Лаҳзаҳои дигари талош барои ободонӣ ва нигоҳубини сабзаву гул

Субҳи рӯзи якшанбе дар Китобхонаи миллӣ рӯзҳои покизагиву низофат идома доштанд. Кормандон бештари вақти худро дар ин рӯзи истироҳат дар ҳотаи Китобхона гузарониданд ва гулҳои шукуфонро нигоҳубин карданд. Сабзаҳоро об монданд. Лозим меомад дар бахше аз ҳота бо сатилҳо об баранд ва зери буттаву гул ва дарахтони ташналаб резанд.
Рӯзҳои июн хеле гарм омаданд, дар чунин ҳолатҳо лозим меояд бештар таваҷҷуҳ сурат гирад, то аз ташналабӣ гулҳо пажмурда нашаванд.
Гулҳо ва буттаҳои сарсабз зеби ҳотаанд. Паси бино ва пишу бари он пур аз гулҳои рангоранд ва дарахтону буттаҳои сарсабзанд. Ва агар дар ин гармои шадид лаҳзаҳои ободонӣ ва таваҷҷуҳи хоса набошанд, офтоби гарм метавонад рустаниҳои зебову гулҳои рангорангро пажмурдаву хазон созад.
Ин аст, ки нигоҳубини ин гулу буттаҳо як ҷузъи вазифаи хидматии кормандони Китобхона шудааст.

Барчаспҳо: