Тасвиргари рӯзгори ҷавонӣ. Ба зодрӯзи адиби маъруф Юсуфҷон Акобиров 80 соли пур шуд
Қаҳрамонҳои асосии асарҳои Юсуфҷон Акобиров аслан ҷавононанд. Ин бесабаб нест, Ҷавонӣ – ояндаи дунё, қудрати имрўзу умеди фардост. Ў ситоишгар, тасвиргари ҳаёти хушу бобаракат, ҷавонии пурхўрушу пурэҳсон ва хушбахтиву хурсандист. Гуфтан мумкин аст, ки дар офариниши нақши ҷавонон дар асарҳои хеш тири Юсуфҷон Акобиров ба нишон расидааст.
Хушбахтии эҷодкор дар мавқеъ ёфтани вай ба дили мардум аст. Мақсади ҳар эҷодкор ҳам, бешубҳа хидмати халқ кардан, сазовори боварию эҳтироми халқ гардидан мебошад. Ҳамеша кам ё беш одамони фидокоре ёфт мешаванд, ки ҳастиашон ҳастиро гармтар, муҳитро муҷалотар ва зиндагиро рангинтар мекунад. Дар адабиёти тоҷик, хоҳ классик ва хоҳ муосир шоир ва нависандагони зиёдро пайдо кардан мумкин аст, ки дар роҳи хизмат ба халқ, ободии миллат, барои сарҷамъии ҷомеа фидокрона хизмат кардаву номи нек ва осори гаронмояе аз худ боқӣ гузоштаанд. Чунин афродро бо ҳазл «Сарбадорон» мегўянд. Дар ин ҳазл ҳақиқат ҳам ҳаст, ҳақиқати пурзуре. Чунки пиндору рафтору гуфтори онҳо аз дигарон фарқ дорад. Нигоҳ накарда ба сарвату мансабу унвону ҷойгоҳ ин тоифа ҳамеша пайи кофтукобу эҷод, нигаристан ба ҳақиқати замон ва роҳи росту нек равонанд. Барои ин тоифа муҳим он аст, ки пиндору рафтору гуфтор олоиш наёбанд.
Дар ин радиф яке аз нависандагони бузург ва сермаҳсул, Нависандаи Халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ Юсуфҷон Акобировро метавон ном бурд.
Юсуфҷон Акобиров 1 октябри соли 1937 дар деҳаи Соктареи райони Ғиждувони вилояти Бухоро дар оилаи духтур ба дунё омадааст. Пўшида нест, ки роҳу равиши инсон аз хонадони падар ва панди ў, аз мактаби бачагӣ ва сабақи устод, аз муҳити маънавии ҷавлонгоҳи ҷавонӣ моя мегирад. Чун муҳит обод аст, ҷамъият фаъол аст, илм рушд ёфтааст, ба шоир ва нависанда ва умуман эҷодкор бетаъсир намемонад. Ю. Акоибров, ки зодаи яке аз ноҳияҳои Бухорост ин мояи маърифат дар тақдири нависанда бетаъсир намондааст. Ҳамон Бухорое, ки ҳазорон писараш дар кохи тамаддуни тоҷик сутун шудааст, ҳамон Бухорое, ки ҷойгоҳи илму маърифат ва зодагони инсонҳои накуст.
Ў соли 1959 факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикситонро хатм намудааст. Дар ин айём ҳамкории адиб бо рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ пайваста такмил меёбад. Дар ин давра қиссаву очерк ва ҳикояҳои Ю.Акобиров дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ва рўзномаҳои «Комсомол Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат» пайваста чоп мегарданд.
Дар хусуси ба майдони адабиёт омадани Юсуфҷон Акобиров ин ҷо ҳарфе гуфтан гузаштан номумкин аст. Чун аз рўйи гуфтаҳои худи ў дар аввал ба шеъру шоирӣ машғул будааст. Яъне, эҷодро адиб аз шеъргўйӣ оғоз кардааст. Ин ҳам бошад аз даврони мактабхонӣ. Дар аввал ў ба забони узбекӣ шеър эҷод мекардааст ва баъдан ба тоҷикӣ бо тахаллуси «Илҳомӣ» шеър гуфтааст.
Ба наср рў овардани адиб ҳангоми таҳсил ба вуқўъ мепайвандад. Яъне, аввалин пйесаи ў «Рўдакӣ» навишта мешавад, ки соли 1958 дар театри мазҳака ва драммаи ба номи Пушкини Ленинобод (Хуҷанд) ба намоиш гузошта мешавад.
Баъдан доираи эҷоди шоир фарох мегардад ва ба қалами ў чандин қиссаву очерк, ҳикояву роман ва песаҳои пурарзише ба майдони адабиёт меоянд.
Аввалин повести Ю.Акобиров ин «Баъде, ки осиё бозмонд» (соли 1964) мебошад. Ва ба дунболи он повестҳои дигари адиб - «Духтаре, ки ҷустуҷўяш мекунам» (соли 1965), «Балоғат» (соли 1966), «Осмони соф» (соли 1968) ва ғайра паси ҳам ба чоп мерасанд.
Аввалин романи нависанда «Замини падарон» соли 1974 рўйи чоп омадааст. Ва соли 1979 романи дигари ӯ «Норак» чоп шудааст. Ва ин роман бори дигар собит месозад, ки ў метавонад ҳамеша дар ҷустуҷў ва пайи эҷод бошад.
Дар ин асно китоби очеркҳо ва ҳикояҳои «Сайри дирўзу фардо» (соли 1980), «Ҷонфидо», (соли 1990), «Замон ва тақдир» (соли 1992) ва ғайраҳо ба табъ мерасанд.
Асарҳои Ю.Акобиров аз ишқу муҳаббат, ташаккули характеру ҷаҳонбинии ҷавонон ва ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо баҳс мекунад. Ба образи ҷавонон дар асарҳои адиб як қувваи бузурге дода шуда, нақши ҷавонони фидокору бебок, бунёдгарони рўзгори пуршукўҳ мавқеи хеле бузург дода шудааст.
Асарҳои Ю. Акобиров чун зиндагии ҷавонон, чун худи ҷавонон пурхурўш, ғулғулаандоз ва баҳсбарангезанд. Агар ба навиштаҳои матбуот, ки дар онҳо очерку қисса ва ҳикояву повестҳои адиб ҳар гоҳ нашр мегардиданд, назар андозем, дар атрофи ҳама эҷоди ў ҳамеша баҳсу гуфтугуҳои ҷиддӣ ба амал меомаданд. Албатта, ин табиист. Магар асари пурарзишро, ки дар олами дилҳо инқилоб меангезад, ором қабул намудан мумкин аст?
Офаридани асарҳои ҷаззоб ва хонданбоб буд, ки асарҳои ин нависандаи бузург ба забони литвонӣ чоп шудаву хонандагони худро пайдо кардаанд. Асарҳои ў натанҳо ба забони литвонӣ, балки ба забонҳои русӣ, узбекӣ ва лотинӣ тарҷума шудаву мавриди хониш қарор гирифтаанд.
Қаҳрамонҳои асосии асарҳои Юсуфҷон Акобиров аслан ҷавононанд. Ин бесабаб нест, Ҷавонӣ – ояндаи дунё, қудрати имрўзу умеди фардост. Ў ситоишгар, тасвиргари ҳаёти хушу бобаракат, ҷавонии пурхўрушу пурэҳсон ва хушбахтиву хурсандист. Гуфтан мумкин аст, ки дар офариниши нақши ҷавонон дар асарҳои хеш тири Юсуфҷон Акобиров ба нишон расидааст.
Бо хондани асарҳои ин нависанда гуфтан мумкин аст, ки ҳар шахс ва махсусан ҷавонон ба худ панд мегиранд, зиндагӣ меомўзанд ва ҳатто қаҳрамонҳои асарҳои ў (Диловар аз «Замини падарон», Ориф Анвар аз «Норак», Ашраф аз «Осмони соф») – ро ба худ идеал интихоб мекунанд. Чунки дар навиштаҳои адиб ҳодисаҳои ҳаёт, ба таври реалӣ инъикос ёфтаанд ва хонандаро ба сўйи покию ростӣ ҳидоят мекунанд.
Эҷодиёти нависандаро як навъ шарҳу ҳоли ў гуфтан мумкин аст. Агар ба ин гуфта такя кунем повести «Баъде, ки Осиё боз монд» ҳаёти худи нависандаро дар бар мегирад. Дар ин барорбар аксари қиссаву ҳикояҳои нависанда айнан аз ҳаёт гирифта шуда, таблиғгари ҳаёти реалианд.
Юсуфҷон Акобиров соли 2011 дар сини 74 солагӣ аз олам даргузашт.
Аз Юсуфҷон Акобиров дар Китобхонаи миллӣ ин китобҳоро дастрас намудан мумкин аст:
- Акобиров, Ю. Баъде, ки осиё боз монд [Матн]. – Душанбе , 1964. – 126 с.
- Акобиров, Ю. Замон ва тақдир [Матн]: Қиссаҳои ҳаёт. – Душанбе : Ирфон, 1992. – 286 с.
- Акобиров, Ю. Сайри дирўзу фардо [Матн]: Китоби очеркҳо ва ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 256 с.
- Акобиров, Ю. Замини падарон [Матн]: Роман. – Душанбе: Ирфон, 1976. – 393 с.
- Акобиров, Ю. Осмони соф [Матн]: Повест. – Душанбе: Ирфон, 1971. – 206 с.
- Акобиров, Ю. Духтаре, ки ҷустуҷўяш мекунам. Мунира [Матн]: Ду повест. – Душанбе: Ирфон, 1966. – 185 с.
- Акобиров, Ю. Қандак гул кард [Матн]: Ҳикоя ва очеркҳо. – Душанбе: Ирфон, 1965. – 159 с.
- Акобиров, Ю. Паёми Данғара [Матн]. – Душанбе: Ирфон, 1990. – 288 с.
- Акобиров, Ю. Норак [Матн]: Роман. – Душанбе: Ирфон, 1979. – 384 с.
- Акобиров, Ю. Земля отцов [Текст]: Зрелость. – Москва: Худож.лит, 1980. – 381 с.
- Акобиров, Ю. Долина влюбленных [Текст]. – Москва: Советский писатель, 1983. – 215 с.
Дар бораи эҷодиёт ва ҳаёти адиби маъруф:
- Сўгворӣ ба нависандаи маъруфи тоҷик, барандаи ҷоизаи адабии давлатии ба номи Рўдакӣ Юсуф Акобиров [Матн] // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 20 сентябр
- Акобиров, Ю. Танҳо орзў кам аст! [Матн]: Адиби номи Ю.Акобиров меҳмони «Зангула» // Комсомоли Тоҷикистон. – 1983. – 2 феврал.
- Бақозода, Ҷ. Ҳиссиёти олӣ ё сохта [Матн]: Камбудиҳои асарҳои Ю.Акобиров // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 19 феврал.
- Шоев, Э. Калимаҳои русӣ ва советию интернационалӣ дар романи «Норак» - и Ю. Акобиров [Матн] // Комсомоли Тоҷикистон. – 1982. – 10 январ.
- Партаев, А. Вассофи корнамоиҳо [Матн]: Лаурети мукофоти давлатии республика нависанда Ю. Акобиров // Газетаи муаллимон. – 1981. – 13 январ.
- Бақозода, Ҷ. Корнамоӣ Норак [Матн]: Асари ба мукофоти ба номи Рўдакӣ пешниҳодшудаи Ю. Акобиров «Норак» // Тоҷикистони совети. – 1980. – 16 сентябр.
- Пелман, Л. Норак – Роғун давоми ҷустуҷў [Матн]: Дар бораи асарҳои Ю. Акобиров // Маъориф ва Маданият. – 1980. – 31 июл.
- Акобиров, Ю. Норак [Матн]: Роман. – Душанбе: Ирфон, 1979. – 384 с.
Тақриз: Солеҳов, С. Солномаи бадеии Норак [Матн] // Маъориф ва маданият. – 1980. – 7 июл.
- Акобиров, Ю. Норак [Матн]: Роман. – Душанбе: Ирфон, 1979. – 384 с.
Тақриз: Ҳодизода, Р. Норак ва норакиён [Матн]: Тоҷикистони совети. – 1980. – 20 январ.
- Акобиров, Ю. Замини падарон [Матн]: Роман. – Душанбе: Ирфон, 1976. – 393 с.
Тақриз: Абдуқодиров, А. Руҳи замон ва дили қаҳрамон [Матн] // Ҳақиқати Ленинобод. – 1977. – 1 апрел.
- Табаров, С. Ба суйӣ камолот [Матн]: Дар бораи «Замини падарон» - и Ю. Акобиров // Тоҷикистони совети. – 1976. – 7 июл.
- Акобиров, Ю. Осмони соф [Матн]: Повест. – Душанбе: Ирфон, 1971. – 206 с.
Тақриз: Шодиқулов, Ҳ. Арзи андеша [Матн] // Маъориф ва маданият. – 1972.
- Акобиров, Ю. Мухтасар дар бораи ҳаёт ва эҷодиёт [Матн] // Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 1966. – С.31-32.
- Марков, Г. Сарсухан. Мухтасар дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти нависандаи ҷавон Ю. Акобиров [Матн] // Акобиров Ю. Духтаре, ки ҷустуҷўяш мекунам «Мунира». – Душанбе, 1966. – С.3-4.
Зафари Гулмурод
Муовини сардори
шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ