Драматургияи Сотим Улуғзода

 Устоди шодравон Сотим Улуғдода аз ҷумлаи маъруфтарин адибони кишвар мебошад, ки бо повесту роман, ҳикояву асарҳои саҳнавии худ шуҳрат ёфтааст. Адиби нуктасанҷу донишманд омӯзиши таърих ва гузаштаи пурифтихори миллатро ба як бахши муҳими эҷодиёти худ қарор дода буд. Ин асарҳо имрӯз бидуни шак ганҷинаи прубаҳои адабиёти муосиранд ва вуҷудашон ин сарватро ғанитар кардааст.

 «Аҳмади Дониш», «Фирдавсӣ», «Восеъ», «Ривояти суғдӣ», «Пири ҳакимони Машриқзамин», «Субҳи ҷавонии мо», «Ёрони боҳиммат” барин қиссаву роману рисолаҳо», «Рӯдакӣ», «Қисмати шоир», «Ибни Сино», «Темурмалик», «Алломаи Адҳам ва дигарон”, «Восеъ» барин драма ва кинодрамаҳои хотирнишинро танҳо адибе офарида метавонад, ки аз фоҷиа ва қаҳрамонҳои миллати худ ба хубӣ огоҳӣ дорад. Песаҳое, ки С. Улуғзода дар мавзӯъҳо таърихӣ ва таърихии тарҷумаҳолӣ таълиф намудааст, ганҷинаи осори бадеиро дар бораи шахсиятҳои эҷодкори гузашта, тадқиқи рӯзгор ва кирдору рафтори ибратомӯзи онҳо ба маротиб бой гардониданд. Дар онҳо проблемаҳои муҳими ҳаёти пешин бо тақозои дарду дарсҳои имрӯзӣ кушода шуда, ба кори худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мусоидат намуданд. Песаҳои Сотим Улуғзода дар мавзӯҳои таърихӣ ва таърихии тарҷумаҳолӣ ба таҳлили амиқи масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ, шаклиҳои гуногуни тасвири писихологӣ низ дар драматургияи тоҷик мақом ва мавқеи ба худ хос доранд.

  Асарҳое, ки С. Улуғзода дар мавзӯҳои таърихӣ ва таърихии тарҷумаҳолӣ офаридааст, тасаввуроти бинанда ва хонандаро дар бораи замони гузашта ва шахсиятҳои барҷастаи ин таърих ғанитар намуда ба дарку фаҳмиши дурусти таърих раҳнамоӣ кардаанд. Ба воситаи аксари онҳо тадқиқи амиқи олами маънавии ашхоси бузурги таърихӣ ба таври ибратбахш сурат гирифт. Тадқиқи бадеии таърих ба беҳтар шинохтан ва дарк кардани ҳаёти имрӯза, андешаи роҳҳои пешрафт ва пешбурди маънавиёту фарҳанг кӯмак кардааст.

  Дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар худи песаҳои устод ба забонҳои тоҷикӣ «Ривояти суғдӣ», «Темурмалик», «Восеъ», «Гавҳари шабчароғ», «Сарбозони халқ», «Ҷавонии Абӯалӣ Сино», «Алломаи Адҳам ва дигарон», «Муборизон», «Набера», «Одами милтиқдор», «Соати бурҷи Кремл», «Хизматгори ду хоҷа», «Як пула савдо сад пула ғавғо», «Егор Буличев ва дигарон», «Рўдакӣ», «Авҷи мақом», «Лучистый жемчуг», «Ученый Адхам и другие». «Воины народа» ва ҳамчунин филми “Қисмати шоир нигоҳ дошта мешавад, ки хонандагони азиз метавонанд аз онҳо истифода баранд.

Адабиётҳои истифодашуда:

Чориев, А. Драматургияи Сотим Улуғзода. / Муҳар.: П. Гулмуродзода. – Душанбе: Эҷод, 2007. – 102 с.

Энсиклопедияи адабиёт ва санъат и тоҷик [Матн]: ҷилди  3. – Душанбе,  2004. – С. 243-245

Таҳияи Оинамо Имомоназарова,

мутахассиси шуъбаи адабиёт

доир ба фарҳанг ва ҳунар.