Таъмири 2405 китоб дар як сол
Нашр шуд 2017-01-05 19:40
Шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо дар тӯли як сол 2405 нусха китобро таъмир кардааст. Аз ҷумла, бо таҷҳизотҳои махсус 90 104 варақаҳои дархостиро буриданд ва 26 000 баргаҳоро сӯрох намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо яке аз шуъбаҳои таркибии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, вазифаи асосии он қонеъ гардонидани талаботи шуъбаҳо ва бахшҳои Китобхона доир ба таъмиру тармими фондҳои китобии шуъбаҳо ва бахшҳо мебошад.
Барои пешравии кори шуъба навгониҳои соҳаи таъмир ва тармимро аз китобу маҷаллахо ва сайтҳои интернетӣ меомӯзанд.
С. Ҳабибова
Сардори шуъбаи таъмир ва тармим