Паём ё рисолаи ҳувиятсоз
22 декабр, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ба Маҷлиси олӣ ироа гардид. Паёми Пешво барои соли 2017 фарогири андешаҳои созанда, таҳлили вазъи кунунии ҷумҳурӣ ва ҷаҳон, ишораҳои мустақим ба масъалаҳои фарҳангу илм, тиҷорату иқтисод, рушди саноат ва сайёҳӣ, содагардонии тиҷорат ва аз байн бурдани бюрократияи идорӣ дар кишвар, масъалаҳои кишоварзӣ, занону бонувон ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеаи кунунии Тоҷикистон буд. Ба назари ман, ҳамчун як ҷавони кишвар ду масъалаи муҳиме, ки Пешвои миллат ба он таваҷҷуҳи бевосита равона намуданд, масъалаи ҷавонон ва вазъи амниятии минтақа ва ҷаҳон буд, ки тамоми масъалаҳои боло: ҳам тиҷорату сайёҳат ва ҳам иқтисоду фарҳанг аз амнияти давлат ва рушди афкори ҷавонон вобастагии зиёд дорад.
Пешвои миллат дар Паём аз ҷавонони кишвар ҳамчун «нерўи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа» ёд намуда, онҳоро «ояндаи миллат ва давлат» номиданд. Президенти кишвар вобаста ба масъалаи ҷавонон махсус таъкид намуданд, ки «татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад». Дар воқеъ аз рўзҳои аввали сари ҳокимият омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба масъалаи ҷавонон, вазъи зиндагию таҳсили онҳо, ҷалби ишон ба варзишу солимгардонӣ, фарогирӣ ба таҳсил, забономӯзиву таъкид ба забондонӣ ва амсоли ин аз зумраи масъалаҳое буданду ҳастанд, ки Пешвои миллат ба онҳо таваҷҷуҳ менамуданд.
То имрўз натиҷаи ин дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва махсусан таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба масоили ҷавонон намоён гардида, ҷавонон низ ба эътимоду боварии Пешвои миллат эътиқоди самимӣ ва талошу дастовардҳо дар соҳаҳои гуногун доранд. Ҳамасола ҷавонони кишвар ба даҳҳо донишкадаҳои мамолики пешрафтаи олам шомил шуда, дар масъалаҳои мухталиф ҳамчун намояндаи кишвари маҳбубамон таҳсил мекунанд. Дастболо гардидан дар сабқатҳои зеҳнию интелектуалӣ, дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳониву минтақавӣ, ноил шудан ба ихтирооти наву муосир, ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар, муборизаи шадиди ақлонию ҷисмонӣ бо душманони вертуалӣ ва воқеии давлату миллат ва фаъолияти пурсамар дар кули соҳаҳои рўзмараи кишвар аз зумраи посухҳои ҷавонон ба эътимод ва дастгириҳои Сарвари давлат мебошад. Президенти кишвар низ ин талоши ҷавононро дарк намудаанд, ки дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси олӣ ин нуктаро таъкид намуданд: «Имрўзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд». Ин ишора сарвари давлат далолат аз шинохт ва таваҷҷуҳи ў ба ояндаи дурухшони насли ҷавони кишвар мебошад.
Пешвои миллат дастоварди ҷавононро дастоварди миллат ва хушнудии насли ҷавонро хушнудӣ ва мунавварии кишвар меҳисобанд. Маҳз ин мавқеъгириҳо буд, ки Пешвои миллат баъд аз музаффарияти Дилшод Назаров ўро ба ҳузур пазируфтанд ва ба ў нишони давлатию мукофоти ҳукуматӣ тақдим карданд. Ин қадршиносӣ барои ҷавонони кишвар манбаъи илҳому пайравии ҷавонон гардида, садҳо ҷавони дигар майл ба варзиш намуда, талошу заҳматро мояи расидан ба ҳадафҳои созанда медонанд.
Дар Паёми имсола ҷавонони кишвар боз як иқдоми бузургу беҳамтои Пешвои миллатро шоҳид шуданд. Соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон эълон карда шуд. Президенти мамлакат вобаста ба ин масъала таъкид намуданд, ки «бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад».
Иқдоми Пешвои миллат дар бораи соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 боз ҳам ҷавонони мамлакатро руҳбаланду қавиирода намуд. Дар тамоми гўшаву канори мамлакат ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҷавонони худогоҳу қавиирорда, боғуруру соҳибфарҳанги тоҷик аз Паёми пешво истиқбол намуда, онро боиси рушд ва сарманшаи ғуруру ҳувияти хеш донистанд. Пешвои миллат низ маҳз ба ин ҷавонон ишора намуда, таъкид доштанд, ки «ҷавонони имрўзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад».
Дар воқеъ, мо ҷавонон низ, аз мавзеъгириҳои Пешвои дар умури кишвар ва сатҳи ҷаҳон истиқбол менамоем ва аз он ифтихор дорем.
Акмалшоҳ Ҳабибуллозода,
узви иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон