Баргузории мизи мудаввари “Вазъи ҷаҳони имрўз ва ҷавонон” дар Китобхонаи миллӣ
Таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, “таҷрубаи мубориза бо терроризм нишон додааст, ки хатарноктарин навъи терроризм – терроризми динӣ ба шумор меравад”.
Имрӯз, 17 –уми феврал бо ташаббуси Маркази иттилооти ҳуқуқӣ ва Ташкилоти ибтидоии “Китобдор”–и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Вазъи ҷаҳони имрӯз ва ҷавонон” доир гардид.
Профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллӣ, ки ҳамоиши мазкурро ифтитоҳ кард, аз ҷумла гуфт: “Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шуд, ин “Соли ҷавонон” эълон гардидани соли 2017 мебошад. Ба ҳамин хотир, Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гифта буд дар ҳошияи Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии ҶТ як силсила чорабиниҳо, ҳамоишҳо ва мизҳои гирд доир намояд, ки нишасти имрӯзаи “Вазъи ҷаҳони имрӯз ва ҷавонон” аз ҳамин силсила аст. Ёдовар мешавем, ки ин аввалин чорабинӣ дар ҳошияи Паём набуда, қабл аз ин чандин чорабиниҳои ба ҳамин монанд доир гардида буд”.
Муовини Директори маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Азизӣ дар мавзўи «Пешгирии таблиғи ифротгароӣ ва тундгароӣ дар байни ҷавонон дар фазои иттилоотӣ» суханронӣ кард.
Вай аз ҷумла зикр кард, ки “аз таҳлили фазои иттилоотӣ ва ба хусус интернетии минтақа метавон ба хулосае омад, ки дар 10-15 соли ахир густариши таблиғи ақидаҳои ҷараёнҳои ифротӣ ва тундгаро ба назар мерасад. Ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки бештар ҷавонон таҳти таъсири таблиғоти он қарор мегиранд ва истифода аз дин ба унвони василаи расидан ба ҳадафҳои худ барои тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкории арзишҳои дунявии рушди ҷомеа мусоидат менамояд.”
Баъдан, сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Зубайдулло Давлатов таҳти унвони «Дар шинохти башараи манфури терроризм» маърӯза кард. Зубайдулло Давлатов гуфт, ки “терроризми имрўз хусусиятҳои нав пайдо кардааст. Яке аз ин хусусиятҳо пайванд додани хушунат, даҳшатафканӣ бо расонаҳои хабарӣ мебошад. Имрўз террористон аз расонаҳои хабарӣ ба таврӣ васеъ истифода бурда истодаанд. Имрўз расонаҳо дар бузург кардан ва аҳамият додан ба таҳдидҳои террористон дар афкори омма зеҳниятсозӣ мекунанд, тарс ва ваҳшатро дар вуҷуди одамон ҷо намуда ва ба террористҳо дар таблиғи мақсадҳояшон ёрӣ мерасонанд”.
Ҳамчунин, Зубайдулло Давлатов дар мавриди терроризми динӣ низ ибрози назар намуд. Вай аз ҷумла гуфт: “Бояд гўем, имрўз терроризм бештар тобиши динӣ касб намудааст. Террористон мутаассифона, тибқи паймони мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди динӣ амал менамоянд. Бино ба таҳлили дақиқ ва оморгирии ҳамаҷониба дар соли 1995 нисфи террористони байналмилалиро мутаассибони динӣ ташкил медоданд. Таҷрубаи мубориза бо терроризм нишон додааст, ки хатарноктарин навъи терроризм – терроризми динӣ ба шумор меравад”.
Дар охир мубодилаи афкор миёни иштирокчиён сурат гирифт.
Фарзонаи МИРЗО