Ба фонди Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон Барномаҳои таълимии соҳаи китобдорӣ барои донишҷўёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ оид ба тахассуси 05.27.00 «Китобдор, библиограф – омўзгор» ворид гардид, ки чунин бобҳоро дар бар мегирад:
«Муқаддимаи ихтисос», «Асосҳои кори илмӣ-таҳқиқотӣ», «Аснодшиносӣ», «Библиографияшиносӣ», «Феҳристҳои китобхона», «Педагогикаи китобдорӣ», «Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо».
Китоб барои донишҷўёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ оид ба тахассуси 05.27.00 таҳия гардидааст. Мураттиби китоб Б. Холов;
Нақш ва мақоми китоб баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрўза ҳамчун сарчашмаи таҳаввулоти маънавию фарҳангӣ ҳамвора боло меравад. Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём аҷр мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд, барояш китоб бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омўзгори беминнат мешуморанд, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурўғи субҳи доноӣ» медонистанд.
Ҳар гоҳе, ки шахс ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ворид мегардад, гўё ба дунёи зебою рангин ва сеҳрангези он ворид мешавад, ба он
Зикр бамаврид аст, ки феҳристи «Илм дар Тоҷикистон» бо ҷумлаи камбудиҳои аз нигоҳи низоми библиографиянамоии дастурҳои библиографӣ боиси таҳсин буда, ягона сарчашмаи библиографияи илмӣ-ёрирасон барои дарёфти маводи чопии кишвар ба шумор меравад. Ҷои афсус аст, ки библиографони ватанӣ барои нашри дастурҳои библиографӣ аз сабаби набудани сарпарастон танқисӣ мекашанд. Бинобар ҳамин сабаб феҳристи мазкур бо теъдоди кам чоп шудааст, ки ин теъдод ҳато барои таъмин намудани китобхонаҳои унверсалӣ, оммавӣ, илмӣ, махсуси илмӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таълимии олӣ басанда нест.
Истиқлолияти давлатӣ барои рушду нумуи тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа