Мулоқоти хонандагони китобхона бо ҳудудан 50 нафар сарбозону афсарони неруҳои мусаллаҳи кишвар дар Китобхонаи миллӣ хотирмону ҷолиб ба анҷом расид.
Бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон баъди зуҳри имрӯз, 22- уми феврал мулоқоти афсарон ва сарбозон бо ҷавонон бахшида ба рўзи Артиши миллӣ зери унвони «Ҳомиёни Ватан» доир гардид.
23-уми феврал Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аст. 24-умин сол аст, ки ҳар сол ин рӯз таҷлил мешавад ва ҳар сол хоставу нохоста кас мехоҳад таърихи таъсиси Артиши миллиро варақ занад, роҳи тайкардаи қариб биступанҷсолаи онро пеши назар орад. Ва ин ёдкард хуб аст, чун наслҳо бояд донанд, ки Артиши миллии мо дар кадом шароит бунёд шуд ва тӯли ин муддат то куҷо рушд кард, таҷриба омӯхт.
Тибқи таҳқиқоти олимони дунё ва мушоҳидаҳои дақиқи муҳаққиқони барҷаста маълум мешавад, ки афзалияти зиндагии инсонҳои рўи олам бешак аз мутолиаи дурусти китоб аст. Тамоми нуфузу манзалати одам аз мутолиаи бемайлони китоб ва пайваста дастрас намудани рўзномаю маҷаллаҳои машҳури давлативу ғайридавлатӣ мебошад, ки ин ба донишманд гаштани шахс ёрӣ мерасонад.
Мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо инсонро дар
Дирӯз, 21-уми феврал бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дар толори Шуъбаи хизматрасонии махсус мулоқоти хонандагон бо афсарони собиқадор баргузор шуд. Ҳадаф аз ин мулоқот ёдоварии он рӯзе буд, ки бори аввал дар кишвар Артиши миллӣ таъсис шуд ва инак 24 сол ба инҷониб 23-уми февралро мо чун рӯзи мудофеини Ватан таҷлил мекунем.
Дар ин чорабинӣ подполковник Шавкат Мирзоев–Раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори шаҳри Душанбе, полковник Тоҳир