Оғози чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи китоб дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-09-04 11:00
Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллӣ чорабиниҳо ба ифтихори Рўзи китоб бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, адибон, ҳунармандон оғоз шуданд. Саҳни ҳавлии Китобхонаи миллӣ ва зинаҳои ошёнаи дуюми даромадгоҳи асосӣ ба таври идона бо баннерҳо, намоиши ҳунарҳои эҷодии бонувони КМТ, гулҳо, расмҳо ва панду андарзҳо дар васфи китобу китобхонӣ оро дода шудаанд. Дар зинаҳо, аз ду тараф сузаниҳо ва гулҳо гузошта шудаанд. Гулдухтарони Китобхонаи миллӣ бо либоси зебову шинами миллӣ аз ду тараф меҳмононро пазироӣ менамоянд. Ҳамзамон, баннерҳои «Иди китоб» ва «Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иқтибос аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи мувофиқ насб ва намоиши ҳунарҳои эҷодии бонувони КМТ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Ҳамкорамон Хусрави Милод дақиқаҳои аввали оғози чорабиниҳоро аккосӣ кардааст, ки мебинед. Шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, Зулфия Атоӣ ва дигар шахсиятҳои шинохтаву маъруф меҳмонони арҷманди ин ҳакмоишанд.