Эълони озмуни ҷойи кор дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

 Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон мекунад. Асноди зарурӣ ҷиҳати ширкат дар ин озмун аз ҷониби Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар муҳлати 21 рўзи тақвимӣ баъди чопи эълони мазкур ба суроғаи шаҳри Душанбе,  хиёбони Исмоили Сомонӣ, кўчаи Теҳрон 5 қабул карда мешаванд.

 

 

р/т

Номи сохтор

Номи вазифаҳои холӣ

Воҳиди корӣ

Андозаи музди меҳнат (бе назардошти андоз) (сомонӣ)

1.

Котибот

Мутахассис

1

1324,80

2.

Шуъбаи коркарди адабиёт

Мутахассис

1

1324,80

 3.

Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён

Мутахассис

1

1324,80

4.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Мутахассис

2

1324,80

5.

Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ

Мутахассис

1

1324,80

6.

Шуъбаи адабиёти хориҷӣ

Мутахассис

1

1324,80

7.

Шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ

Мутахассис

1

1324,80

8.

Бахши иттилооти ҳуқуқӣ

Мутахассис

1

1324,80

9.

Бахши хизматрасонии шуъбаи хоҷагӣ

Мутахассис

1

1324,80

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи мутахассис:

  • Таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкурро таъмин карда тавонад;
  • Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои вазифавии мутахассисро танзим менамоянд;
  • Донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;
  • Малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • Донистани забонҳои хориҷӣ (барои кор дар шуъбаҳои робитаҳои байналмилалӣ, адабиёти хориҷӣ, тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ҳатмист) ва дониши компютерӣ ба инобат гирифта мешавад.

Аз довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

- ариза ба номи директори Китобхона;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо, 4 дона расм (андозаи 3х4);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсил;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 0,38);

- нусҳаи гувоҳномаи рақами  мушаххаси андозсупоранда;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома дар бораи доғи судӣ доштан ё надоштан;

Эзоҳ: Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ маълумоти иловагӣ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгўи корҳои илмӣ, тавсифномаҳо, тавсияҳо) пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар муҳлати 21 рўзи тақвимӣ баъди чопи эълон қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе,  хиёбони Исмоили Сомонӣ, кўчаи Теҳрон 5,

индекс: 734024,

телефонҳо барои иртибот:

221-05-86;

 221-89-90.

почтаи электронӣ: info@kmt.tj

Намунаи саволномаи озмуни ишғоли ҷойҳои холии корӣ дар 
Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Дар Фейсбук низ моро пайгирӣ намоед.

Дарёфти мавод: