Нафаси тозаи Наврўз муборак бошад...
Нашр шуд 2017-03-20 21:22
Кормандони Китобхонаи миллӣ субҳи имрӯз бо баргузории як чорабинии ҷолиб ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз шитофтанд.
Аз субҳи имрӯз даромадгоҳи асосӣ ва саҳни ҳавлии Китобхонаи миллӣ намуди идона дошт. Аслан аз дирӯз ба ороиши саҳнаи ҷашнӣ омодагӣ мерафт ва субҳ аллакай ин саҳна ва базмгоҳ ба қабули ширкаткунандагоан омода буд. Баннери Наврузӣ ва сӯзаниҳои гуногун овехта, аз саҳни ҳавлӣ то ошёнаи дуюм, дар зинаҳо табақҳои сабза ва сӯзаниҳои гулдӯзии гуногун гузошта шудаанд. Инчунин аз ду тарафи даромадгоҳи асосӣ ду миз барои оро додани дастурхони Наврузӣ, дар яке «ҳафт син» ва дар дигаре «ҳафт шин» низ ба назар мерасид.
Соати 8:00 ҷашнгоҳ барои баргузории чорабинӣ омода буд. Ҳамзамон деги суманак ва дигар хўрокҳои баҳориву наврўзӣ гузошта шуда, аз тарафи масъулин дар рафти чорабинӣ иштирокчиён ва меҳмонон пазироӣ карда мешуданд.
Дар қисмати рости саҳни Китобхона то даромадгоҳи асосӣ гўшаи дастархони наврўзии марказу шуъбаҳо, дар қисмати чап то даромадгоҳи асосӣ намоиши ҳунарҳои дастии миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.
Ду тарафи даромадгоҳи асосиро дар ошёнаи дуюм овезаҳои наврўзӣ зиннат додаанд ва то саҳни Китобхона қолин густурда шудааст. Ва боз намоиши китобҳои нодир ва тозанашр низ бахше аз ҳамин ороишот буд.
Чорабинӣ бо садои форами мусиқӣ, чаҳ-чаҳи булбул шуруъ шуд ва ҳозиринро аз фаро расидани баҳор ово дод. Ҳамкоронамон Абдуғаюр ва Масрура бо қироати аввалин мисраъои шеърӣ базми наврӯзиро оғоз бахшиданд. Наврўзи нав, ба хонаи аҳли ҷаҳон биё,
Эй рафта аз диёр, ба ин ошён биё.
“Шогун баҳор муборак” эй ҳамдиёри ман,
Бо дастагул ба таҳнияти хонадон биё.
Нафаси тозаи Наврўз муборак бошад!
Ҷашни фархундаю фирўз муборак бошад
Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавони бинем!
Чеҳраи поку дилафрўз муборак бошад!
Бояд гуфт, ки Наврўз таҷдиди хотираи бузургест. Хотираи ниёгони бузург ва ҳамтаборон ва мо низ дар ин рўз тамоми корҳоро пушти сар мекунему азизони хешро ёд меоварем. Мо тавассути Наврўз аз нав зиндагии ҷисмонию руҳонии хешро таҷдид мекунем ва дар домони табиат аз файзи заминию осмонии он лаззат мегирем ва чеҳраи мо аз шодмонӣ мешукуфад. Чунон ба назар мерасад, ки фарҳангу тамаддуни муосир ҳар қадар пешрафтатар гардад, ҳамонқадар решаи аҷдоди равшан мегардад.
Фалаксароёни Китобхонаи миллӣ бо оҳангеву таронае хотири ширкаткунандагонро шод карданд.
Абурайҳони Берунӣ ва Умари Хайём барои маънидод кардани пайдоиши Наврўз ба забони устура ва ривоёти динӣ такя карда, таърихи онро аз аҳди Каюмарс, яъне аз оғози офариниши Одам сар кардаанд. Ҳамагонӣ шудани Наврўз ва васф намудани Наврўз низ аз хусусиятҳои хосаи ин ҷашн аст.
Баҳору Наврўз бо қудуми муборакаш дар дили ҳар пиру барно нигохи зебои меорад, ба хусус ба шоирону нависандагон ва санъаткорону сухангўён, илҳоми эҷод мебахшад.
Базми наврӯзии Китобхонаи миллӣ саҳнаҳои хеле зиёди диданиву шуниданӣ дошт ва як саҳнаи он байтабарак, озмуни мӯйбофӣ буд, ки кормандони Китобхона дар он ширкат карданд.