Наврўз шуду лолаи хушранг баромад...
«Наврўз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврўз дубора зинда мешуданд. Наврўз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст»
Эмомалӣ Раҳмон
Наврўз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад,
Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.
Оре, Наврўз оғози сол, рамзи шукуфоӣ, ҷашни бузурги эҳёи табиат ва шукўҳу шаҳомати анъанаҳои миллии ниёгонамон мебошад. Наврўз ҷашни пирўзии рўшноӣ бар торикӣ, равнақу шукуфоӣ бар карахтиву беҳаракатӣ, рўзи фархундатарин ва муборактарини сол аст.
Наврўз як ҷашни ориёӣ ва миллист, ки бар асоси вазъи табиии минтақа ва иқлими кишвари мо ва бар пояи эътиқодҳову боварҳои нек ва ҷаҳонбинии ҳаётдўстонаи фалсафии мардумони эронитабор бунёд ёфтааст. Наврўз бунёди донишиву нуҷумии устувор дорад ва ба ин фазилатҳояш шоёни ҳама гуна арҷгузориҳо мебошад. Мардуми ориёитабор расм доштанд, ки дар ин ҷашни муқаддас гузаштагонашонро ёд меоварданд ва худро рўҳан дар паҳлўи онҳо қарор медоданд, аз зиндагии онҳо, ки бо пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек ба сар бурдаанд, ёдовар мешуданд ва ин таълимоти бузурги саршор аз ақлу хирадро меомўхтанд ва барои пасояндагон дар авроқҳои сангину чармин ба мерос ёдгор мегузоштанд.
Аксарияти сарчашмаҳои бостонӣ пайдоиши Наврўзро ба фаъолияти шоҳи чаҳоруми пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, Ҳаким Фирдавсӣ дар яке аз достонҳои «Шоҳнома», ки «Андар подшоҳии Ҷамшед» унвон дорад, овардааст, ки Ҷамшедшоҳ баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони салтанаташ, хосса солҳои охири он, бо ёрии фарри Каёнӣ (шаҳомат ва ҳашамати подшоҳони Каёнӣ) ва мувофиқ бо шукўҳи подшоҳии хеш тахте бисохт ва онро, ки гўё аз зару сим бунёд ёфта буд, бо дурру гуҳар биёрост ва ҳаргоҳ, ки мехост, девони бузургҳайкал тахтро бар дўш гирифта аз замин ба осмон мебурданд ва Ҷамшед ба рўи тахт ҳамчун хуршед ба само медурахшид.
Аз тасвири Фирдавсӣ бармеояд, ки баъди сохтани тахти ҳайратангез дар Истахри Форс, ки ҳоло бо номи «Тахти Ҷамшед» шуҳрат дорад, овозаашро шунида, бузургон ва мардумон ба сўи ин тахтгоҳ мешитобанд.
Намояндагони халқу миллатҳои гуногун бо Ҷамшедшоҳ армуғонҳои гаронбаҳо зару сим ва дурру гуҳар оварда, бар пои ў нисор менамоянд. Шуҳрат, шукўҳу қудрат ва дороиву сарвати Ҷамшед хеле иртиқо ёфта, пуровоза мегардад. Чунин воқеаи бузург дар тахти Ҷамшед дар Истахр дар рўзе анҷом пазируфт, ки он рўз аз рўзҳои дигари сол тафовут дошт. Он рўзи Ҳурмузд, рўзи аввали моҳи Фарвардин, оғози фасли баҳор ва соли нав буд. Дар он рўзи хуҷаста мардумони олам осудаву болидарўҳ буданд, Ҷамшедшоҳи эронзамин, ки гетӣ аз корҳои неки ў ободу мардумон осуда гардида буданд, шоду пирўзмандона бар тахт нишаст ва ҷашн ороста меҳмонону бузургонро бар атрофи тахт ҷой дод ва бипазируфт. Ромишгарон ба ромиш ва машшоқон ба навохтани руд машғул буданд, майгусорӣ менамуднд ва шодиву дилхушиҳо ҳадду канор надошт. Он рӯзро Наврўз ном ниҳоданд. Ҳамин тавр, ин ҷашни хуҷаставу фаррух, ки ҳар сол мо онро ҷашн мегирем, дар кишвари мо аз он хусравон-Каюмарсу Ҷамшед ва шоҳону бузургони дигари ориёӣ ёдгор мондааст.
Ҷашни Наврўз ҳанўз солиёни зиёде пеш аз Зардушт баргузор мегардидааст, аммо дар сарчашмаҳои бостонӣ қариб ҳамаи ривоятҳову устураҳо Ҷамшедро асосгузори Наврўз донистаанд. Масъудӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Абўрайҳони Берунӣ ва дигарон дар бораи пайдоиши Наврўз вобаста бо барпо гардидани аввалин шаҳри эрониён Истахр маълумот дода аз ҷониби Каюмарс, Ҷамшед ва шоҳони баъдина идома ёфтани сохтмони ин шаҳрро зикр намуданд.
Ҳамзаи Исфаҳонӣ дар китоби «Мулук-ул-арз ва-л-анбиё», ки таълифаш 350 ҳ.қ. сурат гирифтааст, дар бораи подшоҳии Ҳушанги пешдодӣ ва ба тахти Истахр нишастанаш, гуфтааст: «вай аввалин касе буд, ки ба подшоҳӣ бархост ва дар Истахр бар тахт нишаст. Ва аз ин рў Истахрро сарзамини шоҳ хонанд». Инчунин ин муаллиф дар сарчашмаи ёдшуда дар асоси ақидаҳои куҳани эрониён дар бораи оғози таърихи мардумони эронитабор мегўяд, ки дар дар оғози офариниши ҷаҳон хуршед, моҳ, ситорагон ва замин дар рўзи аввали моҳи фарвардин, ки рўзи Наврўз аст, ба ҳаракат даромадаанд ва аз гардиши онҳо рўзу шаб падид омадааст.
Мардум аз нав ба ҳолати эътидол мерасанд, баракату фаровонӣ бар онҳо бармегардад, аз бадбахтӣ раҳоӣ меёбанд. Ҷамшед низ ба назди мардум боз меояд. Дар чунин рўзи фархунда мисли офтоб намудор мешавад ва нур аз ў метобад. Мардум аз тулўи ду хуршед дар ин рўз хушнуд гардида, ҳар дарахте, ки хушкида буд, сабзид. Нисбат ба ин ҳолат мардум мегуфтанд, ки «Рўзи нав» омад.
Мардум бо хушнудӣ дар таштҳо ҷав месабзониданд. Ин расм дар байни мардумон ҳанўз пойдор аст, ки то ҳол дар арафаи Наврўз гандум месабзонанд ва аз он суманак омода мекунанд.
Мо имрўз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ Наврўзро ҳамчун ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик бо самимият ва шаҳомати хосса таҷлил мекунем ва рўҳи озодаи онро дар вуҷуди худ дубора эҳсос менамем. Бо ибтикор ва дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврўз ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Аз ин рў, Наврўзи даврони Истиқлол бар шукўҳу ҷалоли худ боз як нерўи хосе зам намуд, ки Наврўз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рўҳияи замони нав созгор карда, имрўз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст. Тавре мехонем:
Омад баҳору сайри гулистон ғанимат аст,
Базми висолу ғунчаи хандон ғанимат аст.
Бо қомати хамида равон сўи бўстон,
Наззораи бунафшаву райҳон ғанимат аст.
Воқеан ҳам Наврўз аз бузургтарин идҳои халқи мо ва ҷаҳониён буда моро ба шодмониҳои заминию кайҳонӣ мерасонад ва инсон дар ин гузаргоҳи зиндагӣ аз ин суннати волои ниёгони худ баракат ва шарофату саодат меёбад.
Назар Баҳрулло,
мутахассиси
шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.