Шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо дар тӯли як сол 2405 нусха китобро таъмир кардааст. Аз ҷумла, бо таҷҳизотҳои махсус 90 104 варақаҳои дархостиро буриданд ва 26 000 баргаҳоро сӯрох намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо яке аз шуъбаҳои таркибии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, вазифаи асосии он қонеъ гардонидани талаботи шуъбаҳо ва бахшҳои Китобхона доир ба таъмиру тармими фондҳои китобии шуъбаҳо ва бахшҳо мебошад.
Аз субҳи имрӯз, 5-уми январ ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ пур аз хонандагон буд. Аз сӯйе таътили мактаббачагон онҳоро ба китобхона кашидааст ва ҷониби дигар ин донишҷӯёни макотиби олии кишваранд, ки ба имтиҳонҳои нимсола омодагӣ мегиранд.
Аксҳои ҳамкорамон Хусрави Милод гузорише мебошанд аз чандин толорҳои хониш, ки мебинед.
Хурд будам. Аввали соли хониш буд. Мо нав аз синфи ибтидоӣ ба синфи панҷум гузашта будем.
Баъд аз шиносоӣ бо роҳбари синфамон муаллима Марзия Утаева ва синфхонаи навамон, мо ба саҳни мактаб баромадем ва ман ҳамроҳи писархолаам Фурқат, ки якҷо ба мактаб рафта меомадем, бо мақсади обнўшӣ паси бино гузаштем. Он ҷо шоҳиди як воқеа шудам, ки дар тўли чор соли таҳсилам чунин воқеаро дар миёни гурўҳи ҳамсинфон ёд надоштам. Ҳамсинфон дар