Ҷилваи нави Наврӯз дар замони соҳибистиқлолӣ
Имсол ин ҷашни бостонии ориётаборон, ҷашни аҷдодии тоҷикон-Наврӯз бо рангу бӯи тоза ба кишвари тоҷикон қадам гузошт. Ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дошта, он аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад. Ниёгони мо ин ҷашнро аз насл ба насл, марҳала ба марҳала аввал ба таври шифоҳиву дарку фаҳмиши ботиниву зеҳнӣ ва баъд бо пайдоиши хат дар асарҳои хеш ба таври хаттӣ сабт намуда, то ба имрӯзиён расониданд. Агар ба умқи таърих назар афканем, аз давраҳои бостонӣ мардуми ориётабор, махсусан форсиёну бохтариён ва суғдиёну хоразмиён, солро ба чор фасл тақсим намуда, ҳам дар оғози чор фасл (Наврӯз-аввали баҳор, Меҳргон-аввали тирамоҳ, Сада-тахминан ба моҳи январ-аввали зимистон) ва дар 12 моҳи ҳар сол ҷашну идҳое доштанд, ки онҳоро бо вижагиҳои хос таҷлил мекарданд. Дар китоби «Наврӯзнома»-и Умари Хайём омадааст: «Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он, ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта бувад, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн ойин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».
Аввалан, бояд гуфт, ки дар аҳди қадиму бостон ҷашни Наврӯз аз 30 рӯз иборат буд. Ориётаборон дар ҳар 12 моҳи худ ҷашне доштанд ва рӯзҳои ҳар моҳро бо фариштае муваккал ва номи ӯро ба ин рӯз гузошта, ба он яке аз хусусиятҳои асотирӣ ва рамзии рӯзгори худро вобаста карда буданд. Тавре ки Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» менависад: «Ва дар субҳи Наврӯз фаҷру сапеда ба мунтаҳои наздикии худ ба замин мерасад ва мардум ба назар кардан ба он табаррук меҷӯянд. Ва ин рӯз «рӯзи Мухторӣ» аст, зеро ки номи ин рӯз Ҳурмузд аст, ки исми Худованди таолост, ки Офаридгор ва сонеу парварандаи дунё ва аҳли он аст».
Сониян, ҷашни Наврӯз ва рӯзи муайяни онро, ки ҳоло одатан 21 март пешвоз мегиранд, аз рӯзи тақвими солшумории шамсӣ муайян мекарданд, ки бо гузашти муддати муайян рӯзҳо ва соатҳо ва ҳатто моҳҳову солҳо дигар мешуданд. Бинобар ин ҳар шоҳаншоҳ ё подшоҳи бузург сари ҳар вақт олимону донишмандон ва мунаҷҷимонро ҷамъ мекард ва мувофиқи таҳқиқу баррасиҳои онҳо соату дақиқа ва солшумориро аз рӯи солшуморӣ ё тақвими нуҷумӣ муайян мекард. Аз ҷумла, дар давраи Салҷуқиён «Зичи маликшоҳӣ» таҳия гардид, ки дар кори таҳияи он Умари Хайём ҳамчун риёзидон иштирок карда буд. Ё дар аҳди Темуриён «Зичи Курагонӣ» дар шаҳри Самарқанд дар аҳди подшоҳии Улуғбек таҳия шуда буд.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои асосии мардуми ориётабор буда, аз умқи таърих сарчашма мегирад ва таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Нисбат додани баргузории ин ҷашн ба Каюмарсу Таҳмураспи девбанду Ҷамшед, ба ақидаи мо ба муайян кардани солшуморӣ ва мувофиқ кардани он ба хусусиятҳои табиӣ, яъне ба баҳорӣ, ба бурҷи ҳамал - ба аввали фарвардин рост омадани Офтоб аст, ки шояд дар давраҳои пешин, замони подшоҳии ин шоҳони асотирӣ аз нав аз рӯи гардиши ситораҳову Офтоб ба тартиб оварда мешуд. Умари Хайём дар ин бора дар «Наврӯзнома» менигорад: «Ва қиссаи он чунин аст, ки чун Каюмарс аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи ҳамал омада. Мӯбадон гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд. Мӯбадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд».
Ба Сулаймон (номи дурусти ӯ Соломон)- нисбат додани ҷашни Наврӯз ҳақиқати илмӣ ва хатти асотирӣ надорад, зеро ҷашну маросимҳои ӯ аз ҷашну ойинҳои мардуми ориётабор фарқи куллӣ дошт.
Дар оғози пайдоиши ҷашни хуҷастаи Наврӯз он 30 рӯз, яъне як моҳ ҷашн гирифта мешуд ва аз 15 то 25 рӯз пеш аз ҷашни Наврӯз омодагӣ ба он шурӯъ мегардид. Аввалан, рӯзи гузоштани сабзаи суманак, ки гандумро тар карда барои сабзидан мегузоштанд, бисту панҷ рӯз пеш аз ҷашни Наврӯз сурат мегирифт. Дуюм, имрӯз ҳам дар байни мардум ҷашне бо номи «Сари сол» вуҷуд дорад, ки тахминан ба 6-7 марти солшумории мо дуруст меояд. Ин ду нишона аз таърихи гузашта собит месозанд, ки дар давраҳои бостонӣ таҷлили ҷашни Наврӯз чандин рӯз пеш аз аввали фарвардин ё аввали ҳамал аз рӯи гоҳшумории хуршедӣ оғоз мешудааст.
Вале баъдан муддати ҷашнгирии Наврӯз танзим ва дар давраи Сосониён он шаш рӯз муқаррар гардид, ки аз рӯи гуфтаҳои Абӯрайҳони Берунӣ ба рӯзҳои муайян чунин тақсимбандӣ шуда буд:
Рӯзи аввал – қабулу пазироии мардум новобаста аз табақаи иҷтимоӣ аз тарафи шоҳаншоҳ.
Рӯзи дуюм – пазироии мансабдорон ва давлатмандон (волиҳову шоҳони кишварҳои тобеи шоҳаншоҳони Сосонӣ).
Рӯзи сеюм – пазироии мӯбадони зардуштӣ ва рӯҳониёни динҳои дигар.
Рӯзи чорум – қабули аҳли дарбор, дабирон ва кормандони девону дарбори Сосонӣ.
Рӯзи панҷум – пазироии фарзандон, хешу ақрабо ва наздикон.
Рӯзи шашум – ҷашни хосаи Наврӯз аз тарафи худи шоҳаншоҳ, ки «Наврӯзи бузург» номида мешуд. Дар бораи рӯзи шашуми ин ҷашн Берунӣ мегӯяд: «Ва дар рӯзи шашуми ин моҳ Наврӯзи бузург аст, ки назди эрониён иди бузургест. Ва гӯянд, ки Худованд дар ин рӯз аз офариниши ҷаҳон осуда шуд, зеро ин рӯз охири рӯзҳои шашгона аст. Ва дар ин рӯз Худованд Муштариро биёфарид ва фархундатарин соатҳои он рӯз соатҳои Муштарӣ аст. Ва аз ин ҷост, ки эрониён ин рӯзро «Рӯзи умед» ном ниҳоданд».Яке аз ҳамин рӯзҳо, рӯзи панҷуми ҷашн, ки ба рӯзи Исфандормуз мувофиқ меафтад, рӯзи ҷашни занҳо ҳисоб мешуд. Тавре ки мебинем, дар фарҳанги бостонии мо Рӯзи зан-модар ва ҷашни модарон ҷойгоҳи хоса дорад. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» менависад: «Исфандормузмоҳ, рӯзи панҷуми он «рӯзи Исфандормуз» фариштаи ваколатдор бар Замин ва низ ба занҳои дурусткору пок ва шавҳардӯсту хайрхоҳ ваколатдор аст. Ва дар замони гузашта ин моҳ ба василаи ин рӯз иди занон будааст. Ва дар ин ид мардон ба занон бахшиш менамуданд. Ва ҳанӯз ин расм дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла (Порт) боқӣ мондааст. Ва ба форсӣ онро «муждагирон» мегӯянд».
Баъди истилои араб ва қабули дини Ислом аз тарафи мардуми эронитабор дар ибтидо ҷашни Наврӯз ба монанди ҷашнҳои дигари бостонии мо – Садаву Меҳргон ҳамчун нишонаи ғайриисломӣ рад карда шуд. Вале оҳиста – оҳиста бо ба сари кор омадани шахсиятҳои эронитабор ва ошноии арабҳо бо расму оинҳои мо, махсусан дар давраи Аббосиҳо ҷашни Наврӯз ранги исломӣ гирифт ва бо номи «Суннати Ҷамшед» аз нав таҷлил гардид. Ҳамин тариқ, ҷашни Наврӯз рангу бӯи исломӣ гирифта, ба як ҷузъи таркибии фарҳангии исломии мо табдил ёфт ва бо шукӯҳу ҳашамат таҷлил мегардид. «Ҳафт шин» (шакар, шамъ, шарбат, шароб, шиннӣ, шир, шона) ба «Ҳафт син» (сирко, сабзӣ, сумоқ, санҷид, сир, себ, сипанд, дар баъзе ҳолатҳо ба ҷои сипанду сумоқ, суманаку санбӯса) иваз шуд.
Дар аҳди Сомониён ин ҷашн ҳамчун ҷашни миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардид. Рӯзи аввали Наврӯз бо номи «Наврӯзи кишоварзон» ва рӯзи панҷуми он бо номи «Наврӯзи муғон» аз ин давра маълум аст. Минбаъд ҳам дар девону дарборҳои гуногун ин ҷашни аҷдодии мо таҷлил гардида, таъсири пурфайзи худро ба миллату кишварҳои ҳамсоя расонид ва онҳо зери таъсири фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик Наврӯзи Аҷамро ҳамчун ҷашни миллии худ қабул карданд.
Дар замони аввали истиқлол таҷлили ҷашни Наврӯз рангу бӯи тоза гирифт. Он шукӯҳи шаҳомати давраҳои пурбортарин ва саршортарин густариши давлатдориву тамаддуни тоҷиконро бо накҳати тоза, ҷилваи тоҷикона аз нав барқарор намуд. Мулоқоти анъанавии Сарвари миллати тоҷик Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар дар остонаи ҷашни Наврӯз ва машварату маслиҳатҳои ӯ бо равшанфикрони тоҷик намунаи равшани бозгашт ба расму ойинҳои давлатдории ориёии мост. Қудуми Наврӯзи ҷаҳонӣ бар хоки поки Тоҷикистони соҳибистиқлол фархунда бод!
Сайфиддин НАЗАРЗОДА,
доктори илми филологӣ.