Мо ҳимоятгари Ватан!
Нашр шуд 2017-02-21 17:17
Чунин номида шуд ин навбат озмуни расмкашии бачагони толори бахши кўдакон ва наврасон.
Тибқи нақшаи кории толор озмуни навбатии ба рўзи таъсисёбии Артиши миллӣ бахшида шуд. Пеш аз оғоз кормандони бахш доир ба ин рўз ба бачаҳо маълумот доданд ва аҳамияти онро фаҳмониданд. Гуфтанд, ки Артиши миллии Тоҷикистон 23-уми феврали соли 1993 таъсис шудааст ва инак, 24 сол аст, ки ин рӯзро чун Рӯзи Артиши миллӣ ҷашн мегирем. Мураббиён ҳамчунин дар бораи фазилатҳои доштани Артиш ба хонандагон маълумот доданд ва гуфтанд, ки маҳз артиш аст, ки Тоҷикистон ва Истиқлолияти онро ҳимоя мекунад, амнияти шаҳрвандони кишварро аз ҳамлаи эҳтимолии бегонагон таъмин месозад.
Чун толори бахши кўдакон ва наврасон бо Муассисаи давлатии телевизиони кўдакон ва наврасон «Баҳористон» ҳамкории зич дорад, аксари чорабиниҳои онро наворбардорӣ ва ё ҳаддиақал расмҳои кашидаи бачаҳоро баъдан намоиш медиҳад.
Бачаҳо ин бор тасаввуроти худро дар бораи Артиш назар ба нақли мураббиён, муаллимони мактабе, ки дар он таҳсил мекунанд ва волидонашон, ҳамчунин филмҳое, ки тамошо кардаанд, болои коғаз рехтанд.
Тасаввури ҳар кадом рангину ҷолиб буд. Ҳар кадоме талош кардааст расми кашидааш зебову дилкаш бошад. Аз расмҳо метавон дид, ки бачаҳои мо тасаввури комилтаре дар бораи сарбозони Ватан ва ҳимоятгарони марзу буми кишвар доранд.
Қарор аст баъди нишон додани ин расмҳо дар “Баҳористон” ғолибони озмуни беҳтарин тасвир ба тамошои боғҳои фарҳангӣ, театрҳо сафарбар шаванд.