Activities calendar

16 января 2017

Рӯзи низофату покӣ дар Китобхонаи миллӣ

Анъанаест, ки ҳар моҳ  дар Китобхонаи миллӣ рӯзи низофату покӣ баргузор мешавад.
Аз сари субҳ кормнадонаш ҳозир мешаванд ва шуруъ аз утоқҳои кориву толорҳои хониш то беруну атрофи биноро мерӯбанду тоза мекунанд.
Дирӯз, якшанбе низ чунин рӯзе буд ва аксҳои ҳамкорамон Хусрави Милод ҳикоятгари он лаҳзаҳоянд.

Аз 15-ум то 21-уми январи 2017

 15 январи соли 2017

  • 90 солагии зодрӯзи Ғафур Ҳайдаров (1927-2009), доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
  • 85 солагии зодрӯзи Раззоқ Ғаффоров (1932-2000), доктори илми филологӣ, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино.