Антон ЧЕХОВ ГАРАВ (ҳикоя)

 Шабе торику тирамоҳӣ буд. Бонкдори пир дар ҳуҷраи корияш аз гӯшае ба гӯшае қадам мезад ва маросими меҳмониеро ба ёд меовард, ки ӯ понздаҳ соли пеш дар тирамоҳ баргузор карда буд. Дар ин нишаст мардумоне оқилу огоҳ ҷамъ омада, суҳбати ҷолиберо гарм гирифта буданд. Зимнан, аз ҳукми қатл мегуфтанд. Бештари меҳмонон, ки миёни онон донишманду рӯзноманигор ҳам кам набуд, аксаран ба ҳукми қатл мухолиф буданд. Онҳо ин абзори ҷазоро мансух, барои кишварҳои масеҳӣ ношоисту норавою ғайри ахлоқӣ медонистанд. Баъзе аз онон бар он бовар буданд, ки мебояд умуман ҳукми қатлро дар ҳама ҷо ба ҳабси абад иваз кард. 

– Ман бо шумоён мувофиқ нестам, – гуфт хоҷаи мизбон. – Ман на ҳукми қатл ва на ҳабси абадро озмоиш кардаам, аммо агар priori (пешакӣ) ҳукм кунем, он гоҳ, ба назарам, ҳукми қатл инсонитару ахлоқитар аст. Эъдом фавран мекушад, аммо ҳабси абад ботадриҷ. Кадоме аз ҷаллодон инсонитар аст? Ҳамон ки шуморо дар зарфи чанд дақиқа мекушад ва ё оне ки ҷони шуморо дар муддати чандин сол меситонад? 
– Ҳам ин ғайриахлоқиясту ҳам он, – таъкид кард яке аз меҳмонон, – барои он ки як мақсад доранд – аз зиндагӣ маҳрум кардан. Давлат Худо нест. Ва ин ҳақро надорад, ки он чизеро бигирад, ки вақте онро бихоҳӣ, қодир ба бозгардонданаш набошад. 
Дар миёни меҳмонон ҳуқуқшиносе ҳам буд, ҷавони биступанҷсола. Чун назари вайро пурсиданд, ӯ гуфт: 

– Ҳам ҷазои қатл ва ҳам зиндони абад ҳар ду ғайриахлоқиянд, аммо агар миёни ин ду ба ман ҳаққи интихобе пешниҳод мекарданд, он гоҳ, албатта, ман шояд дувумиро бармегузидам. Зиндагӣ кардан, ба ҳар ҳол беҳтар аз мурдан. 
Баҳси гарме бархост. Бонкдор, ки он вақт ҷавонтару асабонитар буд, ногоҳ худро аз даст дод, муште рӯйи миз заду ба ҳуқуқдон рӯ овард ва садо баланд намуд:
– Дурӯғ аст! Ман ду милён гарав мебандам, ки шумо дар ҳабси инфиродӣ ҳатто панҷ сол тоқат намеоред.

– Агар ҷиддӣ мегӯед, – посух дод ҳуқуқдон, – шарт мебандам, ки на панҷ сол, балки понзадаҳ сол хоҳам нишаст. 

– Понздаҳ? Қабул аст! – фарёд зад бонкдор. – Ҷанобон, ман ду милён гарав мебандам! 
– Мувофиқам! Шумо ин милёнҳоро мегузоред, ман озодиямро! – гуфт ҳуқуқдон. 
Ва ин шартбандии аблаҳонаю бемаъно сурат гирифт! Бонкдор, ки он вақт ҳисоби милёнҳои худро намерафт, бо истиғною сабуксорӣ аз ин гарав ба ваҷд омада буд. Ҳангоми хӯроки шом бо ҳуқуқдон шӯхӣ карду гуфт: 

– Сари ақл оед, ҷавони хуб, ҳанӯз дер нашудааст. Ду милиён барои ман чизе нест, аммо шумо зери бори хатар мераведу се-чаҳор соли беҳтарин даврони зиндагитонро аз даст медиҳед. Се-чаҳор сол мегӯям, зеро шумо наметавонед, ки аз ин бештар тоб биёред. Ҳамчунин ёдатон бошад, ки бадбахтона, ҳабси довталабона хеле азиятбортар аз иҷборист. Ин андеша, ки шумо ҳаққи онро доред, то ҳар лаҳза ки хоҳед ба дунёи озод мебароед, бунёди ҳастиятонро ба тамом заҳрогин мекунад. Дилам бароятон месӯзад! 

Ва акнун бонкдор, қадамзанон аз ин гӯша ба он гӯша, он ҳамаро ба ёд овард ва аз худ пурсид:

– Мақсад аз ин гарав чӣ буд? Аз ин чӣ суд, ки ҳуқуқдон понздаҳ соли зиндагияшро аз даст дод, аммо ман ду милёнеро ба бод диҳам? Оё метавонад ба мардумон собит кунад, ки ҷазои қатл бадтар ё беҳтар аз ҳабси абадаст? На, ҳаргиз на. Пӯчу бемаъност ин ҳама. Аз сӯи ман ин як карашмаи марди шикамсер будааст, аммо аз ҷониби ин ҷавон – ҳирсу тамаъи маъмулӣ барои пул... 
Сипас ӯ давоми моҷарои пас аз меҳмонии оншабаро ба ёд овард. Сари он қарор омаданд, ки ҳуқуқдон замони асорати худро зери назорати шадид дар як иморати фаръӣ, дар гӯшаи боғи бонкдор, гузаронад. Тавофуқ карданд, ки дар зарфи понздаҳ сол ӯ ҳақ нахоҳад дошт, ки берун аз остонаи ин ҳуҷра пой ниҳад ё инсонеро бибинад, садои одамонро бишнавад ё номае ва ё рӯзномае дарёфт кунад. Ӯ иҷозат дошт, ки асбоби мусиқие дошта бошад, китоб бихонад, нома бинвисад, шароб нӯшад ва сигор кашад. Бино бар ҳамон паймон, ӯ метавонист бо ҷаҳони хориҷ хомушона, фақат аз тариқи тирезачае иртибот гирад, ки маҳз ба ин манзур сохта шуда буд. Ҳақ дошт, ки ҳар чизи хостааш – китоб, шароб, мусиқӣ ва ба ин монандро, ҳар миқдоре бихоҳад, дарёфт кунад, аммо танҳо тавассути хатчае аз тариқи тиреза. Ин муоҳада тамоми тафсилоту ҷузъиётро барои як маҳбусе ки акидан инфиродӣ мешуд, дар назар медошт, ва ҳуқуқдонро муваззаф месохт, ки дар зиндон понздаҳ соли расо бинишинад, аз соъати 12-и 14 ноябри соли 1870 то соъати 12-и 14 ноябри 1885. Камтарин талоши ҳуқуқдон дар нодида гирифтани ин ҷузъиёт гаравро зери по мегузошт, ҳатто озодии ӯ то ду дақиқаи пеш аз муҳити муқаррар бонкдорро аз банди пардохти ду милён раҳо месохт. 
Ҳуқуқдон дар аввалин соли зиндон, чунонки аз ёддоштҳои кӯтоҳаш метавон қазоват кард, шадидан аз танҳоию афсурдагӣ ранҷ мекашид. Аз ҳуҷраи ӯ рӯзу шаб ҳамеша садои пианино ба гӯш мерасид. Ӯ шаробу тамокуро рад кард. Шароб, навишт ӯ, орзуҳоро бармеангезад, ва орзуҳо – бадтарин душмани як зиндониянд; бар илова ҳич чиз малолатбортар аз он нест, ки чун шароби хуб бинӯшию вале касеро набинӣ. Ва тамоку ҳавои утоқи ӯро олуда мекунад. Дар соли аввал барои ҳуқуқдон китобҳое ғолибан бо муҳтавои сода фиристода мешуд; романҳое печида бо банду бурузи ишқу ошиқии таҳрикдиҳанда, ҳикояҳое аз олами ҷиноӣ ё фантастикӣ ё комедӣ ва монанди инҳо. 

Соли дувум, аммо, садои пианино аз ҳуҷраяки ӯ сокит шуд, ва ҳуқуқдон тавассути нома танҳо осори классиконро дархост кард. Соли панҷум садои мусиқӣ дубора ба гӯш расид ва зиндонӣ тақозои шароб кард. Онҳое, ки аз равзана ӯро назорат мекарданд, мегуфтанд, ки тамоми он сол танҳо хӯрду нӯшиду рӯи рахти хоб дароз кашид, ҳар гоҳе ҳам хамёза мекашид ва бо асабоният худ ба худ гап мезад. Дигар китоб нахонд. Гоҳе ҳам шабона менишасту менавишт, дуру дароз менавишт ва саҳар тамоми он навиштаҳоро пора-пора мекард. Чандин бор мешуниданд, ки ӯ гиря мекард. 

Дар нимаи дувуми соли шашум зиндонӣ бо саъйи тамом ба омӯзиши забон, фалсафа ва таърих шуруъ кард. Вай чунон ҳарисона ба омӯхтани ин бобҳо пардохт, ки бонкдор ба сахтӣ фурсат меёфту барояш китоб таҳия мекард. Дар муддати чаҳор сол бо дархости ӯ ҳудуди шашсад ҷилд китоб фароҳам шуда буд. Дар чунин айёми шӯру шавқ, бонкдор, зимнан аз зиндонии хеш чунин нома дарёфт кард: «Зиндонбони азизи ман! Ин сатрҳоро бароятон ба шаш забон менависам. Инҳоро бо касони огоҳу мутталеъ нишон диҳед. Агар онҳо ягон ғалат пайдо накунанд, хоҳишмандам, дастур диҳед, то дар боғ аз туфанге шиллик кунанд. Садои ин тир паём хоҳад дод, ки кӯшишҳои банда беҳуда набудааст. Нобиғаҳо дар ҳар асру дар ҳар кишвар бо забонҳои мухталиф гуфтугӯ мекунанд, вале дар андаруни дили онҳо як шуъла фурӯзон аст. Оҳ, агар шумо медонистед, ки чӣ гуна руҳи ман саршор аз як саъодати улвист, ки ман метавонам онҳоро бифаҳмам»! Орзуи зиндонӣ бароварда шуд. Бонкдор дастур дод, ки дар боғ ду гулӯла шиллик кунанд. 

Он гоҳ пас аз гузашти соли даҳум, зиндонӣ пушти миз беҳаракат менишаст ва танҳо Инҷил мехонд. Барои бонкдор аҷиб менамуд, ки марде ки дар чаҳор сол шашсад ҷилд китоби пурмаънои печидаро фаро гирифта буд, наздик ба як солро барои хондани як китоби осонфаҳму камҳаҷм сарф кард. Аз он баъд китобҳои таърихи адён ва илоҳиёт ҷойи Инҷилро гирифтанд. 

Зиндонӣ дар ду соли охири зиндон беандоза китоби бисёр хонд; бефарқ, аз як сар ҳар чӣ ки пешаш меомад. Гоҳ улуми табиъӣ мехонд, гоҳе ҳам Байрон ё Шекспирро тақозо мекард. Номаҳое аз ӯ мерасид, ки вай ҳамзамон дархости ҳам китоби кимиё мекард ва ҳам дастури пизишкӣ, ҳам румон, ҳам ягон рисолае аз фалсафа ё илоҳиёт. Хонданаш ба он мемонд, ки гӯиё дар баҳр миёни осори киштии шикастае шино дорад ва, дар талоши наҷоти худ, бо ошуфтагӣ гоҳ ба як шикастапора, гоҳе ҳам ба дигараш чанг меандозад!

II
Бонкдори пир тамоми инҳоро ба ёд овард ва фикр кард: 
«Пагоҳ, соъати дувоздаҳ ӯ боз озодии худро ба даст меоварад. Бар пояи муоҳада, бояд ба ӯ ду милён бипардозам. Агар ин пул пардохт шавад, он гоҳ ба кулл барбод хоҳам шуд: қатъан хонавайрон мешавам...»

Понздаҳ сол пеш ӯ ғарами пулро ба панҷшох бод медод, ҳисоби сармояаш гум буд; ҳоло акнун метарсад аз худ пурсад, ки чӣ бештар дорад – пули бисёр ё қарзи бисёр? Қимори бозори саҳом, ҳаннотию судҷӯйиҳои хатарноку тезутунд, ки ӯ ҳатто натавонист дар дами пирӣ аз онҳо даст кашаду таркашон кунад, кам-кам бозорашро касод кардан гирифтанд, ва як бозаргони лоқайд, муттакӣ ба тавони худ ва сарватманде пурғурур табдил ба як бонкдори дувумдараҷа шуд, ки дар ҳар як уфту хези авроқи баҳодор ба худ меларзид.

– Гарави лаънатӣ! – пирамард бо ноумедӣ сарашро дошта, ғур-ғур кард. – чиро ин одам намурд? Ӯ нав чилсола аст. Ӯ ҳама дору надори маро аз худ мекунад, зан мегирад, аз зиндагӣ лаззат мебарад, қимори бурс мезанад, ва ман, ҳамчун гадой, ба ӯ бо ҳасодат менигарам ва ҳар рӯз ҳамин як суханашро ба такрор мешунам: «Ба шарофати шумо ман ба ин зиндагии шод расидам, иҷозат диҳед кумаке расонам!» На, ин дигар қобили таҳаммул нест! Роҳи содаи наҷот аз ин варшикастагию беобрӯӣ – марги ӯст, марги ӯ! 

Соъат занги серо зад. Бонкдор ба атроф гӯш дод: дар хона ҳама хобида буданд, ва танҳо аз пушти тирезаҳо садои хиш-хиши дарахтони аз сармо яхзада шунида мешуд. Бонкдор иҳтиёткорона, ки мабодо бо ҳаракатҳояш сару садое барпо накунад, калиди ҳамон дареро, ки понздаҳ сол инҷониб боз накарда буданд, аз говсандуқ гирифт; палтояшро пӯшид ва аз хона берун омад. 
Боғ торику сард буд. Борон меборид. Боде тунди мартуб дар боғ меғуррид ва дарахтонро ором намегузошт. Бонкдор ҳар қадар ба чашмонаш фишор овард, аммо на замин, на пайкараҳои сафед, на ҳуҷраяки зиндонӣ, на дарахтонро дида тавонист. Ба гӯшаи боғ, ҷое ки ҳуҷраи зиндонӣ буд, наздик шуд ва ду бор нигаҳбонро садо кард. Посухе наёмад. Зоҳиран, нигаҳбон аз ҳавои бад сарпаноҳ ҷуста, акнун дар ошпазхона ва ё гулхона ба хоб рафта буд. 
«Агар ман ҷуръати амалӣ кардани ҳадафамро дошта бошам, – андешид пирамард, – он гоҳ сояи занну гумон аз ҳама пеш бар рӯйи нигаҳбон хоҳад уфтод». 
Ӯ дар торикӣ пиллаҳову дарро даст-даст карда, вориди даҳлези кулба шуд, баъд ламскунон ба роҳрави хурде расид ва гӯгирд зад. Он ҷо ҷонзоде набуд. Тахти хобе бидуни ҷогаҳ меистод, дар гӯшае низ як бухории оҳанӣ сиёҳӣ мекард. Муҳру хатт ҳам рӯйи дари ҳуҷраи зиндонӣ ношикаставу побарҷо буданд. 
Вақте шуълаи гӯгирд хомӯш шуд, пирамард, ки аз ғояти ҳаяҷон меларзид, аз тирезача ба дохил нигарист.

Дар утоқи зиндонӣ шамъе хира месӯхт. Ӯ худ дар пушти миз нишаста буд. Танҳо пушташ ва мӯйи сару дастонаш дида мешуд. Бар рӯйи мизу ду курсӣ ва болои қолии назди миз китобҳо боз ва паҳну парешон буданд. 
Панҷ дақиқа гузашт, ва зиндонӣ як бор ҳам такон нахӯрд. Понздаҳ соли зиндон дарсе барояш дода буд, ки бидуни ҳаракат бинишинад. Бонкдор тирезаро ангушт зад, ва дар посух ба ин садо аз зиндонӣ нидое дарнаёмад. Он гоҳ бонкдор хатту муҳрро бо иҳтиёт аз дар барканд ва калидро ба калидона афканд. Қуфли зангзада қарап-қуруп садо дод, ва дар ҳам бо ғижж-ғижи дилхарош ба наво омад. Бонкдор интизор дошт, ки дар ҳамин лаҳза садои пойу фарёди шигифтангези он зиндонӣ шунида мешавад, аммо се дақиқа гузашт, ва даруни хона ҳамоно ором буд. Тасмим гирифт, ки ворид шавад.

Пушти миз нафаре нишаста буд беҳаракат, ҳич шабоҳат ба як инсони маъмулӣ надошт. Як искелете буд, ки пӯсташро ба устухонҳояш кашида буданд, бо гесӯвони чун занон марғула ва риши анбуҳи жӯлида. Ранги рӯяш зарду заҳир, ба ранги хок мемонд, рухсораҳояш чӯкида буданд, пушташ дарозу борик шуда буд, ва дасте, ки бо он сари пурмӯяшро такя зада буд, чунон наҳифу пӯсту устухон буд, ки диданаш касро ба ваҳшат меовард. Мӯйҳои ӯ акнун нуқраандудаву мошубиринҷ шуда буданд; ва бо дидани ин чеҳраи афсурда, кас бовар намекард, ки вай ҳамагӣ чиҳил сол дорад. Ӯ хуфта буд...Дар рӯйи миз, пеши сари хамидааш, баргаи коғазе мехобид, ки дар он бо хатти рез чизҳое навишта шуда буд.

«Бечораи бадбахт! – бо худ андешид бонкдор. – Хоб аст ва, шояд, милёнҳоеро дар хоб мебинад! Ва кофист, ки ман ин пайкари ниммурдаро бардораму рӯйи рахти хоб андозам, бо болишт саҳлу сабук буғияш кунам, ва дақиқтарин озмоишгоҳ ҳам ҳич як аломати марги иҷбориро наметавонад пайдо кунад. Аммо бигзор нахуст бихонам, ки ӯ ин ҷо чӣ чизе навишта...»

Бонкдор баргаи навиштаро аз рӯйи миз баргирифту хонд: 

«Пагоҳ соъати 12-и зуҳр ман озодии худ ва ҳаққи ҳамсуҳбатӣ ба мардумонро ба даст хоҳам овард. Аммо, пеш аз тарк кардани ин ҳуҷра ва тамошои Хуршед, ман лозим медонам ба шумо чанд сухан гӯям. Бо виҷдони пок ва дар пешгоҳи Худованд, ки нозири ман аст, ба шумоён эълом медорам, ки ман ба озодӣ, ва ба зиндагӣ, ва ба тандурустӣ, ва ҳар он чизе ки дар китобҳои шумо хайру баракати ҷаҳон номида мешаванд, нафрат дорам.

Ман понздаҳ сол бо камоли диққат зиндагии инҷаҳониро мутолаъа кардам. Дуруст аст, ки дар ин муддат ман на заминро дидам ва на мардумонро, аммо дар китобҳои шумо ман шароби ноб нӯшидам, суруди хуш хондам, дар бешазор ба дунболи оҳувону гурозони ваҳшӣ давидам, ишқи занон варзидам... Заноне зебо, латифу дилрубо, ҳамчу порае абр, ки бо завқи афсунгари шоирони нобиғаи шумо сохта шудаанд, шабҳо ба дидани ман меомаданд ва ба гӯшам афсонаҳои шигифтангезе замзама мекарданд, ки ман масту мадҳуш мешудам. Дар китобҳои шумо то фарозиАлбурзу Мунблон боло рафтам ва аз он ҷо дидам, ки чӣ гуна Хуршед дар субҳгоҳон тулуъ мекунад ва шомгоҳ чӣ сон бо шуъои зарандуди арғавонии хеш осмону уқёнусу қуллаҳои кӯҳҳоро нурборон мекунад; аз он ҷо дидам, кид ар баробари ман чӣ гуна барқ медурахшиду абрҳоро мешикофт; ман бешазорони сарсабз, киштзорҳо, дарёҳо, кӯлҳо, шаҳрҳоро дидам, садои суруди париҳои обӣ ва навои найи чӯпониро шунидам, болҳои шаётини фаттонро, ки назди ман ба парвоз омада буданд, то бо ҳам дар бораи Худованд суҳбат кунем, ламс кардам... Дар китобҳои шумо ман худро ба партгоҳҳои бетаг афгандам, муъҷиза намудам, инсонҳоеро куштам, шаҳрҳоеро сӯхтам, адёни наверо таблиғ кардам, импиротуриҳои бузургеро зери даст гирифтам...

Китобҳои шумо маро хирад омӯхт. Ҳама он чӣ, ки афкори хастанопазири инсонӣ дар пайи асрҳо эҷод кард, ҳамчун наволаяк дар косаи сари ман фишурда шуд. Ман медонам, ки аз ҳамаи шумоён хирадмандтарам. Ва ман аз китобҳои шумо безорам, ба ҳама неъматҳову хиради ин ҷаҳон нафрат дорам. Инҳо ҳама ночиз, нопойдор, хаёливу фиреби назаранд, ҳамчун сароб. Гирифтем ки шумо боғурур, хирадманд ва зебо ҳастед, аммо боз ҳам марг шуморо по ба по бо мушони пинҳон дар зери сӯрохиҳо, аз рӯйи замин пок мекунад, аммо насли ояндаи шумо, таърих, ҷовидонагии нобиғаҳои шумо ях мебандад ва ё якҷо бо кураи хокӣ месӯзад.

Шумо девонаед ва по ба бероҳа гузоштаед. Дурӯғро шумо рост пиндоштаед ва зиштиро зебоӣ меангоред. Шумо мутаҳаййир хоҳед шуд, ки агар дар пайи ягон шароите дарахтони себу афлесун ғуку калтакалос бор оранд ва ё аз гулҳои садбарг бӯйи аспҳои арақшор ояд; ҳамин тавр ки ман аз шумо ҳангу манг шудаам, ки осмонро замин пиндоштед. Ман намехоҳам шуморо дарк кунам. 
Барои он ки амалан ба шумо нафратамро баён намоям, ки чӣ марому маҳаке дар зиндагӣ доред, ман аз ин ду милён, ки рӯзе орзуяшро мекардам, даст мекашам, ҳамчун аз биҳиште ки акнун мутанаффирам аз он. Барои он ки худро аз ҳаққи гирифтани он пул маҳрум созам, ман аз ин ҷо панҷ соъат пеш аз замони муқаррар берун меоям ва ҳамин тариқ нақзи паймон мекунам...»

Пас аз хондани ин навишта, бонкдор коғазро бар рӯи миз гузошт, сари ин марди аҷибро бӯсид, гирён шуду аз ҳуҷра бурун рафт. Ҳаргиз дар ҳич замони дигаре, ҳатто пас аз бохтҳои сангин дар бозори бурс, вай ин гуна хиффату хориро дар худ иҳсос накарда буд. Чун ба хона баргашт, ба рӯйи рахти хоб дароз кашид, аммо ҳаяҷону ашк хеле вақт нагузоштандаш, ки бихобад.

Субҳи рӯзи дигар нигаҳбонон бо ранги рӯи канда, давон-давон омаданд ва гуфтанд, онҳо мардеро, ки дар иморати фаръӣ зиндагӣ мекард, дидаанд, ки чӣ гуна аз тиреза ба боғ поин шуд, сӯи дарвоза рафт, сипас ба куҷое ғайб заду аз назарҳо ғоиб шуд. Бонкдор ҳамон дам ҳамроҳи нигаҳбонон ба он иморати канорӣ рафт ва фирори зиндониро таъйид кард. Ба манзури пешгирӣ аз ҳар гуна овоза, ӯ раддияномаеро, ки дар он аз дарёфти ду милён рубл чашмпӯшӣ шуда буд, аз рӯйи миз бардошт ва, чун ба хона омад, онро дар говсандуқ гузошт.

Тарҷумаи Обид Шакурзода,

Душанбе,

10. 7. 2019.

Барчаспҳо: