Дар замони шӯравӣ дойранавозӣ дар Тоҷикистон хеле равнақ ёфт. Бисёр устодони моҳири ин соз ба камол расиданд. Баъзе дойранавозон якбора ду ё се дойраро менавохтан. Устоди маъруфтарини ин касб Артисти халқии Тоҷикистон Аъло Аълоев буд, ки якбора панҷ дойраро ҳам менавохт. Ӯ ҳамчунин муаллифи бисёр навоҳои рақсии дойравӣ аз қабили «Чашми сиёҳ», «Ҷавонӣ», «Кулобӣ», «Бахт», «Дарвозӣ», «Рез», «Марворид» ва ғайра мебошад. Усулҳои бисёр ва имконоти васеи созии дойра қариб дар ҳамаи шаклҳои мусиқӣ зарур аст. Дойра имрӯз дар тамоми гурӯҳҳои ҳунарӣ , оркестрҳои Тоҷикистон чун сози ҳатмии зарбӣ ва ҳамчун сози якканавозӣ истифода бурда мешавад.