Родмардони интернатсионалист дар меҳмонии хонандагон

Дирӯз, 21-уми феврал бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дар толори Шуъбаи хизматрасонии махсус мулоқоти хонандагон бо афсарони собиқадор баргузор шуд. Ҳадаф аз ин мулоқот ёдоварии он рӯзе буд, ки бори аввал дар кишвар Артиши миллӣ таъсис шуд ва инак 24 сол ба инҷониб 23-уми февралро мо чун рӯзи мудофеини Ватан таҷлил мекунем.  
Дар ин чорабинӣ подполковник Шавкат Мирзоев–Раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори шаҳри Душанбе, полковник Тоҳир Шарипов-мушовири калони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Элдар Қудратов-аъзои маркази Иттиҳоди интернатсионалистони шаҳри Душанбе ширкат доштанд.
Шавкат Мирзоев дар суханони ифтитоҳии худ ҳозиронро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ муборакбод кард ва гуфт, ки хизмат дар сафи Артиш ин хизмат ба Ватан, ҳифзи якпорчагӣ ва тамомияти арзии он аст.
Ба андешаи Шавкат Мирзоев дар артиши миллӣ асосан ҷавонон хизмат мекунанд ва садоқату вафодории онҳо ба қасами ҳарбии худ сутуданист. Вай афзуд, ки ояндаи ин кишвару сарзамин маҳз дар дасти ҷавонон аст. Пас, ҷавононро месазад барои ин Ватан, марзу буми хеш содиқонаву одилона хизмат намоянд.
Тоҳир Шарипов дар бораи ҷасорату мардонагӣ суханронӣ кард ва бо мисолҳои зиёде шарҳ дод, ки маҳз ҷасорату мардонагист, ки душман аз сарбоз меҳаросад. Мавсуф дар бораи хатарҳои ҷаҳонии бесуботгардонандаи амнияти кишварҳо ҳарф зад ва гуфт, ки гуруҳҳои ифтиротие, ки вақтҳои охир пайдо шудаанд, рабте ба тамаддуни диниву мазҳабӣ надоранд. Онҳо танҳо ҳадаф доранд минтақаҳоро ноамн кунанд ва бо истифода аз ин даст ба қатлу ғорати мардум зананд.
Ман ба ҷавонони тоҷик рў оварда, мегўям, ки ҳамеша ҳушёру зирак ва дурандеш бошанду аз ақли солим кор гиранд ва ҳагиз фирефтаи таблиғоти бегонагон набошанд. Ин Ватан аз ҳамаи мост ва ба таъмини амнияти он ҳамаи мо баробар масъулем”,- гуфт ӯ.
Дар поёни мулоқот миёни ширкаткунандагон табодули афкор сурат гирифт ва хонандагони Шуъбаи хизматрасонии махсус ба чанд суоли худ вобаста ба вижагиҳои хизмат дар сафи Артиш, таърихи таъсиси Артиши миллӣ ва ғайра посух гирифтанд. 

Фарзонаи МИРЗО