Китобдори собиқадор Ҷӯрабой Раҷабов Библиографияи монорафии академик Лутфуллозодаро таҳия ва чоп кард. Ин китобнома зери назари доктори илмҳои педагогӣ, академики Академияи Таҳсилоти Тоҷикистон, профессор Ф. Шарифзода интишор ёфт, муҳррири масъул доктори илмҳои педагогӣ, профессор С. Сулаймонӣ мебошад.
Дар осорнома фаъолиятҳои илмии академик Муҳаммад Лутфуллозода то 1 июни соли 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва кўшиш ба харҷ дода шудааст, ки кулли маводи воридгардида тибқи меъёрҳои пазируфташуда таҳия гарданд.