Дар ситоиши китоб гуфтанду гӯянд...

Китоб  ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат  барои поку бегазанд нигоҳ  доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тавқият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳию худшиносии  ҳар як фард нақши бузург дорад.

Эмомалӣ  Раҳмон

Халқи мо аз  қадим китобдору китобхон буд  ва ин анъанаро  бояд ҳифз карда, идома бидиҳем.

Эмомалӣ  Раҳмон

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Беҳтар зи китобхона ҷое набувад,
Хуштар зи китоб ошное набувад.

Дар даҳр барои рафъи амрози вуҷуд
Монанди мутолиа давое набувад

Алӣ  Бобоҷон

Китоб васиятномаи рўҳии як насл  ба насли дигар мебошад. Вай барномаи ҳаёти оянда мебошад!

Александр Герсен

Муҳимтарин ихтирои башар китоб аст. Тамоми молу мулк, бозёфте,  ки ба даст меояд, нестшаванда аст. Аммо китоб барои инсонҳо  ҳамеша  муфид аст.

Муҳаммад   Ҳиҷозӣ

Китоб аз ҳамаи мўъчизаҳое, ки инсоният дар роҳи бахту садат ва тавоногии худ офаридааст, шояд мўъҷизаи аз ҳама мураккабу бузургтар  бошад…

Максим  Горкий

Китоб омўзгори рўзгор аст,
Рафиқи меҳрубону ғамгусор аст

Хар он ки, бо китоб андар сухан  шуд
Суханпарвардаи ҳар анҷуман шуд.

Муҳтарам Ҳотам

Агар аз бачагӣ дар кўдак нисбати китоб меҳру муҳаббат  парварида нашуда бошад, агар китобхонӣ талаботи маънавии якумрии ў нагардида бошад, дар солҳои наврасӣ  дар вуҷуди наврас чизе нахоҳад буд, бешак хислати бад пайдо мекунад.

В. А. Сухомлинский

Сад хона китоб хондию  нест ба ёд
Бояд  ки  китобхона дар сина бувад

Тошхўҷа Асирӣ

Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,
Ин ду қувват эътибори миллат  аст.

Муҳаммад Иқбол

Дўст медорам туро, эй ҳамдами ҷонам китоб
Аз саҳар то шом ман чун ошиқон хонам китоб.
Аз ту мегирем моён дасти илму маърифат
Аз ту шоду хуррамам, эй маҳрами ҷонам китоб
Ман туро чун модари худ мекунам хурмат мудом,
Аз сарат то охират сад борҳо хонам китоб.

                                  Гулчеҳра Сулаймонова

Таҳияи Муҳаммаднабӣ Баёнӣ