Шоири як шеър. Бузургмеҳри Баҳодур
Нашр шуд 2019-10-14 09:50
Бузургмеҳр барои хонандаи сомонаи Китобхонаи миллӣ шахси ошност. Ва ҳар касе то кунун матолиби ӯро нахондааст, метавонад ба ин саҳифа ворид шавад ва басо муфассал дар бораи ӯ ва эҷодаш бихонад. Ҳоло сухан аз шеъри ӯ дар китоби “Шоири як шеър” меравад, ки ҳамроҳ бо се шеъри тозаи ӯ ин ҷо бо ҳам мехонем.
Ҳумои бахт
Ба духтаракам Манижа
Ту омадиву хонаҳо пур аз навои алла шуд,
Садои ту азони мардуми маҳалла шуд,
Садои ту, ки як дами азони ҳазрати Билол буд,
Сиришки ту чу оби чашми Фотима зулол буд.
Фидои дастакони сабзи ту, ки аз биҳишт омаданд,
Фидои чашмакони нағзи ту,
худосиришт омаданд...
Фариштадухтарам,
Ҳумои бахт бар сарат.
Гули нигоҳи ташнамеҳри ман бирезад аз сару барат.
Чу туҳфаи Худо расидаӣ ба модарат,
Ки чизу кас набуда дар ҷаҳон баробарат.
Ту дар кафи ду дастакат ниҳон намуда гавҳари дили маро
Чи поку бегуноҳу лоязолӣ омадӣ,
Ба рағми бахти хуфтаам ба некфолӣ омадӣ,
Зи файзи мақдамат барои зиндагӣ баҳона пур шуда,
Зи ишқу меҳрубонӣ хона пур шуда.
Забони ман, ки вақти зоданат зи ҳарф монда буд,
Зи “ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон”-у аз тарона пур шуда,
Лабони модарат зи ғунчаҳои шукри шаккарона пур шуда
Ва чўби гоҳвораат шукуфта аз ҷавона пур шуда...
Ту омадиву хонаҳо пур аз навои алла бод,
Садои хандаат азони мардуми маҳалла бод!
Саршор
Метавон аз як садо саршор шуд,
Дар ҳарими як наво изҳор шуд.
Метавон хамёзаи гулҳо шунид,
Аз нафасҳои гуле ҳушёр шуд.
Нест дидан чашм бикшодан ҳанўз,
Эй басо хурмо, ки бар мо хор шуд.
Хилвати дидори мо буд он дарахт,
Баҳри қатли ошиқе дӣ дор шуд.
Метавон аз кулбае ҳастӣ шинохт,
Бетафаккур метавон девор шуд.
Беҳ зи нав, ки равнақи бозор нест,
Мешавад дилбастаи такрор шуд.
Мешавад бе ҳеч бурҳон дил cупурд,
Мешавад овораи инкор шуд.
Cури Исрофил бедорат накард,
Метавон бо бўсае бедор шуд
Кӯдакӣ
Кўдакӣ бо зочаҳои хоҳари ман мондааст,
Кўдакӣ дар хандаҳои додари ман мондааст.
Бо нидои кўдаки ҳамсоя тўбаш дар бағал,
Кўдакӣ то ҳол дар пушти дари ман мондааст.
Хонаҳо месохтам аз лою хас, обаш рабуд,
Кўдакӣ дар хонаи чашми тари ман мондааст.
Аз кабўтарбозӣ осудам, пару болам бирехт,
Андаруни болишам гўё пари ман мондааст.
Сад ҳавопаймо зи коғаз сохтам бо орзу,
Орзуҳои самоӣ дар сари ман мондааст.
Қиссаҳое, ки шунидам, беасар аз ёд рафт,
Дар дилам афсонаҳои модари ман мондааст.
Ҳар саҳар оина расми пирии ман мекашад,
Кўдакӣ дар боғи сабзи бовари ман мондааст.
Соати модари ман Хуршед аст
Соати хонаи мо хобидаст,
Модарам бетақвим,
Модарам бесоат,
Сарҳисоби гираҳи тобу табаш медонад.
Аз раҳи рафтану бозомадании Хуршед
Гузари рўзу шабаш медонад.
Аз ҳисоби ҳамаи суду зиён;
Аз рақамҳои парешони умр,
Рўзи мелоди маро медонад.
Зотан ў фалсафаи зиндагиро медонад,
Ки барои дигарон зистан аст
бесоат, бетақвим…
Рўзи ў испед аст,
Ба дилаш ақрабаки уммед аст,
Соати модари ман Хуршед аст.