Роҳҳои татбиқи иноватсия дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд оварданд ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардиданд». Ин гуфторҳои ҳикматомӯз ба қалами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешовои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон мансубанд. Воқеан имрӯзҳо тамоми мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк намуданд, ки истиқлолият мукаддастарину азизтарин неъмати дунё ва рамзи шарафу номуси ватандорӣ аст.

Истиқлолияти Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Ин буд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Аз чумла, сохта ба истифода додани китобхонаҳои наву замонавӣ муҷҷаҳаз бо технологияи муосири иттилоотӣ дар марказҳои шаҳру навои мамлакат, дар мисоли бинои нави Китобхонаи милли Тоҷикистон, ки яке аз дастовардҳои муҳими соҳаи китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор меравад. Маврид ба зикр аст, ки санаи оғози сохтмони бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон решаи таърихи дошта, дар арафаи ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне, аниқтараш 4-уми сентябри соли 2007 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки ин санаи муҳим бо унвони «Рӯзи китоб» дар кишвар ҳамасола ҷашн гирифта шавад. Инак, тӯли 12 сол мешавад, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон  4-уми сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб» таҷлил мегардад ва доир ба ин рўз аз ҷониби китобхонаҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳо ва Конфронсҳои илмӣ-амалӣ баргузор мегарданд.

Бо муносибати «Рӯзи китоб» ва бахшида ба 85-солагии таъсисёбии Китобхонаи милли Тоҷикистон, бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он олимони соҳа баромад намуда, оид ба рушди фаъолияти китобхонаҳо дар ҷумҳурӣ, таҳлилҳо ва пешниҳодҳои худро ироа намуданд.

Ҳамчунин, аз ҷониби Китобхонаи милли Тоҷикистон маҷмӯаи мақолаҳо зери унвони «Роҳҳои татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳарии Тоҷикистон»  нашр гардид, ки дар он 21 мақолаи илмӣ дарҷ шудаанд.

Маҷмӯаи мазкур маърӯзаҳои иштирокдорони конфронсро дар бар гирифта, маърӯзаҳо аз рӯи мазмун ба бахшҳои китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиография ва истифодаи технологияи муосир дар фаъолияти китобхонаҳо ҷудо шуда, масъалаҳои марбут ба мақому манзалати китоб, саҳми Китобхонаи имллии Тоҷикистон дар рушду нумуи китобдорӣ ва библиография, истифодаи навгониҳо дар равандҳои фаъолияти китобхонаҳо, бозомӯзи ва такмили ихтисоси китобдорон, истифодаи технологияи муосири итилоотӣ ва саҳми китобхонаҳо дар ташаккули маънавӣ инъикос ёфтаанд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки маҷмӯаи мазкур барои ҳифзи фарҳанги миллӣ, аз ҷумла мақому ҷойгоҳи китобхонаҳо дар ҷомеа, ки таҷасумгари дирӯзи таърих барои насли имрӯзу фардо мебошанд, аҳамияти хоса дорад.

Инчунин, асари мазкур ҷихати омӯзиши масъалаҳои марбут ба фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва китобхонаҳои кишвар дар ҷомеаи муосир ба олимону мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва омӯзгорону донишҷӯён кӯмак хоҳад кард.

 

 

Надиров Сайзароб, корманди
Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Барчаспҳо: