Китобе, ки Михаил Андреев ба Мирзо Абдулқодир Муҳиддинов туҳфа кардааст

«Ба ҷаноби олимартаба рафиқи муҳтарам Мирзо Абдулқодир ин асар аз тарафи муаллиф бо эҳтироми тамом тақдим мешавад». Ин як ҷумларо олими баруманд дар ҳошияи китобе навиштааст, ки ба Мирзо Абдулқодир Муҳиддинов ҳадя кардааст. Нодиртарин китобе, ки дар бойгонии шуъбаи нигаҳдории депозитарӣ маҳфуз аст.
Сухан аз китоби шарқшинос, мардумшинос, бостоншинос ва забоншиноси Иттиҳодӣ Шўравӣ  Михаиил Степанович Андреев бо номи «Нигораҳои тоҷикони куҳистон ва қирғизҳои Помир» (Орнамент горных таджиков и киргизов Памира) аст, ки  соли 1928 дар чопхонаи «Типо-литография №2 Казгиза»-и шаҳри Тошкент ба нашр рисидааст. Китоби мазкур аз 41 саҳифа иборат буда, дар қисмати аввали он доир ба нақшу нигори тоҷикони болооби Амударё  ва дар қисмати дуюм доир ба нақшу нигори қирғизҳои Помир маълумот дода шудааст. Бояд гуфт, ки муаллиф дар баробари таҳқиқот доир ба нигораҳо, инчунин намунаи нақшу нигори тоҷикон ва қирғизҳои Помирро бо расмҳо нишон дода, ҳамзамон дар бораи онҳо маълумот пешниҳод намудаву номи ҳар як нақши миллиро зикр кардааст. 
Ҷолибияти нусхаи дардастбудаи мо дар он аст, ки аз рўзноманигор ва яке аз равшанфикрони солҳои 20-уми асри гузашта Мирзо Абдулқодир Муҳиддинов ба мерос мондааст. Китоб аз ҷониби Михаил Степанович Андреев ба Мирзо Абдулқодир Муҳиддинов ҳадя карда шудааст. Дар аввалин саҳифаи муқоваи китоб бо ҳуруфи форсии зебо чунин навишта шудааст: «Ба ҷаноби олимартаба рафиқи муҳтарам Мирзо Абдулқодир ин асар аз тарафи муаллиф бо эҳтироми  тамом  тақдим  мешавад».
Мутассифона, дар дастхати Андреев кадом сол тақдим шудани китоб дарҷ нагардидааст, аммо метавон тахмин кард, ки соли нашри китоб, яъне дар соли 1928 ҳадя шудааст. Маврид ба зикр аст, ки Мирзо Абдулқодир Муҳиддинов  соли 1928 муҳаррири рўзномаи «Қутулиш» буд.  Рўзномаи мазкур аз моҳи июни соли 1928 аввал дар Тошканд ва баъдан дар Когон асосан бо забони тоҷикӣ чоп мешуд. Дар он  Муҳиддинов муҳаррир ва шахсиятҳои баруманде чун Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим ва Абдурауфи  Фитрат узви ҳайати таҳририя буданд.  
Соядасти самимӣ ва тақдими китоб баёнгари ин нукта аст, ки муҳаққиқон М.Андреев ва А.Муҳиддинов бо ҳам иртиботи наздик ва дӯстона доштанд.  
Айни замон аз китоби «Нақшу нигори тоҷикони куҳистон ва қирғизҳои Помир» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамин як нусха ҳадяшуда ба Муҳиддинов таҳти рақами 23712 нигоҳдорӣ карда мешавад. Ин нусха ахиран аз дохили фонди Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ пайдо гардид ва дар шуъбаи мазкур нигоҳдорӣ карда мешавад.
Муҳаққиқон, тарроҳон ва дўстдорони фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва халқҳои Осиёи Миёна метавонанд барои мутолиаи ин китоб ба Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Муҳаммаднабӣ Баёнӣ, сардори
Шуъбаи нигоҳдории депозитарии  КМТ