Activities calendar

04 сентября 2018

Қадршиносии 15 нафар кормандони Китобхонаи миллӣ дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Дар «Рўзи китоб» ва остонаи Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурҳ кормандони фаъоли Китобхонаи миллӣ соҳиби  нишони «Аълочии фарҳанг», «Аълочии матбуот» ва «Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуданд.

Аз ҷумла, бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» Мусоев Юлчмбой

Намоиши китоб ба ифтихори Рӯзи китоб

Дар доираи чорабиниҳои Рӯзи китоб  дар Китобхонаи миллӣ силсилаи намоишҳои китоб баргузор шуд. Хонандагон имкон доранд бо китобҳои тозанашри ноширони кишвар ва хориҷ аз он ошно шаванд.

Ҳамчунин як силсила китобҳои мавзуъӣ низ ба намоиш гузошта шуданд. Аз ҷумла, намоиши китоб бо номҳои «Китоб – сарчашмаи дониш», «Китобҳои нодири КМТ», «Китобҳои 

Профессор Мирализода: Миллати мо аз қадим ба китоб иртиботи ногусастанӣ дошт

Директори Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода гуфт, ки дар Рӯзи китоб метавон оид ба фазилатҳои китобу китобхонӣ зиёд ҳарф зад. Вале сухан аз китоб набояд якрӯзиву дурӯзӣ бошад. Абдусалом Мирализода, ки чанд дақиқа пештар дар ҳамоише оид ба Рӯзи китоб дар ҳузури ҷамъе аз донишмандон, ҳунармандон ва хонандагон сухан мегуфт, иброз дошт, ки миллати мо аз қадим ба китоб иртиботи

Оғози чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи китоб дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллӣ чорабиниҳо ба ифтихори Рўзи китоб бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, адибон, ҳунармандон оғоз шуданд. Саҳни ҳавлии Китобхонаи миллӣ ва зинаҳои ошёнаи дуюми даромадгоҳи асосӣ ба таври идона бо баннерҳо, намоиши ҳунарҳои эҷодии  бонувони  КМТ, гулҳо, расмҳо ва панду андарзҳо дар васфи китобу китобхонӣ  оро дода шудаанд. Дар зинаҳо, аз ду тараф