Дух...тараки ман!
Ҳоло шаби Мелод аст. Ҳамаи сарбозони мусаллаҳи қалъаи кӯчаки ман хуфтаанд. Бародари ту, хоҳари ту хобидаанд. Ҳатто модарат ҳам акнун хоб аст. Ман вақте, ки ба ин ҳуҷраи нимаравшан мегузаштам, қариб буд онҳоро бедор кунам. Ту чи қадр дурӣ аз ман! Вале бигзор кӯр шавам, агар тасвири ту ҳамеша дар баробари чашмони ман набошад. Сурати ту ин ҷост, рӯйи миз, ин ҷост, наздики дили ман. Аммо ту куҷоӣ? Он ҷо, дар Пориси афсонавӣ, рӯйи саҳнаи пуршукӯҳи театр дар