Дар як сол хонандагони Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ 5 920 адабиёти нодир мутолиа кардаанд

Кормандони Шуъбаи нигаҳдории депозитарӣ дар як сол 32 мақола аз фаъолиятҳои худ интишор додаанд.
Соли 2016 Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ба 5017 нафар хонанда хизмат расондааст, ки нисбат ба як соли пеш 2416 зиёд мебошад.Дар як сол хонандагони шуъба бо 5 ҳазору 920 адабиёти нодир ошно шудаанд.
Бо истифода аз технологияи муосири иттилоотии компютерӣ, сабти номи муштариёни шуъба дар рўйхати электронии ташрифи хонандагон  ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин 6407 баргаи анъанавии  феҳристи шуъба ба шакли электронӣ гардонида шуд, ки бо истифода аз ин усул, барқарор ва таҷдидӣ баргаҳои фарсудашудаи анъанавӣ ба роҳ монда шуд.
Бо супориши роҳбарияти Китобхона кормандони шуъба китобҳо доир ба таърих, фарҳанг ва урфу одати тоҷиконро аз бойгонӣ ҷустуҷў намуда, зиёда аз 100 адад китоби доир ба масоили зикршударо пайдо ва онҳоро ба рӯйхат дароварда, тасвири библиографӣ карданд.
Доир ба осори таърихию фарҳангии дар боло зикршуда аз ҷонибӣ кормандони шуъба 32 мақола таълиф карда шуда, аз онҳо 28 мақола дар сомонаи китобхона интишор ёфт. 
Маврид ба таъкид аст, ки Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ яке аз бахшҳои муҳим дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон буда, самтҳои асосии фаъолияти шуъба ҳифзу нигоҳдории асарҳои нодир ва осори илмию адабии камистифодашаванда ва иҷрои дархостҳои хонандагон барои мутолаи адабиёти илмию бадеӣ мебошад.