7 НОЯБР РӮЗИ ТЕАТР
Театри солҳои Истиқлолият як мавзуъи доманфарохи таҳлилист ва барои арзёбии бурду бохти он ба таҳлилҳои мӯшикофонаи мутахассисин ниёз дорем. Аммо ин чанд ҳарфе, ки мехоҳем бигӯем, тақвимист, яъне дар Рӯзи кормандони театр гуфтани чанд ҳарфе аз боби театри муосир аст.
Дар солҳои Истиқлолият санъати театрии тоҷик як марҳилаи бузургро пушти сар гузошт, биступанҷ соли гузашта солҳои созандагӣ буданд. Дар ин солҳо даҳҳои асарҳои хуби саҳнавӣ рӯйи саҳна омаданд ва доманаи мавзуъ низ васеъ буда: мо ҳам намоишҳои таърихиро ёд дорем ва ҳам иҷтимоиву фалсафӣ ва ҳаҷвиву мазҳакавиро. Дақиқтар бигӯем театри тоҷик имрӯз низ иқтидору хусусиятҳои хешро нигоҳ дар ҷараёни ҷаҳоншавии фарҳангҳои гуногун симои миллии хешро ҷилвагар карда истодааст.
Дар ҷумҳурӣ 15 театр дар партави сиёсати фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми худро бо даҳҳо намоишҳои рангоранги классикиву муосир, ки мазмунан бо саҳифаҳои дурахшони таърихи миллат, саҳми шахсиятҳои барҷаста, симоҳои таърихӣ, фалсафаи маънавии башарият, хулоса ҳама он чизе, ки барои худшиносиву ватандӯстӣ, ободию озодии ҷомеа равон гардиданд, сарбаландона ҳифз намуда истодааст.
Озмунҳои ҳарсолаи театрҳои касбӣ – «Парасту» муҳимтарин падидаҳои фарҳангие ба шумор мераванд, ки ба таҳкими сулҳу ваҳдат, дӯстии халқҳо, ба пешравию комёбӣ, навҷӯию тозакориҳои ҳунарпешагони саҳна ва ҷавонони навкору навомӯз кумаки назарррас мерасонанд.
Аҳли эҷодии Театри академии – драмавии ба номи устод А. Лоҳутӣ барои сазовор ҳифз намудани мақоми академии театр саъю кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад.
Театр дар давраи Истиқлолият борҳо ба сафарҳои ҳориҷа баромада, дар рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия (соли 2005), Рӯзҳои Тоҷикистон дар ЮНЕСКО (соли 2005), фестивалҳои театрӣ дар Эрон бомуваффақият ҳунарнамоӣ карда, шӯҳрати санъати театрии тоҷикро ҳимоя кардааст.
Бо дарназардошти чунин далелҳо, бешубҳа метавон гуфт, ки дар ҳаёти фарҳангии кишвар ва ҷашнвора – озмунҳои театрии ҷумҳурӣ мақоми театри мазкур ҳамчун театри академӣ хоса боқӣ мемонад. Аз комёбиҳои эҷодии театр онро қайд кардан мумкин аст, ки дар озмуни театрии «Парасту» барои намоиш аз рӯи асари С. Улуғзода «Рӯдакӣ» (таҳияи Ҳ. Гадоев) сазовори ҷои аввал гардид.
Дар солҳои Истиқлоият театри академии Опера ва балети ба номи С. Айнӣ спектаклҳои нав ва барқарорщудаи операву балетҳои ҳам композиторони тоҷик ва ҳам класссикии ҷаҳонӣ ба монанди операи «Қишлоқи тиллоӣ» - Д. Дустмуҳаммадов, «Комде ва Мадан»-и З Шаҳидӣ ,«Жизел» - и А. Адан операи Т.Сатторов «Рустам ва Сӯҳроб», Т.Шаҳидӣ «Амир Исмоил» ва «Шайхурраис Сино» - и М. Бафоев дар саҳнаи театр намоиш дода шуд.
Даврони камолоти Театри давлатии лӯхтак ба замони соҳибистиқлолии кишварамон рост омад. Театр чаҳор маротиба дар Ҷашнвораҳои байналмилалии намоишҳои арӯсакӣ (Ҷумҳурии Исломии Эрон, Теҳрон солҳои 2004, 2007, 2008, 2010) бо намоишномаҳои «Тахайюлоти ҷанг ва сулҳ» (З. Ҷаводов, А. Аминов), «Оби мусаффо» (асари И. Сафаров ва Ҳ. Салимов ), «Чароғаки роҳнамо» (муаллиф З. Ҷаводов, таҳияи И. Сафаров) ва ғайра таҳия шуда, пешкаши тамошобинони сершумор гардидаанд.
Имрӯз театр бо театрҳои лӯхтаки кишварҳои Эрону Афғонистон, Россия, Арманистону Озарбойҷон, Қирғизистон, Украина, Белорусу Узбекистон ҳамкориҳои эҷодиро беш аз пеш вусъат медиҳад.
Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтаки «Чодари хаёл» ҳунари лӯхтаки мардумии кишварҳои мухталифро манзури тамошобинон гардонида, ба ин васила риштаҳои дӯстиву бародарӣ ва меҳру муҳаббати самимонаи онҳоро боз ҳам мустаҳкам гардонид ва рисолати худро бо сарбаландӣ ба ҷо овард.
Ҳайати эҷодӣ ва кормандони театр мекӯшанд, ки ба тарбияи ахлоқӣ, ватандӯстӣ ва маънавии насли навраси кишварамон саҳми муносиб гузоранд ва санъати бостонии лӯхтаки тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш муаррифӣ ва тарғибу ташвиқ намоянд.
Дар бойгонии Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар даҳҳо пйесаҳову драмаҳои адибони тоҷик, ки дар солҳои гуногун дар театрҳои кишвар ба саҳна гузошта шудаанд, вуҷуд доранд. Ва хоҳишмандон метавонанд дар вақту замони барояшон муносиб аз онҳо ташнагии маънавӣ бишкананд.
Ҳамчунин китобҳои:
Н. Нурҷонов, Мактаби актёрии тоҷик. – Душанбе, 2011, 496 саҳ.
Ф. Азизӣ, Фарҳанг ва Истиқлол. – Душанбе, «Адиб», 2011, 292 саҳ.
низ ҳастанд, ки қобили мурур ва мутолиа мебошанд.
Нигина Маҳмудова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар