Аз доктори илмҳои техникӣ Абдулазиз Ҳоҷибоев чӣ метавон хонд?
Нашр шуд 2018-11-12 20:47
Абдулазиз Ҳоҷибоев аз ҷумлаи олимони шинохтаи соҳаи технологияи лоиҳакашӣ буда, аз соли 1974, ки факултаи сохтмони ИДТ-ро хатм кард, дар ҳамин соҳа фаъолият мебарад.
Ҳоҷибоев Абдулазиз 7 ноябри соли 1953 дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дунё омадааст. Соли 1974 факултаи сохтмони ИДТ – ро (ҳоло ДТТ ба номи М. Осимӣ) ба поин оварда, дар ҳамин ҷо чун ассистент фаъолияташро шурўъ намудааст.
Солҳои 1976-1979 аспиранти Институти илмӣ – технологии лоиҳакашии биноҳои истиқоматию ҷамъиятии шаҳри Киев 1979-1982 ассистент ва муаллими калони кафедраи механикаи сохтмонӣ ва иншооти сейсмикӣ, солҳои 1982-2007 муаллими калон, дотсент, муовини декан ва мудири кафедраи конструксияи сохтмон, таъминоти гармии газ ва ҳавотозакунии филиали ИПТ дар шаҳри Хуҷанд, 2007-2009 сарходими илмӣ ва мудири лабараторияи назарияи сейсмикии Пажўҳишгоҳи сохтмони сейсмикии Пажўҳишгоҳи сохтмони сейсмикӣ ва сейсмологияи АИ Тоҷикистон, солҳои 2010-2016 мудири кафедраи сохтмони саноатӣ ва граждании ҳамин донишгоҳ будааст.
Бобати ҳисоби эҳтимолиятии биноҳо дар хокҳои фурўравандаи ногаҳон намгирифта, ҳалли масоили механикаи сохтмонӣ бо дарназардошти эзотропия, ғайриякҷинсагӣ ва таркишнокии мавод бар асоси ривоҷ додани методҳои муодилаҳои канорӣ, дигар масоили механикаи сохтмон ва иншооти ба зилзила тобовар таҳқиқот бурда, дар нашрияҳои соҳавии ватанию хориҷӣ зиёда аз сад таълифот чоп намудааст.
Бозчоп аз Арбобони илми тоҷик (Асри XX – XXI). Энсклопедия. – Душанбе, 2018.
Ин навиштаҳо аз Абдулазиз Ҳоҷибоев дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфтанд:
Вероятностный расчет зданий на случайно увлажниемых просадочных грунтах. – Москва,1981.
Обследование и усилениезданий с учетом сейсмического риска Методическое пособие. – Душанбе, 2011.
Решение задач строительной механики с учетом анизотропии, неоднородности и трещинообразования на основе развития метода граничных уравнений. Дисс. доктора техн. Наук. – Москва, 2013.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова
корманди шуъбаи библографияи миллӣ