат барои мо муҳаё сохтаанд, самаранок истифода барем ва аз хазинаи бебаҳо ва шароити хуби Китобхонаи миллӣ ҳам истифода барем.
Ин буд чанд андешаи кӯчак роҷе ба фазоили китобу китобхона. Боқӣ қазоват аз шумост!

Ҷалолиддин Нуров,
Муовини сардори
шўъбаи матбуоти даврӣ