Гулҳои тирамоҳӣ

Аз субҳи имрӯз гуруҳе аз кормандони Китобхонаи миллӣ дар растаҳои назди бино гулҳои нав шинонданд. Онҳо аввал ҷойи гулҳои пешинро побел карданд, заминашро нарм намуданд ва баъдан гулҳои тару тозае, ки ба иқлими тирамоҳ созгор бошад, шинонданд.

Ободонии атрофи Китобхона ҳамешагист. Шанбеи гузашта низ як чунин корҳои ободонӣ шуда буданд ва кормандон заминҳои ҳотаи китобхонаро аз баргҳои хазону алафҳои хушк тоза карда буданд.

Барчаспҳо: