Имсол ин ҷашни бостонии ориётаборон, ҷашни аҷдодии тоҷикон-Наврӯз бо рангу бӯи тоза ба кишвари тоҷикон қадам гузошт. Ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дошта, он аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад. Ниёгони мо ин ҷашнро аз насл ба насл, марҳала ба марҳала аввал ба таври шифоҳиву дарку фаҳмиши ботиниву зеҳнӣ ва баъд бо пайдоиши хат дар асарҳои хеш ба таври хаттӣ сабт намуда, то ба имрӯзиён расониданд. Агар ба умқи таърих назар афканем, аз давраҳои бостонӣ