Хайру саховат ба маъюбону бенавоён ва ятимон кайҳост дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Чанде қабл дар арафаи Иди сайиди Фитр маъмурияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, иттифоқи касаба ва Шурои занони Китобхонаи миллӣ ба Муассисаи давлатии хонаи кӯдакони № 1-и махсусгардонидашудаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 2 адад тахтаи синф бо таҷҳизоташ ва китобҳои рангаи бачагона ҳадя намуданд. Худи ҳамон рӯз баъд аз зуҳр бошад ба 15 оилаи камбизоат ва маъюбони маҳаллаҳои Маҳмадулло Холов ва Телмани ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маводи ғизоӣ тақсим карданд.
Салима Раҷабова- Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ бо ҷамъе аз ҳамкорон ба аёдати як маҷруҳ аз шаҳри Душанбе рафтанд ва ба ӯ маводи ғизоӣ ва миқдоре пул тақдим намуданд.
Ин аёдат дар пайи як номае сурат гирифт, ки Донишҷон Оев, сокини ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти кишвар увонмии роҳбарияти Китобхонаи миллӣ навишта буд.
Маҷруҳи гуруҳи якум Донишҷон Оев аз ҷумла навишта: “Чуноне ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид мекунанд, ки беҳтарин кори хайру савоб дастгирии маъюбону муҳтоҷон, ниёзмандону бепарасторон ва пирону барҷомондагон аст”.
Оев Донишҷон Истамқулович, соли таваллудаш 9 апрели соли 1979 истиќоматкунандаи шањри Душанбе мебошад. 30 – уми июли соли 2010 ба садама дучор шуда, сутунмўњрааш осеб ёфтааст. Тули 7 сол мешавад роњ гашта наметавонад. Айни ҳол дар бистари беморӣ буда, чун маъюби гурӯҳи якум нафақа мегирад. Вай оиладор ва соҳиби як фарзанд мебошад. Маълумоташ олӣ буда, ихтисосаш иқтисодчӣ аст.
Дар ҷавоби ин мактуб бо супориши Директори Китобхонаи миллӣ профессор Сайфиддин Назарзода дар арафаи иди маъюбон, ки ҳамасола 8 июл баргузор мегардад, муовини директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова бо як гурўҳ кормандони Китобхона ба аёдати Оев Донишҷон рафтанд ва ба ӯ маводи озуқа ва як миқдор маблағи пулӣ кӯмак намуданд.
Соате бо ин марди маҷруҳ буданд ва миёни онҳо суҳбати дилнишину хотирмоне сурат гирифт. Аз суҳбат Донишҷонро марди фарҳангӣ ёфтанд. Суҳбат аз китобу китобхона хуш буд ва дар поёни дидор Донишҷон Оевро ба узвияти Китобхонаи миллӣ қабул намуда, ҳамзамон чанд номгӯ китоб низ туҳфа карданд.
Ёдовар мешавем, ки хайру саховат ба маъюбону бенавоён ва ятимон кайҳост дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Чанде қабл дар арафаи Иди сайиди Фитр маъмурияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, иттифоқи касаба ва Шурои занони Китобхонаи миллӣ ба Муассисаи давлатии хонаи кӯдакони № 1-и махсусгардонидашудаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 2 адад тахтаи синф бо таҷҳизоташ ва китобҳои рангаи бачагона ҳадя намуданд. Худи ҳамон рӯз баъд аз зуҳр бошад ба 15 оилаи камбизоат ва маъюбони маҳаллаҳои Маҳмадулло Холов ва Телмани ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маводи ғизоӣ тақсим карданд.
Фарзонаи МИРЗО