Чаро Пешвои миллат ба рушди илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд?

Тамоми доираҳои фикрии ватанӣ ва хориҷӣ борҳо иқрор шудаанд, ки паёмгузориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дорои вижагиҳои ба худ хос мебошад. Махсусан тарзи баёни ба ҳама фаҳмо, аммо аз нуқтаи назари мантиқ илмӣ, таҳлилӣ, натиҷагирӣ ва системавии Паёмҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коршиносону сиёсатмадоронро ба худ ҷалб намудааст. Аз ин ҷост, ки ҳама сола дар атрофи Паёмҳои Пешвои миллат муҳаққиқону коршиносон садҳо асару монография ва мақолаҳои илмиву таҳлилӣ навиштаву бо такя ба он равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаро мавриди таҳлил қарор медиҳанд.

Мусаллам аст, ки Роҳбари давлат дар паёмҳои худ тамоми масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро мавриди диққат қарор дода, пешниҳодҳои мушаххас ва дастурҳои судмандро баҳри ҳалли онҳо ироа менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то имрӯз тамоми он мушкилоту муаммоҳое, ки дар Паёми Сарвари давлат масъалагузорӣ гардида буданд, ҳалли худро ёфта дар рушду инкишофи Тоҷикистон нақши муассири худро гузоштаанд.

Таъкид намудан зарур аст, ки яке аз масъалаҳои меҳварӣ, ки дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад, рушди устувори илму маориф ва маърифатнокии саросарии аҳолӣ мебошад. Нуктаи зикргардиидаро, таваҷҷуҳ ба Паёмҳои Пешвои миллат ва руҳди инфрасохторҳои соҳаи маориф дар кишвар тасдиқ менамоянд.

Чаро Пешвои миллат ба рушди илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд? Маълум аст, ки миллати тоҷик аз қадим ба илму маориф ва фарҳангу тамаддун алоқаи зич дорад. Агар ба таърихи рушди миллати тоҷик дар саҳафоти таърихи башар диққат дода шавад муайян мегардад, ки таърихи рушди миллати тоҷик ҳамрадифи илму маърифат будааст. Бо дарназардошти ин ҳолат имрӯз низ дар сиёсати инсонмеҳвари Пешвои миллат ба рушди илму маориф диққати махсус зоҳир карда мешавад. Аз ин ҷост, ки Роҳбарии олии давлат дар самти беҳтар намудани сифати таълим, соҳибмаърифат гардонии саросарии аҳолӣ, рушди илм махсусан илмҳои табииӣ дар кишвар як қатор тадбиру чорабиниҳое роҳандозӣ намудаанд, ки имрӯз мо шукӯҳи азими натиҷаҳои тадбирҳои судмандро мушоҳида мекунем. Тавре дар Паёми имсолаи Пешвои миллат таъкид гардид “Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд.

Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем. Дар ин ҷода муассисаҳои типи нави замони истиқлол – мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо пешсаф буда, ҳар сол беш аз 97 фоизи хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он мегарданд.

Пешвои миллат ба хотири боз ҳам рушди илму маориф дар кишвар дар назди Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва дигар ниҳодҳои рушдиҳандаи илму маориф вазифаҳои мушшахас гузоштанд. “Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ташаббусу таҷрибаи ин мактабҳоро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар васеъ татбиқ намояд. Вазоратҳои молия, маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва вазорату кумитаҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавриди амалӣ намудани қарори зикршуда ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд ва ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешида, аз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат гузориш диҳанд. Илова бар ин, зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Бинобар ин, зарур аст, ки ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда, маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида зиёд карда шавад.”

Албатта, ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Ҳамин тавр бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар шароити кунунӣ соҳаи маориф ва имли кишвар ба марҳилаи нави рушд ва устуворгардӣ ворид гардидааст. Дар баробари ин ҳама ташаббусҳои созандаи Роҳбари давлат ҳар як ҷавони кишварро зарур аст, ки ба таҳсили ҷиддӣ машғул гардида, дар инкишофи Тоҷикистон саҳмгузорӣ намояд, зеро маҳз маорифи рушдкарда кафолати фардои дурахшони мо аст.

 Девонсолор Сайф,

 муҳаққиқи илми сиёсӣ.

Барчаспҳо: