Тирамоҳ фаслест, ки табиат рӯ ба сардӣ меорад ва тағйири боду ҳаво боис мешавад, ки дарахтон ва умуман табиат ранг дигар кунад. Сабзиву хуррамии пешина аз миён меравад ва табиат ҳам қабои зарри ба ба бар мекнуад. Ва дар ҳамин мавсим дар олами парандагон низ таҳаввулоте рух медиҳад. Парандаҳои гармидӯст муддате кишвари моро тарк мекунанд ва мераванд то ба Ҳинду Покистону ҳатто қораи Африқо. То баҳорони дигар мо онҳоро намебинем.
Ба вуҷуд омадани баҳре дар майдони 70 километр, саҳнаест барои варзишҳои шиноварӣ, заврақронӣ ва амсоли он, инчунин имкониятест барои тавсеаи моҳипарварӣ, ташкили санаторияву истироҳатгоҳҳои соҳилӣ дар ҳавои тоза, ки дар як тараф кӯҳҳои сарсабз истодаанду дар дигар тараф баҳре бо оби ширину мусаффо. Илова бар он, баландии садди (плотинаи) “Роғун” 335 метр буда, он дар навъи худ (дар миёни неругоҳҳои