Ҳайати кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба Муҳриддин Соҳибзода, корманди бахши кадрҳои Китобхона бинобар даргузашти нобаҳангоми МОДАРАШ изҳори ҳамдардӣ мекунанд.
Аз Худованди меҳрубон барои модари азиз Фирдавси барин ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳонанд.
Эй модар, агар дастрасе доштаме,
Санги сияҳ аз гӯри ту бардоштаме.
Ҳафтаи ҷорӣ дар матбуоти кишвар силсилаи зиёди хабару мақолаҳои ҷолибу хонданӣ аз ҳаёти фарҳангии мамлакат интишор ёфтанд.
Мақолаи “Театрҳои лӯхтаки Душанбе ва Тошканд ҳамкориро таҳким мебахшанд” оид ба намоиши ҷамъбастии Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Тошканд “Корвонсарой” ва рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвари дӯсту бародар - Тоҷикистону Ӯзбекистон дар рӯзномаи “Баҳори
Аз субҳи имрӯз гуруҳе аз кормандони Китобхонаи миллӣ дар растаҳои назди бино гулҳои нав шинонданд. Онҳо аввал ҷойи гулҳои пешинро побел карданд, заминашро нарм намуданд ва баъдан гулҳои тару тозае, ки ба иқлими тирамоҳ созгор бошад, шинонданд. Ободонии атрофи Китобхона ҳамешагист. Шанбеи гузашта низ як чунин корҳои ободонӣ шуда буданд ва кормандон заминҳои ҳотаи китобхонаро аз
Абдурофеъ Рабизода - адиб, рӯзноманигор, сенариёнависи шинохта. Хеле аз филмҳое, ки аз рӯйи асарҳои бардошта шудаанд, маъруфият пайдо кардаанд. Қиссаҳои шӯрангези таърихӣ дорад. Ҳар қисса ривоятро бо таърих омезиш медиҳад ва ин сабки навишт асарҳояшро пуртаъсир кардааст. Хеле адиби пажуҳишгар аст, ҷустуҷӯҳои зиёде дорад, ки ба сари худ таҳқиқи таъриханд. Духтаре дошт, ки нобиға буд ва дар синни ҷавонӣ тарки олам кард ва адиби мумтозро солҳо дар сӯг нишонд.
Иттифоқи нависандагон адибро ин гуна муаррифӣ карда:
АБДУРОФЕЪ РАБИЗОДА (Шераки Ориён) 7 ноябри соли 1951 дар
Профессор Алоуддин Баҳоваддинов агар зинда мебуд, имсол ба 106 қадам мегузошт. Файласуфи шинохта. Аз аввалин олимонест, ки Инқилоби Октябрро қабул кардааст ва то охирин лаҳзаҳои умраш коммунист буду коммунистона кору зиндагӣ кард.
Дар бораи ӯ хотираҳои ҳамкорону шогирдонаш хеле хонданист. Ин хотираҳо нишон медиҳанд, ки Баҳовуддинов шахсияти
Ба баъзе навиштаҳо дар сафарномаҳои ин ҷаҳонгард шубҳа кардаанд. Бахусус, саргузашташ дар Самарқандро. Аммо бо вуҷуди ин асарҳояш арзиши бойи фарҳангиву маърифатӣ ва таърихӣ доранд. Шояд аввалин нафаре аз қалби Аврупо бошад, ки ба Осиёи Миёна сафар кардаву корҳои пажуҳишӣ низ анҷом додааст. Он ки бист забон медонист, дурӯғ нест. Охирҳои умраш дар донишгоҳи Будапешт дарси забонҳои шарқ мегуфт ва яқинан яке аз ин забонҳо бояд форсӣ бошад.
Вамбери Арминий ва ё Герман Бамбергер этнограф ва сайёҳи маҷористонӣ 19-уми марти соли 1832 дар оилаи яҳудии фақиру нодор таваллуд шудааст.
Сарнавишти Муҳиддин Хоҷазод худ мавзуъи даҳҳо роман аст. Сахтиҳои рӯзгорро аз замони тифлӣ бар дӯш доштааст; дар кишвари ғариб дида ба олам во кардааст ва ҳамроҳ бо волидон заҳри ғарибиҳо чашидаву кулфати беватаниро эҳсос кардааст. Имрӯз аз зумраи хушнавистарин адибони кишвар аст. Асарҳояд бо чандин забонҳо ҳам тарҷума шудаанд.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Хоҷазодро ин гуна муаррифӣ кардааст:
МУҲИДДИН ХОҶАЗОД 23 ноябри соли 1938 дар деҳаи Николо-Александровскийи ноҳияи Азгири музофоти Ставрополи Федератсияи
Аз ҷумлаи маъруфтарин пажуҳишгарони кишвар буд. Донишманди шинохта, матншиноси барчаста. Ҳамагӣ 63 сол умр дид, вале аз худ осори гаронбаҳое ба мерос гузошт.
Адабиётшиноси маъруфи тоҷик Аълохон Афсаҳзод 10- ўми ноябри соли 1935 дар деҳаи Воруи ноҳияи Панҷакент дар оилаи деҳқон зода шудааст.
Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон чанд муддат омўзгор буд. Соли 1961 дар вазифаи лаборант ва баъд ходими хурд ва калони илмии Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон ( солҳои 1962-1968) кор кардааст. Аз соли 1971 то охири умраш мудирии шуъбаи матншиносӣ ва нашри осори адабии