Ҳамзабонам, ҳаммаконам, қадри ваҳдатро бидон...
Нашр шуд 2020-06-25 11:01
Дар замоне матлаби мо ваҳдату эҳё набуд,
Ҳамдиливу хуррамиву растан аз ғавғо набуд.
Изтироб дар сина буду ноумедӣ дар басар,
Ҷуз балову ғадру шар моро дигар савдо набуд.
Шеди оламгир агар анвори худ пошид ба сар,
Шамъи дилҳоро мудом аз буғзу кин маъво набуд.
То нафас осуда ояд аз дили пурдарди ом,
Ғайри тӯфони ғазаб шаббода дар саҳро набуд.
Чун шунид афғони моро молики халқу замин,
Даври осоиш магар бар мо аз ӯ эҳдо набуд?
Ҳар замоне нола дорад одамӣ аз ину он,
Ҳарфи шукраш не ба сардиву на бар гармо набуд.
Ҳамзабонам, ҳаммаконам, қадри ваҳдатро бидон,
То расид бар мулки мо, ширинтарин рӯъё набуд?
Бо вуҷудаш сарзамин дар мавҷи сулҳ ғориқ шуда,
Бе вуҷудаш дар каломи ровиён маъно набуд.
Ғунчаи Нилуфарӣ андар диёраш бишкуфад,
Гар бимирад дар канори рӯди он, парво набуд.
Нилуфар Воҳидова,
шаҳри Тула.23.06.2020 сол. Соати 20:20.