Профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки тамаддуни исломӣ ё фарҳанги исломии мо дар муддати ҳазорсолаи охир аз таҷрибаҳои гузаштагони мо ба таври самарабахш истифода карда, имрўз пояи аслии тамаддуни моро ташкил медиҳад. Дар ҳазорсолаи охир фарҳанги миллии мо бо фарҳанги исломӣ омезиши рангин пайдо карда, бахшҳои аслии фарҳангу тамаддуни худро ба он дода, дар бунёди таҳдоби фарҳангу тамаддуни исломӣ таъсир гузошта ба он бўи тоҷикӣ дод. Дар ин давра шахсиятҳо ва нобиғаҳои зиёде ба дунё омаданд, ки дар ташаккули халқи тоҷик, забону адаб ва фарҳанги исломии
«Ба ҷаноби олимартаба рафиқи муҳтарам Мирзо Абдулқодир ин асар аз тарафи муаллиф бо эҳтироми тамом тақдим мешавад». Ин як ҷумларо олими баруманд дар ҳошияи китобе навиштааст, ки ба Мирзо Абдулқодир Муҳиддинов ҳадя кардааст. Нодиртарин китобе, ки дар бойгонии шуъбаи нигаҳдории депозитарӣ маҳфуз аст.
Сухан аз китоби шарқшинос, мардумшинос, бостоншинос ва забоншиноси Иттиҳодӣ Шўравӣ Михаиил Степанович Андреев бо номи «Нигораҳои тоҷикони куҳистон ва қирғизҳои Помир» (Орнамент горных таджиков и киргизов Памира) аст, ки соли 1928 дар чопхонаи «Типо-литография №2 Казгиза»-и шаҳри Тошкент ба нашр рисидааст. Китоби мазкур аз 41 саҳифа иборат буда, дар қисмати аввали он доир ба нақшу нигори тоҷикони болооби Амударё ва дар қисмати дуюм доир ба нақшу нигори қирғизҳои Помир маълумот дода шудааст. Бояд гуфт, ки муаллиф