Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз!

Аввали урдибиҳштмоҳи ҳар сол (баробар ба 21 апрели соли масеҳӣ) Рӯзи бузургдошти паямбари шеъри форсӣ, орифу ҳакиму фарзонаи бузург – Афсаҳу-л-мутакаллимин Шайх Саъдии Шерозист. Саъдӣ тахаллусаш аст ва ӯ Муслиҳуддин Абумуҳаммад Абдуллоҳ писари Мушаррафуддин Абуабдуллоҳ ибни Муслиҳ ибни Мушаррафи Шерозӣ, аз қабилаи Банӣ Саъд, аз наберагони Саъд ибни Уббодаи Хазраҷии Ансорӣ, саҳобайи машҳур ба Саъди Ғаюр мебошад. Аз ин рӯ, пиндоре ки гӯё ин тахаллусро ба ифтихори Атобак Музаффаруддин Саъд ибни Абубакр ибни Саъд ибни Зангӣ (ҳокими иқлими Форс) гирифта, ғалат аст.

Ибни Уббодайи Ансорӣ – яке аз наберагони Ибни Саъд, пеш аз садайи панҷуми ҳиҷрӣ ба Форс омадаву дар Шероз иқомат гузида, тоифае аз уламойи диниро дар он шаҳр бо нисбати Саъдӣ ба вуҷуд оварда будааст. Дар адаби форсӣ, балки дар ҷаҳон наметавон назири Саъдиро намуна овард, ки чун ӯ ҳанӯз дар айёми зиндагӣ шуҳрати офоқ гашта ва дар имтидоди садсолҳо пас аз зиндагияш бад-ин дараҷа бузургномӣ касб карда бошад. Дар радифи назми оламгири ӯ ду шоҳкораш – «Бӯстон»-у «Гулистон» дар саҳнаи баруманди ҳунар аз нодиркориҳои ҳунарӣ, ҳамчун осори безаволи адабиёти ҷаҳонӣ ба шуҳрат расидаанд, ба ҳадде ки Бинҷомин Франклин, сиёсатмадор ва физикдони омрикойӣ ва яке аз пешвоёни озодиву истиқлоли Амрико дар арзёбии «Бӯстон» мефармояд, ки қисматҳое аз ин китоб бояд «аз ҷумлаҳои мафқудшудаи ашъори Таврот бошанд». Дар асри 16, осораш, ки баргардон шуд, Саъдӣ бо латофати сухану ҳикмати баланд дар Фаронса ҷамол бинмуд ва чеҳраи мушаъшаъи ин офтоби ирфон тадриҷан самои маърифати инглису олмону русу аврупоро нурполо кард.

«Гулистон»-и Шайх, ки зикри ҷамил аз он меравад, дар моварои асрҳо бузургтарин уламову удабои ҷаҳонро тасхир кардааст. Шайх бо завқу табъи худодода, бо донишу андешаи жарфу назари дақиқи ҳакимона аз нукоти тозаву ибратписанд бо сухани бикру зарофату малоҳати адибона чорбоғе ҳамешабаҳор орост, ки дар насри форсӣ, балки дар адаби ҷаҳон рашки равазаи ризвон гардид.

«Гулистон» пуровозатарин китоби насри форсист ва фақат «Ҳазору як шаб» дар ин боб бо он ёройи рақобат дорад. Аммо «Гулистон» китоби ахлоқист, дар ҳоле ки «Ҳазору як шаб» ин мазийяту фазилатро надорад. «Гулистон»-ро аҳли ҷӯйишу пажӯҳиш ойинайи тамомнамойи асри Саъдӣ шумурдаанд, ки дар он ҳаёти воқеъӣ бо ҳама фарозу нишебҳояш, бо ҳама талху ширинҳояш ҷӯш мезанад ва намояндагони ҷамиъи табақоти ҷомеъа айбҳову ҳунарҳояшонро ба намойиш мегузоранд. Ин ҷо ҳам баҳор асту ҳам хазон, ҳам зебойисту ҳам зиштӣ, ҳам шодисту ҳам андӯҳ, ҳам висол асту ҳам фироқ, ҳам қаноъат асту ҳам ҳирс, ҳам адл асту ҳам ситам. Ҳар инсонро пур аз тазодду таноқуз, пур аз нақсу камол мебинем ва худи ҳикоятгарро ростпиндору ростгуфтору росткирдор дармеёбем, ки айбу ҷурмҳои ҷавонияшро намепӯшад ва тиккаҳоеро бо як садоқат аз саргузашташ воменамояд. Ҳаққо ки Саъдӣ инсонро он сон ки ҳаст, на он сон ки бояд бошад, ба килки тасвир мекашад ва зимни нақли ҳикоёти рангоранг низ ашъори форсию арабӣ, оятҳову ҳадисҳо, масалҳову ҳикматҳоро ба кор мегирад. Бахусус, ки Саъдӣ ба воситаи таҷрибаҳои фаровону нуктаёбиҳои шигифтангез ва ғавр дар аҳволу афкори инсону қудрати қалами хеш дар ин нигоргарӣ, бо ҳунармандӣ ва устодии хоссе аз уҳда баромадааст. Дар «Гулистон» мебинем, ки пасттарини бандагони Ҳорунуррашид дар ғояти ҷаҳл ба ҳукмронии Миср мерасад ё кимиёгаре гурусна мемонаду аблаҳе дар хароба ганҷ меёбад. Ҷойе дузде дар либоси дарвешон, ки моли мардумро мебарад ва низ бо гадойе рӯбарӯ мешавем, ки моле фаровон андӯхтаасту ҳозир нест ҳатто ба подшоҳ маблағе вом диҳад ё бо «аблаҳе самин» бо «хилъате симин дар бар, қасабе мисрӣ бар сар ва маркабе тозӣ дар зери рон ва ғуломе аз пай давон». Писаре низ ҳаст, ки марги падари меҳрбонро орзу мекунад ва порсозодае, ки вақте бар мероси амакҳои худ даст меёбад, ба фисқу фуҷур рӯ меорад ва насиҳат намепазирад; рӯзе низ мерасад, ки аз накбати ҳол барои пӯшок пора-пора ба ҳам медӯзаду баройи хурок луқма-луқма меандӯзад.

Дар ин ҷаҳон муъаллиме дида мешавад, ки ба ҳусни башараи шогирди худ назар дорад. Суфиён низ агар пеш аз ин «тоифайе дар ҷаҳон пароканда буданд ба сурат ва ба маънӣ ҷамъ», инак қавме шуда буданд «ба сурат ҷамъу ба дил пароканда».

Ҳамин тавр дар «Гулистон» сирати шоҳону ҷаҳонгушоён, ахлоқи дарвешон, рафтори айёшону муздурон, хулқу хӯи ҳар табақае аз ҷомиъаи даврони Шайх бозтоб мегардад. То он ки ба ҳамзамонону баъдиниён дарси ибрат диҳад, Шайхи соҳибикроми Шероз шоҳонро ба чанд гурӯҳ табақабандӣ мекунад: золимони хунор, ки аз зиндагонӣ мурданшон беҳ, ҳорисони дар сар ҳавою ҳуй, ки дар қабр ҳам нигаронанд, ки мулкашон бар дигарон, айёшу фориғбол, ки ғофил аз ахлоқи мулкдорӣ, мардумро хонавайрон мекунанд ва хирадманду одилу боинсоф, ки ҳатто як каф намакро ҳозир нестанд аз рустоиён ба ройгон гиранд, то аз зулм санги биное нагузоранд. Зеро: «Бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андаке будаасту ба мазиди ҳар кас бад-ин дараҷа расидааст». Дар ҳикояте дигар аркони давлати халифаи Аббосӣ изҳори назар мекунанд, кайфари сарҳангзодае, ки писари халифаро душноми модар додааст, куштан аст ё забон буридан ва ё мусодара кардану нафй. Аммо халифа мегӯяд: «Ай писар, карам он аст, ки афв кунию агар ба зарурат интиқом хоҳӣ, ту низаш душноми модар деҳ, на чандонки аз ҳад бигзарад, ки он гаҳ зулм аз тарафи ту бошад ва даъвӣ аз қибали хасм».

Дар «Гулистон» мардум аз ҳама табақаву дар ҳар либос сиратҳойи гуногун доранд ва дар баробари ҳаводису масоил аксуламалҳошон мутафовит аст. Ин ки Саъдӣ дар ҳикоёти худ ин ҳама ашхоси мутафовитро офарида, эъҷобангез асту дилпазир. Як ҷо дарвеше мустаҷобуддаъва дар Бағдод дар ҳаққи Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф, ҳокими бедодгари Банӣ-Умайя, ки аз ӯ дуъойи хайр мехоҳад, мегӯяд: «Худоё, ҷонаш биситон!». Ҳаҷҷоҷ гуфт: «Аз баҳри Худой, ин чӣ дуъост? Гуфт: дуъойи хайр аст турову ҷумлайи мусалмононро».

Саъдӣ муъаллимеро дар диёри Мағриб тавсиф мекунад «туршрӯй, талхгуфтор, бадхӯй, мардумозор, гадотабъ», ки «ҷамъе писарони покизаву духтарони дӯшиза ба дасти ҷафои ӯ гирифтор, на заҳраи ханда доранду на ёрои гуфтор»; ва дар канори ӯ муъаллиме дигарро нишон медиҳад «порсо, салим, некмарду ҳалим».

Гоҳе бо мардуме Худошиносу ориф рӯбарӯ мешавем, ки ҳамайи мавҷудоту зарроти ҷаҳонро «тасбеҳгӯй» мебинанду «бандаи Ҳазрати Карим». Дар баробар, ҷамъе низ ҳастанд риёкор, ки афкору рафторашон мутафовит аст. "Дар ин китоб ҳам аз ишқи руҳонӣ сухан меравад, ҳам аз назарбозиву ишқи маҷозӣ, ҳам аз ашхосе, ки исору ҷавонмардиву бузургманишийи онон ҳимматангез асту хостанӣ ва аз касоне, ки дар миёни дарёи худҳоҳиву ҳақорат дасту по мезананд" (доктор Ғуломҳусайни Юсуфӣ)... Аммо ҳамаи ин афкори рангини ҳакимона дар меҳвари як ақидаи баланди инсонӣ, яъне, муъмин будану инсон будан дар ҳашт равзаи «Гулистон» давр задаанд ва ин биҳиштбоғҳои алвонӣ аз равоқи забарҷади Дебочаи ин асар партав гирифтаанд.

Муаллифи «Гулистон», ки симои бовиқору меҳрпарвараш дар тамоми асар ҷилвагар аст, на аз рӯйи маҷозу манишу худситоӣ ё худнамоӣ, балки ба гунаи ҳақиқии як раҳнамои паёмбархисол амал мекунад.Ӯ на аз сармову гармои бодия биме дораду на аз меҳнату балои сафари дарё, агар дар роҳ авбошону қутуаъаттариқон бедод кунанд ва ё тӯшаи сафар кофӣ набуда бошад ва ё бими сарзаниши хору реги тасфон барои пиёдаи раҳил гӯшзад шуда бошад ҳам, ин мусофири ориф дил ба Ёр медиҳаду, аз сафар намегардад. Шайхро гоҳе дар ҷазираҳои Кешу Малтиёву Қибрис мебинем, гоҳе дар Шому Лубону бодияҳои Араб; гоҳе ҳам дар саҳроҳои Африқову гоҳе дар Шибҳи қораи Ҳинд ё дар роҳи Туркистон – Кошғару Хутан. Дар имтидоди ин роҳҳои душвор ва дар ростои мулоқотҳову дидор бо мардумони гуногун нуктаҳо андӯхта дар лавҳаи қалб дӯхта баройи табъи «Гулистон» меандӯзад. Аз касе ҳам силаандеш нест, ба ҳич кас таваққуъу тамалалуқе надорад.

 Каломи Саъдӣ насри манзум асту муҷаз ва ороста бо пораҳои назму оёти қуръонию ахбору ҳадис. Аҷибтар он аст, ки дар ғолиби сафарҳо чун ба маконҳе мерасад, ӯро мешиносанд ва бо меҳру ифтихор иззату икромаш мекунанд, ҳатто дар Чину Мочин. Чунончи дар ҳикояти 17-и боби панҷуми китоб мефармояд, ки дар ҷомеъи Кошғар бо писаре ҳамсуҳбат шудам ва ӯ зодгоҳам пурсид, Гуфтам – Хоки Шероз! Писар дархост кард, ки ғолиби ашъори Саъдӣ порсисту аз ашъораш бароям бигӯ. Дар ин муколамаи ҷазобу аҷиб ду нуктайи зарифе дармеёбем: яке шуҳрати бемонанди Ҳазрати Шайх ва дигаре иззату мартабати порсӣ, ки аз шаҳди сухани соҳибкаромоте чун Ҳазрати Саъдӣ маҳбуби оламиён гашта.

Ин ба ҳич ваҷҳ муболаға нест. Зеро мутафаккири чинӣ, Ҷон Хуйин, дар арзёбии осори Шайх, бо такя ба манобеъи марбута нигоштааст, ки ҳудуди 700 соли пеш калому андешаи гаҳварини Саъдӣ вориди Чин гардида ва аз қарни 14 ба баъд «Гулистон»-аш ҷузви кутуби дарсийи мусалмонони Чин воқеъ шуда аст.Ва шоҳиди ин амр Ибни Батута, ҷаҳонгарди маъруфи марокашӣ мебошад.

Ибни Батута (сипоси фаровон ба ӯву заҳмати арзишмандаш, ки барои мо як санади пураҳаммийятро ба ҷо гузоштааст) ёддошт медиҳад, ки ҳудуди соли 1348 (тақрибан 55 сол пас аз вафоти Саъдӣ) дар Чин, шаҳри Ҳон Ҷу, шоҳиди меҳмоннавозии ниҳоят самимии чиниён будааст ва рӯзе ҳам мизбонон ӯро ба қойиқсаворӣ даъват мекунад ва он ҳангом Ибни Батута аз як овозхони чинӣ сурудеро ба забони форсӣ шунида, ёддошт мекунад, ки аз фармудаҳои Саъдӣ будааст бо ин матлаъ:

То дил ба меҳрат додаам, дар баҳри фикр уфтодаам,

Чун дар намоз истодайи, гӯйӣ ба меҳроб андарӣ.

Дигар ин, ки ҳар ҷо баҳси омӯзиши забони порсӣ ва ё дарси адаб будааст, он ҷо «Гулистон» низ сояйи раҳмат афгандааст. «Гулистон» дар ақсойи олам ҳар хонанда, аз шогирд то устод, аз уммӣ то донишманду соҳибназарро масти атри гулҳои ҳикмату маҳаббат кардааст. Ҳатто мардумоне, ки бо такаббуру тафохур қавми хешро пешоҳанги тамаддуну илми олам мепиндоранд, натавонистаанд ин хуршеди хирадтанвири ҷаҳлзудову ақлафзои инсониятро бо домани ҳасаду ҷаҳолати худбинӣ пӯшонанд. Баракс, ҳар кӣ ин «Гулистон» дидааст, ба он ворид шудааст.

«Гулистон» бо забонҳои мухталиф (арабию фаронсавию инглисию олмонию русию чину ҷопонӣ) на ин ки баргардон, балки шарҳҳо дода шудааст, то банд банду ҷузъ ҷузъ ҳикмати қудсии он дарк шавад, «Гулистон» дар мактабу мадрасаҳои олам ҳамчун фанни дарсие бо иштиёқи тамом тадрис шудаасту мешавад. Зимнан, нахустин шарҳи «Гулистон» ба арабӣ будааст. Сипас дар Туркия ба он шарҳҳо навиштанд. Шарҳҳои форсии «Гулистон» нахуст дар шибҳиқораи Ҳинд арзи вуҷуд карданд ва навиштани шарҳҳо ба ин китоби зарин то имрӯз идома дорад. Яъне, «Гулистон» чашмаи зояндаву пояндаи ҳикмати инсонист. Аз ин рӯ доктор Ғуломалии Ҳаддоди Одил барҳақ нукта меорад, ки «Саъдӣ ҳикмати амалиро ба пойи «кабутари номабар»-и сабукболи тезпарвози шеъру адаби худ баста ва ва онро дар ҳама офоқи забони форсӣ ва маъорифи исломӣ карон то карон ба парвоз даровардааст. Агар «Гулистон» ва «Бӯстон» набуд, олами ислом аз маҷмуъае латиф аз ахлоқу ҳикмати амалӣ маҳрум монда буд».

Обид Шакурзода

Барчаспҳо: