Шашҷилдаи нотаҳои «Шашмақом» ба Китобхонаи миллӣ расид
Шаш ҷилд Нотаи “Шашмақом” ба тозагӣ ба Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ ворид шуд. Ин китобҳо сар аз соли 2017 нашр мешуданд ва ҳоло дар шакли комил ба китобхона туҳфа шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд аз онҳо истифода кунанд. Муаллиф ва муратиб Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов буда, бо саҳмгузории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор ёфтааст.
«Шашмақом» дурдонаи фарҳанги мусиқии классики халқи тоҷик,намунаи баландтарини тафаккури мусиқии миллӣ мебошад. Аз ин рў мантиқан хеле дуруст аст,ки дар сиёсати фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол «Шашмақом» аз рўзи аввал мақоми асосиро ишғол намуд. Соли 20000-ум бо фармони Президенти Тоҷикистон иди махсуси ин саъати воло – Рўзи «Шашмақом» (12 май) таъсис гардид.
«Шашмақом», маҷмўи мукаммали оҳангу таронаҳои силсилавии шифоҳии мусиқии ҳирфаии халқи тоҷик, ки дар низоми ягонаи шаклбандӣ ва зарбу лаҳн мураттаб гардидаанд. Шашмақом мероси мусиқии мардуми тоҷик буда, аз мақомҳои «Бузург», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ», «Ироқ» иборат мебошад.Дар асрҳои миёна маҷмўи мусиқии классики тоҷик «Дувоздаҳмақом» маъмул гардида буд ва Шашмақом идомаи таърихи бадеии ҳамин анъанаи ҳунарӣ ба ҳисоб меравад. Санъати мусиқии ҳирфаӣ, ки мақомхонӣ аз ҷумлаи онҳост, шурўъ аз давраи ҳукмронии Сосониён (асрҳои 3-7) хеле рушд ёфта буд. Шоҳони Сосониён Баҳроми Гўр ва хусусан Хусрави Парвиз (590-628) ба санъати ромишгарӣ аҳаммияти махсус дода, эътибор ва мартабаи соҳибони ин касби нозукро ба зинаи баланд бардоштанд. Дар ин давра як зумра сарояндагону донандагони ҳирфаии созу овоз чун Борбади Марказӣ (588-628), Саркаш (568-625), Озодвори Чангӣ (592-649) Ромтини Чангӣ (557-620) аз вуҷуди худ хабар доданд. Дар ибтидои асри V ҳашт дасгоҳ ё ҳашт воҳиди асосии созандагӣ дар мусиқии касбии он замон ба вуҷуд омад Яке аз авввалин мусиқишиносони Шарқ Абюсуф Ибни Исҳоқ ( 800-870) дар «Рисола фӣ –мусиқӣ» номи чанде аз онҳо –«Насим», «Асброс», «Меҳрҷонӣ», «Сандон» ва ғайраро овардааст
Мусиқишиносони қадим мақомҳои мартбути силсилаи «Дувоздамақом»-ро ҳамчун намунаи олии мусиқии ҳирфаӣ шаҳр додаанд. Анъанаи касбии «Дувоздаҳмақом» дар заминаи навъҳои гуногуни мусиқии тоҷиқӣ «Савт», «Тана», «Нақш», «Кор», Тасниф», «Талқин», «Фарш» ва ғайра, ки то имрўз чун шаклҳои алоҳида дар Бухорову,Қаротегин ,Ҳисору Хуҷанд,Панҷакенту Истаравшан ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон давом дорад, дар асрҳои ХVIII-ХIХ ҳамчун шакли мустақили асари мусиқӣ дар пойтахти тоҷикон –Бухоро мукаммал гардида, буданд чун Шашмақому Бухоро машҳур шуданд. Робитаи Шашмақому Дувоздаҳмақом-ро аз руйи далелҳои зерин муайян кардан мумкин аст .
1. Мақомҳои «Рост», «Наво», “Бузург», «Ироқ» - и Шашмақом дар силсилаи «Дувоздаҳмақом»низ чун мақоми алоҳида маъмул буданд.
2. Мақомҳои «Шашмақом» ҳам айни мисли мақомҳои “Дувоздаҳмаком” ду шуъбаро дар бар гирифта, номи онҳо – «Баёт», «Узол», «Сабо», «Наврўз», «Чоргоҳ» дар «Дувоздаҳмақом» низ чун шуъба ёд шудааст. Мақомҳои «Дугоҳ»-у «Сегоҳ» дар ҷараёни инкишофу такмил аз шуъба ба мақоми алоҳида табдил ёфтааст. Масалан «Сегоҳ»дар силсилаи «Дувоздахмақом» шуъбаи мақоми «Ҳиҷоз» буду дар шашмақом ба мақом мубаддал гашт. «Ушшоқ»- мақоми мустақили силсилаи «Дувоздаҳмақом» дар силсилаи Шашмақом ба шуъбаи мақоми «Рост» табдил ёфтааст. Илова бар ин «Ушшоқ»-ҳои алоҳида, ки то имрўз дар мусиқии классикии тоҷикӣ машҳуранд, ба мисли «Ушшоқи Самарқанд», «Ушшоқи Содирхон», «Ушшоки Дарвоз» ва ғайра далели онан, ки «Ушшоқ» -хонӣ ё «Савт хонӣ», «Авҷ» - хонӣ, «Талқин»-хонӣ идомаи ҳамон анъанаҳои қадими «Дувоздаҳмақом» мебошад. Марҳалаи асосии ташаккули санъати мақомоти аз давраҳои нахустини рушду такомули шеъри классики тоҷикӣ – форсӣ оғоз ёфта,навҳои гуногуни шеърӣ-ғазал, қасида, дубайтӣ, тарҷеъбанд, таркиббанд,мухаммас ва ғайра истифода шудаанд. Дар қисми «Наср» - «Шашмақом» зиёда аз 50 «Тарона» иҷро шудааст.
Дар Тоҷикистон ба тарғибу такомули Шашмақом аҳаммияти махсус дода мешавад. Соли 1979 дар Донишкадаи давлатии саъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода кафедраи мусиқии халқҳои Шарқ таъсис ёфт, ки як бахши он таълими Шашмақом мебошад.
Саодат Набиева,
сармутахассиси шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.