Шоири шӯравии тоҷик Ҳамдӣ Аҳмадҷон - махдуми Абўсаидзода соли 1875 дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфтааст. Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Ҳамдӣ дар давраи аморати Бухоро ва айёми шӯравӣ ҷараён гирифтааст.
Ҳамдӣ дар давраи аввали фаъолияти ҷамъиятии худ ҳамчун маорифпарвар илму донишро тарғиб намуда, нашри китобҳо ва мактаби усули навро ҳимоя кардааст. Баъдтар дар тайёр кардани Инқилоби Халқии Бухоро соли 1920 саҳми калон гузоштааст.
Соли 1917, баъди воқеаи ҷадидкушӣ ба фирор маҷбур шуда, ба Тошкент рафтааст ва дар рўзномаи “Қутулгуш” (“Наҷот”) , ки соли 1920 муҳоҷирони бухороӣ дар он ҷо таъсис карда буданд, шеърҳои инқилобӣ ба табъ расондааст. Ҳамдӣ чи дар рўзҳои инқилоб ва чи баъди он бар зидди душманони хориҷию дохилӣ фаъолона мубориза бурдааст.
Баъди пирӯзии Инқилоби Халқии Бухоро чанд гоҳ нозири таъминоти моддӣ, сипас вакили Ҷумҳурии Халқии Бухоро дар Москва будааст. То соли 1925 дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор карда, баъд ба нафақа баромада, ба таълифу таҳрир машғул гардидааст. Соли 1935 аз Тошкент ба Душанбе омада, мушовири адибони ҷавон таъин шудааст.
Аз эҷодиёти пешазинқилобии Ҳамдӣ, ба ҷуз ду- се ғазал, як қитъа ва як мусаддас чизи дигаре ба даст наомадааст. Ҳамдӣ ба адабиёти шӯравии тоҷик ҳамчун шоири баркамол ворид шуда, дар эҷодиёташ муҳимтарин мавзўъҳои хаёти нимаи дуюми с олҳои 20 ва нимаи аввали солҳои 30- ро фаро гирифтааст. Ў муаллифи ашъори инқилобӣ ва иҷтимоӣ, осори ишқӣ, шеърҳои бачагона ( “Сангину Парвин”,”Лола ба хола”) ва як достони ҳаҷвӣ мебошад.
Шеърҳои инқилобии Ҳамдӣ бештар хусусияти тарғиботӣ доранд. Шоир кўшидааст, ки ба нерўи каломи бадеъ моҳияти инқилоб ва рўйдодҳои замонро ба халқ фаҳмонад ва оммаро ба зиндагии нав тайёр намояд. Дар байни мероси адабии Ҳамдӣ достони ҳаҷвии “Каримбой дар хонаи худо” мақоми махсус дорад. Шоир зимни латифаи марғубе ҷоҳилию мунофиқӣ ва ҳирси беандозаи имоми деҳаро дар як шакли хандаовар, вале боварибахш фош намудааст. Хонанда, зоҳиран ба соддалавҳии Каримбой хандад ҳам, дар дилаш нисбат ба ин шахси саргаштаю сарсон, ки аз муллою бой ва ба қавли худаш “аз худо” низ ҷабр дидааст, ҳисси ҳамдардию шафқат варзида, ба имоми фиребгар сахт нафрат мекунад.
Ҳамдӣ шоири навовар аст. Дар шеърҳои тоинқилобиаш образҳои тоза, таъбиру мафҳумҳои нав ҳатто калимаҳои русиро истифода бурдааст (ғазалҳои “Эй меҳрлиқои моҳпайкар”,” Рўи чаманат хандазани Пориҷу Маскав” ва ғайра). Моҳияти навоварии Ҳамдӣ дар шеър танҳо дар эҷодиёти баъдиреволютсионии ў пурра зоҳир буд. Эҷодиёти Ҳамдӣ аз ҷиҳати забон низ дигаргунии куллиро аз сар гузаронидааст. Ў дар содда ва демократӣ гардондани забони тоҷикӣ кўшиши ҷиддӣ кардааст.
Ҳамдӣ ба тарҷумонӣ низ машғул шудааст. Тарҷумаи “Мушаки нодон”- и С. Маршак (1935), “ Қиссаи моҳигир ва моҳии тилло” - и А. С. Пушкин (1937) ва ғайра ба қалами ў тааллуқ дорад.
Аз соли 1935 узви ИН СССР буд.
Ў соли 1946 дар Бухоро даргузашт.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи советии тоҷик”. – Душанбе. – 1988. – Ҷ. 8.- С. 361-362.
Муаллиф: Ҷ.Азизқулов
Аз Аҳмадҷони Ҳамдӣ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ бихонед:
Дар бораи адиб
Таҳияи Парвина Қаюмова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.