Таҳмина, яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҳамсари Рустам, модари Суҳроб мебошад. Аз Таҳмина дар достони “Рустам ва Суҳроб” – и «Шоҳнома»-и безавол ёд мешавад. Мувофиқи ривояти Фирдавсӣ, Рустам рўзе дар ҳудуди шаҳри Самангони Турон шикор карда, баъди анҷоми шикор соате ба хоб рафт. Аспи ў – Рахш ба галаи аспони шоҳи Самангон, ки дар наздикӣ мечариданд, ҳамроҳ шуд.
Рустам аз хоб бедор шуда, аспашро надид ва дар ҷустуҷўи он ба шаҳри Самангон ворид гардид.
Хоб ва таъсири он дар зиндагии ояндаи қаҳрамонон дар адабиёти классики форс - тоҷик ҷойи муайян дорад. Масалан, дар достони «Юсуф ва Зулайхо» Зулайхо Юсуфро дар хоб дида, ба ў дил мебандад. Хоб дар сарнавишти Юсуф низ нақши ҳалкунанда мебозад.Сабаби ба чоҳ андохтанаш он буд, ки дар хоб дид, ки офтобу моҳу ситора таъзимаш карданд. Ин чунин таъбир дошт, ки рўзе мерасаду падару бародаронаш ба ў сари таъзим фуруд хоҳанд овард. Ва оташи кинаи бародаронро нисбат ба ў барафрўхт. Баъдан
Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон мекунад. Асноди зарурӣ ҷиҳати ширкат дар ин озмун аз ҷониби Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар муҳлати 21 рўзи тақвимӣ баъди чопи эълони мазкур ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, кўчаи Теҳрон 5 қабул карда мешаванд.