Дар осори Радий Фиш ду асар аз гузаштагони мо ёдовар мешавад: муаллифи романе дар бораи Мавлоно Мавлавии Балхӣ ва китобе дар бораи устод Садриддин Айнист.
Фиш Радий Геннадиевич 28-уми октябри соли 1924 дар шаҳри Ленинград ба дунё омада, 6-уми сентябри соли 2000 дар шаҳри Маскав аз олам даргузаштааст.
Нависанда ва адабиётшиноси рус. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
Соли 1949 Донишкадаи шарқшиносии Москваро хатм кардааст. Асарҳояш аз соли 1948 ин ҷониб чоп мешаванд.
Алиаскар Ҷонфидо соли 1926 дар Эрон дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст. Аз ҷумлаи ҳаводорони ҳизби коммунистмаоби “Тӯда” буд ва барои ширкаташ дар муборизаҳои озодихоҳӣ зери таъқибу фишор қарор гирифт ва ногузир шуд қатори садҳ тан аз фаъолони ин ҳизб ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳиҷрат кунад. Ҳамин тавр сарнавишт ӯро ба Тоҷикистон овард. Тоҷикистонро ватани дуюми худ интихоб намуд ва ба фаъолиятҳои гуфтардаи илмӣ пардохт.
Шоири шӯравии тоҷик Ҳамдӣ Аҳмадҷон - махдуми Абўсаидзода соли 1875 дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфтааст. Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Ҳамдӣ дар давраи аморати Бухоро ва айёми шӯравӣ ҷараён гирифтааст.
Ҳамдӣ дар давраи аввали фаъолияти ҷамъиятии худ ҳамчун маорифпарвар илму донишро тарғиб намуда, нашри китобҳо ва мактаби усули навро
Оҳангсоз, шоир, Арбоби намоёни сиёсӣ-ҷамъиятии замони шўравӣ, устод Зиёдулло Шаҳидӣ (1914-1985) зодаи шаҳри Самарқанд буда, аввалин бастакори тоҷик, хатмкардаи мактаби компазитории консерваторияи Москва мебошад. Бо эҷоди баландмазмунаш мусиқии миллиро бо мусиқии ҷаҳони пайвастааст.
Зиёдулло Шаҳидӣ ба ҳайси роҳбари бадеии Филармонияи давлатӣ, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, котиби масъули Иттифоқи композиторони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, Депутати Шўрои олии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Достонҳои симфонии «Бузрук», «Симфонияи мақом» ва
Филм дар китобхона. Бовар мекунед? Мехоҳед филм тамошо кунед? Мо ҳоло ин гуна имкон дорем ва бойгониамон ҳам ғанист. Муҳим он аст, ки вақте ба Китобхонаи миллӣ омадед, лутфан ба Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, воқеъ дар ошёнаи чоруми бино муроҷиат кунед. Ва дигар мушкиле нест.
Бойгонии электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон зарфи як ҳафтаи охир бо 10 ҳазору 349 китоби электронии шаш донишгоҳ ва як нашриёти кишвар ғанӣ шуд. Ин китобҳо тибқи номаи Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода ба Вазири маориф ва ниҳодҳои интишоротии кишвар ворид шуданд.
Аз ҷумла, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон